Главная / Илм / ЗОДАН

ЗОДАН

zodanЗОДАН (Partus), зоиш, валодат, таваллуд, амали мураккаби физиологиест, ки дар мавриди он давраи хомилаги анчом пазируфта, тифл ба дунё меояд. Дар шароити физиологи З. баъди 10 мохи момоии хомилаги (9 мохи таквими, 280 руз ё 40 хафта) фаро мерасад. Дар ин давра тифл пурра ташаккул ёфта, ба зиндагии берун аз батни модар омода мешавад.
Оид ба наздик омадани З. метавон аз руи баъзе аломатхо, ки онхоро пешхабар меноманд, хулоса баровард. Мас., овезон шудани шикам (2 – 3 хафта пеш аз таваллуд ба мушохида мерасад); кам шудани вазни бадан (1 – 2 кг; 2 – 3 руз пеш аз З.); суст гаштани харакатхои кудак ва г. Яке аз нишонахои мухиме, ки аз наздик омадани З. дарак медихад, номунтазам кашиш хурдани бачадон ва таровидани луоб аз махбал аст. Бисёр вакт кашишхурии дарднок, вале номунтазами бачадон (захдон)-ро дар ин давра сахван огози З. мепиндоранд. З. бо кашиши бонизоми мушакхои бачадон, ки дардгири ном дорад, огоз меёбад.
З. аз се давра иборат аст: давраи I – боз шудани гарданаи бачадон (дар занхои нахустзо 10 – 11, дар занхои фарзанддор 6 – 7 соат идома мекунад); давраи II – бачарони (дар занхои нахустзо 1 – 2 соат, дар занхои фарзанддор аз 30 дак. то 1 соат давом менамояд); давраи III – афтодани хамрохак (такр. 20 – 30 дак. идома меёбад). Давомоти З. дар занхои нахустзо бисёр вакт 10 – 12, дар занхои фарзанддор 7 – 8 соат аст.
Давраи боз шудани гарданаи бачадон аз дардгири то пурра кушода шудани дахонаи захдонро дарбар мегирад. Дар огоз дард баъди хар 10 – 15 дак. такрор мешавад; минбаъд он пай дар пай хуруч карда, шиддат меёбад. Бинобар кашиш ёфтани мушаки бачадон гарданаи он хамвор ва боз мешавад. Бештар мушакхои танаи бачадон кашиш мехуранд. Барои боз шудани гарданаи захдон чанинхалта низ мусоидат менамояд: дар вакти хуручи дард фишори дохили бачадон меафзояд, чанинхалта таранг шуда, оби чанин поён тазйик меорад, кисми зерии чанинхалта ба дахонаи дарунии гарданаи бачадон ворид мегардад. Дар занхои нахустзо аввал дахонаи дарунии бачадон боз мешавад, сипас гарданаи бачадон хамвор гашта, дахонаи беруни кушода мешавад. Дар занхои фарзанддор дахонаи беруни хануз дар давраи охири хомилаги нимбоз аст; дар вакти З. раванди бозшавии дахонаи даруни ва беруни, инчунин хамвор гаштани гарданаи бачадон якбора сурат мегирад.
Дарачаи боз шудани гарданаи бачадон бо сантиметр муайян карда мешавад (бо ангушт чен мекунанд). Мас., агар ба гарданаи бачадон (аз махбал) ангуштони 1 – 2 – 3 – 4 ворид шаванд, пас маълум мегардад, ки он такрибан 2 – 4 – 6 – 8 см кушода аст. Зимни пурра боз гаштани гарданаи бачадон дахонаи он 10 – 12 см фарох мешавад.
Давраи рондашавии кудак баъди комилан боз шудани гарданаи бачадон огоз ёфта, бо берун омадани кудак аз чавфи бачадон ба итмом мерасад. Кудак аз бачадон дар натичаи чордард, яъне ба таври муназзам кашиш хурдани мушакхои захдон ва диафрагмаю мушакхои шикам хорич карда мешавад. Мушакхои шикам ба таври рефлекси кашиш мехуранд. Хангоми чордард зан нафас намекашад, диафрагма дар як сатх нигох дошта мешавад; мушакхои каъри кос низ ба таври рефлекси кашиш мехуранд. Дар натичаи ба каъри кос тазйик овардани сари кудак чордард якбора шиддат ва баъди хар 2 – 3 дак. такрор меёбад. Сари кудак хангоми чордард аз рохи аъзои таносул намоён мешавад. Руи кудак чониби поён аст. Баъди такрор ёфтани чордард ва берун омадани сар китфони кудак баробари аз коси хурд гузаштан, тоб мехуранд ва дар натича руи тифл чониби рони рости модар мегардад. Китфи рост пештар харакат карда, дар банди зихор (симфиз) каме таваккуф мекунад, сипас китфи чап пеш меояд. Баъди берун шудани китфхо тана ва андомхои поёни кудак бе душвори хорич мешаванд. Кудак аввалин маротиба нафас гирифта, гиря мекунад (ниг. Навзод).
Давраи хамрохаки баъди таваллуди кудак фаро мерасад. Дар ин муддат хамрохак аз девораи захдон чудо ва машима (хамрохак, чанинпарда ва ноф) аз рохи таносул хорич карда мешавад. Баъди ба дунё омадани тифл, бачадон чамъ шуда, шакли кураро мегирад; каъри он такрибан дар баробари сатхи ноф аст. Пас аз 10 – 15 дакикаи З. зан дарди сабук кашида, хамрохак ва сипас машимаро аз бачадон хорич мекунад. Хамрохак мумкин аст аз марказ ё канор кучад. Дар сурати аз марказ кучидани хамрохак, одатан, хуншори ба мушохида намерасад. Аломати аввалини аз канор кучидани хамрохак хунрави аз рохи таносул аст. Пас аз афтодани хамрохак давраи баъди таваллуд фаро мерасад.
Таъсири баъзе беморихо ба зоиш
Занхои гирифтори беморихои аъзои таносул ё узвхои дигар бисёр вакт бо душвори таваллуд мекунанд.
Нукси дил барои модар ва кудак хавфи чидди дошта, мумкин аст хангоми З. ё баъди он боиси фавти зан гардад. Духтур ба зан дорухои дил, глюкоза, витамин, оксиген таъин мекунад. Хусусан ба тавассути дору рафъ сохтани дарди З. мухим аст. Дар сурати таъсир нарасондани дорухо ва хуручи иллати дил зан фавран чаррохи карда мешавад (ниг. Чоки кайсар).
Бо максади пешгирии оризахои З. бармахал ошкор сохтани нукси дил дар зани хомила ва халли масъалаи мумкин будан ё набудани хомилаги ахамияти калон дорад.
Бемории гипертония низ ба чараёни З. таъсири номатлуб мерасонад. Дар аснои бад шудани саломатии зан ва кудак аз усули чаррохи истифода мекунанд.
Анемия (камхуни) хамсафари асосии бисёр занхои хомила мебошад. Дар занхои гирифтори анемияи камохан аксар вакт баъди З. беморихои сирояти хуруч менамоянд. Кудакони чунин модарон низ дар муддати 6 – 8 мохи аввали хаёт гирифтори анемияи камохан мешаванд.
Диабети канди бемории маъмул аст. Хангоми гирифтори ба он чаррохи факат дар мавриди зарурат гузаронда мешавад. Дар вакти З. тазрики инсулин чоиз аст. Хун ва пешоби кудакро бо максади мукаррар намудани микдори канди таркиби онхо месанчанд. Пас аз он чунин санчишро баъди хар 3 мох 1 маротиба гузарондан лозим аст.
Беморони сил дар шуъбаи махсуси таваллудхона зоёнда мешаванд. Фарчоми З. барои модар ва тифл нисбатан хуб аст. Хангоми шаклхои фаъоли сил ба кудак сина намемаконанд.
Шахии гарданаи бачадон дар занхои калонсоли навзо ба мушохида мерасад. Он баъзан бинобар беморихои илтихоби ва баъди чаррохии гарданаи бачадон, искоти хамл ва г. падид меояд. Гарданаи бачадон намеёзад. Ба зан дорухои рафъи ташаннуч ва махлули лидаза таъин мекунанд. Дар сурати натичаи дилхох надодани дорушифои ва бо ангушт боз намудани дахонаи бачадон аз усули чаррохи истифода менамоянд.
Миомаи бачадон бисёр вакт боиси пеш аз мухлат чори шудани оби чанин, суст хуруч ёфтани аломатхои зоиш, гипоксияи кудак, хуншори, зуд гунча нашудани бачадон баъди таваллуд ва г. мегардад. Хангоми калон будани миома дар вакти чаррохи онро (ё бачадонро) бурида дур месозанд.
Хуншори хангоми зодан
Дар вакти З. то 0,5%-и массаи бадан талаф додани хун аз нигохи физиологи безиён аст. Хунравии шадид (зиёда аз 1,5%-и массаи бадан) боиси ихтилоли фаъолияти силсилаи асаби маркази, нафаскаши, гадудхои эндокрини, гардиши хун ва мубодилаи моддахо мегардад.
Вокуниши занхо нисбати хуншори гуногун аст. Гохо талаф додани 700 – 800 мл хун кофист, ки зан вафот ёбад. Хол он ки баъзан аз 800 мл зиёд талаф шудани хун фишори шараёнро паст намекунад. Хангоми хуншори фишори шараёнро мунтазам назорат карда истодан лозим аст.
Хуншори метавонад дар даврахои I, II ва III-и З., инчунин баъди он рух намояд. Хуншорие, ки дар давраи I-и З. ба вучуд омадааст, мумкин дар давраи III ё хамон лахза баъди зоиш шиддат ёбад. Хуншории дар давраи III саршуда бисёр вакт дар давраи аввали баъди таваллуд давом мекунад. Сабаби хуншори дар даврахои I ва II-и З. кучидани бармахали хамрохак ва даридани бофтахои рохи кудакгузар аст. Хуншори дар давраи III-и З. имкон дорад дар натичаи дер чудо шудани хамрохак ва машима (бинобар суст будани тонуси захдон) падид ояд; дар ин давра аз сабаби даридани бофтахои нарми рохи таваллуд низ хуншори ба вукуъ мепайвандад. Зимни бисёр талаф додани хун мумкин аст гипо- ё афибриногенемия инкишоф ёбад.
Бахри пешгирии хунрави хангоми З. ва баъди он ба зан дуруст кумак расондан лозим аст; дар мавриди заиф будани хуручхои З. бояд тадбирхои зарури андешид. Ба вена фиристодани метилэргометрин (1 мл махлули 0,02%) бо 20 мл махлули 40% глюкоза барои пешгирии хуншорихои гипотони ва атони мухим аст. Истифодаи катравии окситотсин (5ED) дар 500 мл махлули 5%-и глюкоза низ нафъ дорад. Баробари рух намудани хуншори момодоя бояд бетаъхир ба духтур хабар расонад.
Осебхои зодан
Осебхои марбут ба З. метавонанд дар модар ва тифл ба вучуд оянд. Сабаби онхо асосан бо ночури чараён гирифтани раванди З. ва кумаки ноухдабароёнаи момои мебошад. Ба осебхои зоиш даридани чатан, фарч ва махбал, хуномоси фарч ва махбал, даридани гардана ва танаи бачадон, носури аъзои таносулу пешоб ва рудаю махбал (носурхои баъди зоиш), чудо шудани устухони зихор, чаппа гаштани бачадон ва г. мансубанд.
Сабабхои даридани чатан гуногун мебошанд, мас., нисбатан шах будани бофтахо дар занхои калонсоли навзо; нодуруст чой гирифтани кудак ё калон будани он; танг будани устухони кос; амалхои нодурусти момодоя ва г. Даридани чатан 3 дарача дорад. Хангоми даридагии дарачаи I девораи кафои махбал, кафшераки кафо ва пусти чатан чок мешаванд; мушакхо осеб намеёбанд. Дар мавриди даридагии дарачаи II дар баробари ин хама мушакхои чатан (гайр аз халкамушаки берунии рудаи рост) низ зарар мебинанд. Зимни даридагии дарачаи III ба халкамушаки берунии рудаи рост, баъзан ба деворахои он низ зарар мерасад.
Дар мавриди даридани чатан имкон дорад, ки ба узву бофтахо микробхо рох ёбанд. Минбаъд эхтимол аъзои таносул низ фарояд. Хангоми даридагии дарачаи III зан боди шикам ва ахлотро нигох дошта наметавонад. Бинобар ин хар гуна даридагии чатан бояд духта шавад. Момодоя метавонад факат даридагии дарачахои I ва II-ро кук занад; даридагии дарачаи III-ро духтур бояд бидузад. Баъд аз З. зан камаш 10 – 12 руз набояд шинад (ба чои духташуда зур наояд). Истеъмоли давохои равгании дарунрон нафъ дорад.
Даридагии фарч ва махбал бисёр вакт якчоя бо даридагии чатан рух намуда, боиси хунрави мешавад. Даридагии аёни фарчро медузанд, рагхои хуншорро мебанданд. Бештар хиссаи поён, баъзан хиссаи миёна ва болои фарч медарад. Хусусан даридагии хиссаи болои фарч вазнин аст; хангоми чукур даридани он ба параметрий (бофтахои назди бачадон) хун ворид шуда, гематома (хуномос) ба вучуд меояд.
Хуномоси фарч ва махбал нисбатан кам ба мушохида мерасад (асосан хангоми тез таваллуд кардан, мавчудияти гуддахои варикозии фарч ва г.). Дар аснои ба вучуд омадани хуномос зан аз эхсоси фишор, тазйик ва дард дар фарч ва махбал шикоят мекунад. Дар фарч (бештар дар лабхои калони он) ё зери луобпардаи махбал омосхои кабуди аргувони пайдо мешаванд. Хуномосхои хурд худ аз худ нопадид мегарданд. Хуномосхои калонро бо дору табобат мекунанд. Агар хуномос фасод гирифта, харор. бадан баланд шавад, пас онро буридан лозим аст.
Даридагии гарданаи бачадон дар аснои тез таваллуд кардан, калон будан ва нодуруст чой гирифтани кудак, дуруштии гарданаи бачадон, танг будани кос пайдо мешавад. Даридагии мачбури бинобар корбасти анбурхои момои, зуран тоб додани кудак ва г. падид меояд. Баъзан даридаги то ба равоки махбал мерасад ва онро низ фаро мегирад. Нишонаи даридагии амики гарданаи бачадон аз рохи таносул шоридани хун (хамон лахза баъди таваллуди кудак) аст. Даридагихои хурд ягон нишонаи махсус надоранд. Чойхои даридагиро кук мезананд.
Даридагии танаи бачадон ду навъ – пурра ва нопурра мешавад. Дар натичаи вучуд доштани монеахо барои З., номувофикатии андозаи кос ва сари кудак, кундаланг чойгир будани тифл, омоси бофтахои нарми рохи зоиш, мавчудияти изи чоки кайсар ва г. сар мезанад.
Хангоми хавфи даридани танаи бачадон амалиёти З. тезутунд шуда, дард баъзан хусусияти ташаннучи мегирад. Кисми поёни захдон ёзида тунук ва хеле дардманд мешавад; бачадон шакли соати региро мегирад. Бандакхои халкашакли он бехад таранг ва дардманд мебошанд. Канорхои гарданаи захдон варам мекунанд (варам ба чатан ва махбал низ пахн мегардад). Зан бекарор мешавад, руи чогах печутоб мехурад, шикамашро дошта нолиш мекунад. Дар ин гуна мавридхо кудакро бо чаррохи берун меоранд.
Носурхои баъди зоиш аз чумлаи оризахои З. буда, ахёнан ба мушохида мерасанд. Сабаби онхо бисёр вакт мувофикат накардани сари кудак бо андозаи коси модар аст. Дар сатхи коси хурд банд гаштани сари тифл, ё худ сари кудакро ба устухони кос зер кардани бофтахои махбал, гарданаи бачадон, масона, рудаи рост ва г. низ имкон дорад мучиби пайдоиши носурхо гардад. Пас аз 3 – 8 рузи З. чойхои мавтшудаи бофтахои мазкур кучида, носурхои гуногун ба вучуд меоянд. Носурхои хурд худ аз худ шифо меёбанд; носурхои калон чаррохи (баъди 4 – 6 мохи З.) карда мешаванд. То чаррохи фарчро хар руз шуста, равгани вазелин ё эмулсияи синтомитсин молидан лозим аст.
Аз хам гусастани устухонхои зихор дар натичаи ёзидан ё канда шудани банди зихор рух менамояд. Дар зери ноф дард пайдо шуда, дар вакти харакат кардан он шиддат меёбад. Бемор бояд 3 – 5 хафта бистари гардад, аз корсетхои махсус истифода кунад.

М. Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …