Главная / Илм / ЗОИРОВ Подабон Тошматович

ЗОИРОВ Подабон Тошматович

zoirov-podabon-toshmatovichЗОИРОВ Подабон Тошматович (тав. 9. 5. 1942, ш. Кулоб), духтури дерматовенеролог, доктори илми тиб (1982), проф. (1985), узви вобастаи АИ ЧТ (1997), дорандаи Чоизаи байналмилалии ЭКО дар сохаи илм ва техника (2000), Аълочии тандурустии ИЧШС (1984). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1965) ва факултаи забонхои хоричии Донишкадаи давлатии омузгории Душанбе ба номи С.Айни (1978). Ординатори клиники (1965 – 67), аспирант (1967–70), ассистент (1970– 83), мудири кафедраи беморихои пуст (аз с. 1983), ноиби ректор оид ба илм ва фаъолияти интишоротии ДДТТ (1996–2005). Раиси Ассотсиатсияи пизишкони беморихои зухрави «Зухра» (аз с. 1994). Оид ба масъалахои умдаи беморихои пуст ва зухрави беш аз 300 асару маколаи илми ба табъ расонидааст. Хамчун мудири кафедра ба тарбияи мутахассисони чавон эътибори чидди медихад. Дар кафедра зери рохбарии З. масоили пахншави ва чараёни аллергодерматозхо, экзема, псориаз барин беморихо мавриди тахкику омузиш карор доранд. Мукаррар карда шуд, ки аллергодерматозхо дар баландкуххои чумхури нисбат ба хамворихо камтар дучор меоянд. Хамчунин зимни тадкикот ошкор гашт, ки дар беморони сокини баландкуххо хассосият хусусан ба пашми кутосу гусфанд, дар сокинони миёнакуххо ба тамоку, тут, чормагз, дар одамони сокини хамворихо ба пахта, чинор, чормагз, тамоку, тут зиёд мебошад. Самти дигари тадкикоти З. ва кормандони кафедра омузиши хосиятхои давобахши чашмахои минералии чумхури аст. Онхо аввалин шуда таъсири обхои шифобахшро хангоми муоличаи дерматозхои музмини авчгиранда дар кудакону наврасон мавриди тахкик карор доданд. Сахми З. дар омузиши пайдоиш, чараён ва табобати беморихои чимои (зухрави) низ арзанда аст. Бори аввал усули лимфатропии тазрики давочот хини муоличаи сифилис пешниход гашт, ки натичаи дилхох медихад. Тахти рохбарии у 30 наф. рисолаи номзади ва 7 наф. рисолаи доктори дифоъ кардааст.
Ос.: Сифилис, Д., 1998; Пыльцевая аллергия у детей, Д., 1998; Беморихои пуст (китоби дарси), Д., 1999; Лугати мухтасари беморихои пуст: точики-руси-лотини-англиси, Д., 2000; Синдромы и симптомы в дермато-венерологии, Д., 2002; Болезни кожи, Д., 2002; Целебные и минеральные источники Таджикистана и болезни кожи, Д., 2003; Руководство по планированию, организации и координации научно-иследовательских работ, Д., 2004; Программы кандидатских минимумов по медицине, Д., 2005; Венерические болезни, Д., 2005; Пигментная ксеродерма, Д., 2006; Частная дерматология и венерология, Д., 2007

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …