Главная / Илм / ЗИРА

ЗИРА

ziraЗИРА (Bunium persicum), зираи форси, гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 60 см кад мекашад. Пояи рост, барги пармонанд, гултудаи чатршакл, гули майдаи сафед, дони хушбуй дорад. З. дар доманакуххо, нишебихои кух, алафзор, буттаю бешазори хама нохияхои Точикистон (дар баландии 600 – 2500 м аз с.б.) меруяд.
З. гиёхи доруии кадима аст. Бино ба акидаи Абубакри Рози З.-ро хоянд, оруг меорад. Абумансури Муваффак таъкид кардааст, ки З. рутубатро нест карда, пешобро меронад ва хунравиро бозмедорад, барои зики нафаси бар асари рутубат пайдошуда муфид аст. Бино ба маълумоти Абуалии Сино З. кори меъдаро таквият мебахшад, оруг меорад, хиккакро рафъ менамояд, давои пешоброн, бодрон, киччарон аст. Хангоми халаи руда, никрис, ишиас ва миёндард нафъ дорад. Дар «Эхёу-т-тиб» омада, ки З. барои табобати иллати испурч, зардпарвин ва захми меъда нофеъ аст. Бино ба маълумоти «Маъзану-л-адвия» З. хилтхоро гарм, хушк, хал ва майда мекунад, ба фаъолияти меъдаву рудахо таквият мебахшад, иштихоро мекушояд, боду пешобро меронад. Мархами бо равгани зайтун омехтаи он рафъсозандаи варами испурч аст.
Табибони халки З.-ро хангоми камиштихои, беморихои меъдаву руда ва дарди санги чигар истифода мебаранд. Зираоб (зирачой) давои бехсозандаи кори узвхои хозима, пешоброн, аракрон ва киччарон мебошад. З.-и бирён барои табобати чакидани пешоб ва фарбехи истифода мешавад. Чушоби З. тарашшухи шираи меъдаро меафзояд.
Чушоб ва чойи З. ихрочи шираи меъдаро меафзояд. Бинобар ин истеъмоли он барои одамони гирифтори гастрит ва захми меъдаю рудаи дувоздахангушта зиён дорад. Дар чунин ашхос хатто нушидани зирачойи камранг низ боиси дарди меъда мешавад.
Ба акидаи табибони халки З.-ро як шаб дар сирко тар карда, баъд дар бини чаконанд, хуни биниро мебандад; онро як шаборуз дар об тар карда, баъд он обро дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро пок месозад, реши чашмро шифо мебахшад, нуктахои сурхи даруни чашмро мебардорад. Агар онро дар об чушонида, он обро дар дахон гардонанд, назлахоро мебандад, дарди дандонро таскин медихад. Хурдани З. чигар, меъда, гурда ва рудахоро кувват мебахшад, иштихоро ба харакат меоварад, бодхои дохилиро тахлил медихад, хазм наёфта фуромадани гизо, дарди рудахо ва варами сипурзро шифо мебахшад, пешоб ва хайзи бандшударо меронад, чакмезакро ба ибро меоварад. З.-ро дар об чушонида, бо он оби ширгарм хукна кунанд, бодхои зарарноки рудахо, меъда ва гурдаро тахлил медихад. Куфтаи З.-ро бо равгани зайтун хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро хал мекунад, бо орди бокило сиришта гузошта банданд, варами хояхоро пас мегардонад.
З. барои одамони хунукмизоч ва пирон манфиат дорад. Чун онро бо хуришхои хушбуи гизо, мас., бо шибит ва дорчини хангоми пухтани гушти бадхазм дохил намоянд, онхоро сабукхазм мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …