Главная / Илм / ЗУФОБи

ЗУФОБи

zufobiЗУФОБи (Alisma plantago-aquatica), зуфи оби, як навъ гиёхест худруи бисёрсола. Бехи лундамонанди гафс, пояи рости (10 – 70 см кад мекашад) кисми болояш сершох дорад. Баргаш думчадарози нугтез, байзашакли пахн, калон, кисми ба думчабарг пайвасташ дилшакл. Хушагулаш калони чорубак, гулаш майда (кутраш кариб 1 см), сафед ё гулобитоб; зуд мерезад. Тухмаш дарозруя. Моххои май – авг. гулу мева мекунад. З. одатан дар сохили кулу дарё, чую обанбор, шибарзамин ва шолизор меруяд.
З. гиёхи доруии кадимист. Ба акидаи Чолинус чушоби он санги гурдаро майда мекунад. Абуали Сино З.-ро барои табобати реши руда, боди фатак (чурра) ва дарди махбал тавсия додааст; барги бехи З. хосияти пешоброни дорад. Табибони халки бо бехи хушку судаи З. захми меъдаву руда, бавосир ва обхураро табобат мекарданд. Дар тибби халкии точики барги З.-ро барои муоличаи иллати меъдаву руда истифода мебаранд. Табибони кадим бо чушоби решаи З. одамони саги девона газидаро табобат мекарданд. З. гиёхи захрнок аст, хусусан шираи он хавфнок мебошад. Бинобар ин хангоми истеъмоли давохои он бояд эхтиёт шуд. Дар мавриди хушкондан захрнокии шираи З. аз байн меравад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …