Главная / Илм / ЗОИКА

ЗОИКА

zoikaЗОИКА (Gustus), чашои, маза, таъм, яке аз хиссхои панчгона. Таъм чахор навъ мешавад: турш, шур, ширин ва талх. Хама гуна таъмхои дигар дар натичаи омезиши ин чахор маза пайдо мешаванд. Таъм дар кисмхои гуногуни забон эхсос мегардад, мас., нуги забон – таъми ширин, нуг ва канорхои он – таъми шур, канорхо – таъми турш, бехи забон – таъми талх. Эхсоси таъм дар натичаи аксуламалхои махсуси химияви, ки бинобар таъсири мутакобили моддахои мазкур бо ретсепторхои З. ба вучуд меоянд, пайдо мешавад. Тахмин мекунанд, ки хар як ретсептор сафедахои нихоят хассос дорад ва онхо хангоми таъсири таъмхои гуногун сохтори худро тагйир медиханд. Ангезиш аз ретсепторхои З. ба силсилаи асаби маркази тавассути торхои асабхои забону балъум ва табли интикол меёбад; онхо аз ретсепторхои гуногуни забон манша гирифта, ба магзи дарозруя мераванд, сипас аз ташкилаи турмонанд ва таламус гузашта, ба кишри нимкурахои калон мепайванданд. Мачмуи ретсепторхои З., роххои интиколи ангезиш ва унсурхои кишрии хисси таъм анализатори З.-ро ба вучуд меорад. З. вобаста ба синну сол ё дар мавриди баъзе беморихо тагйир меёбад.
З. бинобар осеби ретсепторхои марбута, рохи интикол ё маркази асабхое, ки фаъолияти онро идора мекунанд, халалдор мешавад. Ночурихои мазкур бинобар бо халолати гафс пушида шудан ё захму илтихоб пайдо кардани забон, зарар дидани асабхои забону балъум, сетора, гумрох ва руй, омоси майна, осеби косахонаи сар, бемории шуоъи падид меоянд. Ба носомонихои З. хисси барзиёд (гипергевзия) ё баръакс, сусти таъм (гипогевзия) ва ё тамоман эхсос накардани он (агевзия) мансубанд. Хангоми дисгевзия (тахрифи маза) беморон ба истеъмоли охак ва гил барин моддахо, ки барои одамони солим нафратовар аст, хохиш пайдо мекунанд. Дар мавриди парагевзия эхсоси карахт шудану сих задани забон пайдо мешавад, ки ба ангезахои беруни вобастаги надоранд; онхо мумкин аст бинобар худталкин низ ба вучуд оянд. Таваххумоти зоикави дар беморони рухи ва хангоми осеби (ё ангезиши) маркази зоикавии хиссаи чакагии магзи сар мушохида мешавад. Тадкики анализаторхои зоикави ва ихтилоли З. ахамияти ташхиси дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …