Главная / Маданият ва санъат / ЗИКРИ АХОДИСУ РИВОЁТЕ, КИ ДАР ФАЗОИЛИ CAЛABOT ФИРИСТОДАН

ЗИКРИ АХОДИСУ РИВОЁТЕ, КИ ДАР ФАЗОИЛИ CAЛABOT ФИРИСТОДАН

ДАР БАЁНИ ЗИКРИ АХОДИСУ РИВОЁТЕ, КИ ДАР ФАЗОИЛИ CAЛABOT ФИРИСТОДАН БА МО РАСИДААСТ

Эй зи нуши хамри гафлат маст хуфта дар тарик,

Хуш дар cap гир пеш аз oн, ки бедорат кунанд.

Гар на neш аз марг бедори гузини дар талаб,

Аз чунuн хоби гарон бо марг бедорат кунанд.

Абдулхайи Мучахарфи.

Аз Абумухаммад Каъб ибни Учра (раз) ривоят шудааст, ки гуфт: «Пайгамбар (с) бар мо баромад. Гуфтем:

– Ё Расулаллох, (с), донистсм, ки чи гуна бар Шумо салом кунем, пас, чи гуна бар Шумо дуруд фиристем?

Фармуд:

  • Бигуед:

«Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин камо саллайта ало оли Иброхима иннака Хамиду-м-Мачид. Аллохумма борик ало Мухаммдив-ва ало оли Мухаммадин камо боракта ало оли Иброхима иннака Хамиду-м-Мачид». (Муттафаккун алайх).

Тарчума: Бор Худоё, дуруд фирист бар Мухаммад (с) ва бар оли Мухаммад (с), чунончи дуруд фиристоди бар оли Иброхим, хамоно Ту Сутуда ва Боазамати. Бор Худоё, баракат нех бар Мухаммад (с) ва бар оли Мухаммад (с), чунончи баракат ниходи бар оли Иброхим, хамоно Ту Сутуда ва Боазамати.[1]

*****

Аз Абухумайди Соиди (раз) ривоят шудааст, ки гуфт: «Гуфтанд:

  • Ё Расулаллох (с), чи гуна бар Шумо дуруд фиристем?

Фармуданд:

– Бигуед:

«Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало азвочихи  ва зуррийятихи  камо саллайта ало Иброхима ва борик ало Мухаммадив-ва ало азвочихи  ва зуррийятихи  камо боракта ало Иброхима, иннака Хамиду-м-Мачид». (Муттафаккун алайх).

Тарчума: Бор Худоё, дуруд фирист бар Мухаммад (с) ва бар хамсарону фарзандонаш чунонки дуруд фиристоди бар фарзандони Иброхим (а) фиристоди; ва баракат нех бар Мухаммад (с) ва бар хамсарону фарзандонаш, чунонки баракат ниходи бар фарзандони Иброхим (а), хамоно Ту Сутуда ва Бузурги.[2]

*             *          *          *          *

Аз Абдуллох ибни Амр ибни Ос (раз) ривоят шудааст, ки у аз Расулуллох (с) шунид, ки мефармуд: «Он ки як бор бар ман дуруд фиристад, Худованди таоло бар вай дах бор дуруд мефиристад». Мурод аз дуруд гуфтани Худои таоло фиристодани рахмат аз чониби Уст. (Муслим).[3]

*             *          *          *          *

Аз Ибни Масъуд (раз) ривоят аст, ки Расулуллох (с) фармуд: «Сазовортарини мардум ба ман дар рузи киёмат (барои шафоат) ононеанд, ки аз хама бештар бар ман дуруд мефиристанд». (Тирмизи).[4]

*             *          *          *          *

Аз Авс ибни Авс (раз) ривоят аст, ки Расулуллох (с) фармуд:

  • Хамоно, рузи чумъа аз бехтарини рузхои шумост, пас, дар он руз бар ман бисёртар дуруд фиристед, зеро ки дуруди шумо бар ман арза мешавад.

Гуфтанд:

  • Ё Расулаллох (с), чи гуна дуруди мо бар ту арза мешавад, дар холе, ки устухонхоятон пусида шуда бошанд?

Фармуд:

– Худованди таоло часадхои пайгамбаронро бар замин харом кардааст (яъне: часадашон пусида намешавад) (Абудовуд).[5]

Шарх: Аз ин хадис дарёфта мешавад, ки дуруд гуфтан бар Расули акрам (с) дар рузи чумъа ба воситаи шарофати замони он аз савоби бисёре бархурдор аст. Аммо дар мавриди ин, ки «дуруди шумо бар ман арза мешавад», дар аходиси дигар тафсири он ба ин тартиб шуда, ки: «Хар гох назди кабрам бар ман касе дуруд фиристад, онро мешунавам ва агар аз он дур бошад, ба ман расонида мешавад». Ва хам дар хадиси дигар омадааст, ки: «Худованд фариштагоне дорад, ки дар замин гардиш менамоянд ва саломи уммати маро ба ман мерасонанд». Ва хам аз ин хадис дониста мешавад, ки часади пайгамбарон (а) хок намешавад, чи онхо дар гурхояшон зиндаанд.[6]

Наъти Хазрати Мирзо Абдулкодири Бедил (paх)

Он ки аз буйи бахораш ранги имкон рехтанд,

Гарди рохаш чуш зад, осори аъён рехтанд.

Шохиди базми хаёлаш то дарад тарфи никоб,

Орзухо шаш чихат як чашми хайрон рехтанд.

То дами кайфияти Мачнуни у омад ба ёд,

Синачокони азал субх аз гиребон рехтанд.

Осмон з-он чашми шахло чашмаки андеша кард,

Аз кавокиб[7] дар канораш наргисистон рехтанд.

Хайрате зад чуш аз он накши кадам дар табъи хок,

!

То назар во кард бар фаркаш гулистон рехтанд.

Аз хавои сояи дасти карамдарбори у,

Абрхо дар чилва оварданду борон рехтанд.

Тарфе аз домонаш афшонданд, хасти зад нафас,

В-аз хиромаш ёд карданд, оби хайвон рехтанд.

Номи у бурданд, асмои кидам омад ба арз,

Аз лаби у дам заданд, оёти Куръон рехтанд.

Аз чамолаш сурати илми азал бастанд накш,

В-аз каломаш маънии тахкики инсон рехтанд.

Гайри зоташ нест, Бедил, дар хаёлободи сунъ,

Хар чи ин бастанд накшу хар кадар он рехтанд. [8]

*        *        *        *        *

Аз Абухурайра (раз) ривоят аст, ки Расулуллох, (с) фармуд: «Хоколуда шавад бинии марде, ки маро пешаш ёд карданд ва у бар ман дуруд нафиристод». (Тирмизи).[9]

Шарх: Аз ин хадис истехбоби[10] дуруд гуфтан бар Хабиби Худо (с) дар хар замоне, ки номаш зикр мегардад, ё навишта мешавад, дарёфт мегардад. Лекин иддае аз донишмандони исломи муътакиданд, ки ин кор вочиб аст.[11]

*        *        *        *        *

Аз Абухурайра (раз) ривоят аст, ки Расулуллох (с) фармуд: «Кабри маро ид[12] нагардонед ва бар ман дуруд фиристед, зеро ки дар хар чое, ки бошед, дуруди шумо ба ман мерасад». (Абудовуд).[13]

Шарх: «Кабри маро ид масозед» – яъне: зиёрати кабри маро ид масозед, ё кабри маро мазхари ид масозед. Маънои он манъ намудан аст аз чамъ шудан барои зиёрати он Хазрат (с) мисле ки дар рузхои ид мардум чамъ мешаванд. Зеро ки ид рузест, ки дар он бозихову ороишхо кардан чоиз аст ва дар он барои изхори шодиву хурсанди меоянд, ки ахли китоб ин корро бо рафтан ба зиёрати кабрхои пайгамбаронашон анчом медоданд, то ин ки Худованд бар дилхояшон пардаи гафлатро ниход ва онхо равиши бутпарастонро дар зиёрат кардани шайтонхояшон пайрави намуда, кабрхои пайгамбаронашонро масчид сохта, ба суйи он намоз гузориданд. Аз ин ру Пайгамбар (с) фармуд: «Парвардгоро, кабри маро буте магардон, ки мавриди парастиш карор гирад». Ва низ фармуд: «Хамоно хашми Худо фузунтар шуд бар гурухе, ки кабрхои пайгамбаронашонро масчид карор доданд».[14]

*        *        *        *        *

Аз Абухурайра (раз) ривоят аст, ки Расулуллох (с) фармуд: «Хеч як нест, ки бар ман салом кунад, магар ин, ки Худованди таоло рухамро ба ман боз мегардонад, то чавоби саломашро бидихам». (Абудовуд).[15]

*****

Аз Хазрати Али (раз) ривоят шуда, ки Расулуллох (с) фармуд: «Бахил он аст, ки пешаш номам бурда шуд ва бар ман дуруд нафиристод». (Тирмизи).[16]

*        *        *        *        *

Хазрати Умайри Ансори (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) фармуданд: “Хар шахсе аз уммати ман ба хулуси дил як бор бар ман дуруд бифиристад, Аллох таоло бар у дах рахмат нозил мефармояд ва ба ивази он дах дарача баланд мефармояд, барои у дах неки менависад ва дах гунохашро муоф мефармояд». (Насои).[17]

*        *        *        *        *

Хазрати Анас (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох иршод фармуданд, ки: «Рузи чумъа бар ман ба касрат дуруд бифиристед, барои ин, ки Чабраил (а) аз чониби Парвардгор алъон ин паёмро овард, ки: «Дар руйи замин хар мусалмоне, ки як бор бар ту дуруд мефиристад, Ман бар у дах рахмат нозил мекунам ва фариштахои Ман барои у дах бор дуои магфират мекунанд». (Табарони).[18]

*****

Хазрати Каъб (раз) мефармояд: «Вакте ки дуи саввум аз шаб мегузашт, Расулуллох (с) (барои намози тахаччуд) баланд шуда мефармуд: «Эй мардум, Аллохро ёд кунед, Аллохро ёд кунед, чизи такондихандае омад ва расид ва чизе, ки баъд аз он меояд омаду расид (матлаб ин аст, ки вакти дамидани сури аввал ва баъд аз он сури дуввум наздик омад) марг хамрох бо тамоми сахтихои худ фаро расид, марг хамрох бо тамоми сахтихои худ фаро расид».

Бинобар ин Убай ибни Каъб (раз) мефамояд: «Ман арз кардам:

  • Ё Расулаллох (с), ман мехохам бар Шумо бисёр зиёдатар дуруд бифиристам. Ман аз вакти дуову азкори худ чи кадар вакт барои дуруди шариф таъйин кунам?

Расулуллох (с) иршод фармуданд:

  • Хар чи кадар бихохи.

Ман арз кардам:

  • Як чахор вактро?

Расулуллох (с) иршод фармуданд:

  • Хар чи кадар бихохи ва агар бештар куни, барои ту бехтар аст.

Ман арз кардам:

  • Нисфи вактро?

Он Хазрат (с) иршод фармуданд:

  • Хар чи кадар бихохи ва агар бештар куни, барои ту бехтар аст.

Арз кардам:

– Ду саввуми вактро таъйин кунам?

Он Хазрат (с) иршод фармуданд:

  • Хар чи кадар бихохи ва агар бештар куни, бехтар аст.

Ман арз кардам:

  • Ман тамоми вакти худро барои дуруд фиристодани бар Шумо таъйин мекунам.

Расулуллох (с) иршод фармуданд:

 

– Агар чунин бикуни, Аллох хамаи гамхои туро дур мефармояд ва хамаи гунохони туро низ муоф мекунад» (Тирмизи).[19]

Тавзех: Расулуллох (с) аз наздик омадани киёмат мардумро тарсонданд, то ин ки мардум аз ёди киёмат гофил набошанд.[20]

*****

Рувайфиъ ибни Собит (раз) мефармояд, ки: “Хар кас бар Мухаммад (с) инчунин дуруд бифиристад:

«Аллохумма анзилху-л-макъада-л-мукарраба индака явма-л-киёмах».

Тарчума: Эй Аллох, Мухаммад (с)-ро рузи киёмат наздики Худ дар макоми курби махсус чой ато бифармо.

Расулуллох (с) фармудааст, ки: «Барои он шахс шафоати ман вочиб мешавад». (Баззор, Табарони).[21]

*****

Хазрати Абухурайра (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: “Хар кас дуст дорад вакте, ки бар ахли байти мо дуруд бифиристад, савоби у бо паймонаи бисёр бузурге паймон шавад. Пас, у бо ин калимот ин дурудро бихонд:

«Аллохумма салли ало Мухаммадин набиййи ва азвочихи уммахоти-л-муъминина ва зуррийятихи ва ахли байтихи камо саллайта ало оли Иброхима, иннака Хамиду-м- Мачид».

Тарчума: Эй Аллох, бар Пайгамбар Мухаммад (с) ва хамсарони у, ки модарони муъминон хастанд ва бар насли у ва бар ахли байти у рахмат нозил бифармо, чунонки бар ахли байти Иброхим (а) рахмат нозил фармуди. Хамоно Ту сазовори хамду ситоиш ва сохиби азамат хасти. (Абудовуд). [22]

Аз дами субхи азал то ба киёми арасот,

Бар сару пойи дилорои Мухаммад салавот.

*             *          *          *          *

Дар «Равзату-л-уламо»-и кудвату-л-фукахо Шайх Абулхасан Али ибни Яхёи Бухори (paх) овардааст ва накл аз Абухурайра (раз) кардааст, ки гуфт: «Хеч муъмин бар Хазрати Рисолат (с) салавот нафиристад, магар он, ки Хак таоло фариштаеро таъйин намояд, то он салавоти он бандаро ба камтар аз турфатулайнс ба кабри он Хазрат (с) дарорад ва гуяд:

  • Ё Расулаллох (с), фалон ибни фалон, ё фалона бинти фалон бар ту як навбат дуруд фиристод.

Хазрати Рисолат (с) аз камоли фараху шодмони дар чавоб гуяд:

  • У бар ман як навбат салавот фиристод, аз ман дах салавот бар вай бирасон ва мар уро бигуй: «Агар яке аз ин дах салавот беш набуди, бо ман дар бихишт даромади, бар мисоли у ин ду ангушти саббоба[23] ва вусто,[24] ки ба хам манзум сохта ва шафоати ман мустаид гашти, факайф, ки ин дах салавоти комил а аст».

Фаришта аз равзаи мутаххараи Набави (с) ба чониби кудси Илохи чалла ва ало хозир ояд ва ба Хак субхонаху таоло арзи салавоти банда кунад ва гуяд:

  • Худовандо, фалон банда ба рухи Хабиби Ту як навбат салавот фиристод.

Хак таоло фармояд:

  • Уро дах салавот аз Ман бирасон ва бигуй, ки: «Агар аз ин дах салавот яке беш набуди, оташи дузах харгиз насухти, факайф, ки акнун дах салавоти комила аст».

Баъд аз он таоло фармояд, ки:

  • Бузург доред дуруди бандаи Маро дар хазонаи иллийин ва аз барои рузи эхтиёчи у захира гардонед.

Ба адади хар як хуруфи аз он салавоте, ки бар забони банда чори гаштааст, Хак таоло фариштаеро халк фармояд, ки мар уро сесаду шаст cap бошад ва бар хар cape сесаду шаст руй ва бар хар руе сесаду шаст дахон ва бар хар дахоне сесаду шаст забон ва бар хар забоне ба сесаду шаст лугат Хак таолоро хамду сано мегуяд, ки хеч лугате ба лугате мушобех набошад ва савоби ин хама санохоро дар номаи аъмоли он банда менависад, ки бар Хазрати Рисолат (с) дуруд фиристода, то ба рузи киёмат».[25]

Шиканад теги забонам хама дам шохи набот,

Бод бар комати раънои Мухаммад салавот.

*****

Дар «Риёзу-л-музаккирин»-и Имом Абуахмад ибни Зайд (paх) оварда, ки Хазрати Рисолат (с) фармудааст, ки: «Хак таоло се чизро талкини самъ[26] намуда, ки албатта шунаванд:

Яке, бихишт, ки хеч кас аз Хак таоло аз уммати ман бихишт наталабад, магар он, ки бишнавад ва дуо кунад, ки: «Илохи, бандаи толиби маро ба ман расон».

Дуввум, дузах аст, ки хеч кас аз вай начот начуяд, магар он, ки дузах гуяд: «Худоё, уро аз ман начот дех».

Саввум, фариштаест муаккал бар кабри ман, хеч кас нест аз марду зан, ки бар ман салавот фиристад, магар он, ки он фаришта бишнавад ва бигуяд: «Ё Мухаммад (с), фалон банда бар ту салавот фиристод». Ва Хак, таоло мутакаффил[27] шуд, ки хар ки бар ман як бор салавот фиристад, Хак таоло бар вай дах бор салавот фиристад ва хар ки бар ман дах бор салавот фиристад, Хак таоло бар вай сад бор салавот фиристад ва хар ки бар ман сад бор салавот фиристад, Хак таоло бар вай хазор бор салавот фиристад ва хар ки бар ман хазор бор салавот фиристад, харгиз оташи дузах уро напояд».[28]

*        *        *        *        *

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст, ки Хазрати Рисолат (с) фармуд, ки: “Хар ки бар ман салавот фиристад аз руйи таъзим ва риояти хакки ман, Худои таоло аз он салавот фариштае халк кунад, ки мар уро боле дар Машрик ва боле дар Магриб ва пойхои у дар замини хафтум ва гардани у дар зери Арш хамгашта печида. Баъд аз он Худои таоло фармояд, ки: «Эй фаришта, бар он бандаи Ман салавот фирист хамчуноне, ки у бар Хабиби Ман (с) салавот фиристодааст». Он фаришта бар он бандаи салавоггуй салавот мефиристад, то ба рузи киёмат. Ва хар бор, ки банда салавот мефиристад, хамчунин фариштае махлук мешавад ва ба салавоти у то ба рузи киёмат икдом менамояд».[29]

*        *        *        *        *

Дар «Равзату-л-уламо» овардааст, ки Абукомил аз Хазрати Рисолат (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: “Хар ки бар ман, ки Мухаммадам (с), се бор салавот фиристад, ки он аз руйи мухаббату иштиёк ба ликои ман бошад, ба карами Илохи чалла ва ало вочиб гардад, ки гунохони он рузу шаби уро биёмурзад».[30]

Фарзи айнасту хамегуям то вакти мамот.

Дам ба дам бар гули рухсори Мухаммад салавот.

*        *        *        *        *

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст, ки Абусаиди Худри (раз) ривоят мекунад аз Хазрати Расулуллох (с), ки фармуданд: «Хеч гурухе дар мачлисе чамъ нашаванд, ки дар он мачлис бар Хазрати Рисолат (с) дуруд нафиристанд, магар он, ки он мачлисро бар эшон хасрате бошад рузи киёмат ва агар чанд дар бихишт дароянд аз барои савоби бисёр, ки мутафарреъ[31] бар салавот бинанд ва он савобхо бар эшон фавт шуда бошад».[32]

 

Наъти Шайх Аттори Вали (paх)

Эй офтоби саркаш як зарра хоки поят,

Оби хаёт рашхе[33] аз чоми чонфизоят.

Хам хочагии гардун дил бар вафо гуломат,

Хам подшохи  гети чон бар миён гадоят.

Хам чарх хиркапуше дар хонакохи  ишкат,

Хам Чабраил мурге дар доми дилрабоят.

Дар cap гирифта олам андешаи висолат,

Дар чашм карда Кавсар хоки дари сароят.

Кавсар, ки оби хайвон як шабнам аст аз вай,

Дарбаста то ба чон дил дар лаъли дилкушоят.

Сирре, ки хар ду олам як зарра менаёбанд,

Човид каф гирифта чоми чахоннамоят.

Навбоваи[34] чамолат мохи  нав аст, на мах

Банди кулах зи хичлат дар домани кабоят.

Ту маркаби накуи метозиву маху мехр,

Чун соя дар рикобат, чун зарра дар хавоят.

То буйи зулфи мушкат пурбуй кард чонам,

Аттори мушкрезам аз зулфи мушксоят.[35]

*        *        *        *        *

Каъб ибни Учра (раз) ривоят мекунад, ки: «Як бор Расулуллох (с) иршод фармуданд, ки:

  • Наздики минбар чамъ шавед.

Мо хозир шудем. Вакте он Хазрат (с) бар руйи аввалин паллаи минбар кадами муборакро гузоштанд, фармуданд: «Омин». Ва хангоме ки бар паллаи дуввум кадам гузоштанд, боз фармуданд: «Омин». Ва чун бар паллаи саввум кадам ниходанд, боз фармуданд: «Омин». Вакте ки он Хазрат (с) аз хутба фориг шуданду поён ташриф оварданд, мо арз кардем, ки:

  • Имруз мо чизе аз Шумо шунидем, ки каблан нашунида будем.

Он Хазрат (с) фармуданд:

  • Дар он вакт Чабраил (а) пеши ман хозир шуд. Вакте ки бар паллаи аввал кадам гузоштам, гуфт: «Халок бод касе, ки мохи шарифи рамазонро дарёфт ва боз хам гунохони у бахшуда нашуданд». Ман гуфтам: «Омин». Вакте ки бар паллаи дуввум кадам гузоштам, гуфт: «Халок бод касе, ки пеши у зикри ту бишавад ва у бар ту дуруд нафиристад». Ман гуфтам: «Омин». Бар паллаи саввум, ки кадам ниходам, гуфт: «Хаалок бод касе, ки падару модараш, ё яке аз он ду ба синни пири бирасанд ва у он кадар ба онхо мухаббат ва хидмат накунад, ки худашро ба василаи дуои онхо ба чаннат дохил кунад». Ман гуфтам: «Омин». (Хоким, Ибни Хиббон).[36]

Тавзех. Дар ин хадис Чабраил (а) се дуои бад кард ва Расулуллох (с) бар хар се дуо «Омин» фармуданд. Дуои бади фариштаи мукаррабе мисли Чабраил (а) чизи каме нест ва боз кувват ва шиддате, ки дар ин дуо ба сабаби «Омин» гуфтани Расулуллох (с) пайдо шудааст, возех аст. Аллох чалла чалолуху ба бузургии Худаш моро аз ин хар се навъ тавфики пархез ато фармояд ва аз ин бадихо махфуз бидорад, в-агарна дар халокати мо шакке нест. Аз баъзе ривоёти «Дурри мансур» маълум мешавад, ки Хазрати Чабраил (а) аз Расулуллох (с) хост, ки «Омин» бигуянд, он гох он Хазрат (с) «Омин» гуфтанд, ки аз ин ривоят ахамияти дуои бад маълум мешавад.

Нафари аввал он аст, ки мохи мубораки шарифи рамазон бар у бигзарад ва у аз магфират махрум бимонад. Яъне рузхои мохи пурхайру баракате мисли мохи шарифи рамазон хам дар гафлату гунох бигзарад, зеро, магфират ва рахмати Аллох чалла чалолуху дар мохи шарифи рамазон мисли борон меборад. Ва агар мохи мубораки шарифи рамазон бар касе ба гунае бигзарад, ки ба сабаби аъмоли бад ва кутохихои худ аз магфират махрум бимонад, барои магфирати у чи фурсате бехтар аз он ба даст меояд? Ва дар халокати чунин шахсе чи шакке вучуд дорад? Ва тарикаи магфират шудан ин аст, ки вазоиферо, ки дар мохи шарифи рамазон бояд анчом дод, аз кабили рузаву таровех бо мувозибат[37] ва эхтимоми комил адо кунад ва боз хар вакт аз гунохи худ ба касрат[38] тавбаву истигфор кунад.

Дуввумин касе, ки барои у дуои бад шудааст, шахсест ки назди у зикри Расулуллох (с) бишавад ва у салавоту дуруд нафиристад. Дар ривоёти зиёде ин матлаб ворид шудааст. Ба хамин чихат баъзе уламо муътакиданд, ки хар гох зикри номи мубораки Расулуллох (с) бишавад, бар шунавандагон салавот фиристодан вочиб аст. Илова бар хадиси боло ваидхои дигаре низ дар мавриди шахсе, ки пеши у зикри он Хазрат (с) бишавад ва у дуруд нафиристад, омадааст. Дар баъзе аходис уро дар радифи бадбахттарин ва бахилтарин афрод шумурдаанд ва низ ба у ситамкор ва касе, ки рохи бихиштро фаромуш карда ва хатто чаханнамиву бедин низ гуфта шудааст. Ин тавр хам ворид шуда, ки чунин шахсе чехраи мубораки он Хазрат (с)-ро намебинад. Уламои мухаккик агарчи ин тавр ривоётро таъвил кардаанд, аммо чойи инкор нест, ки зохиран алфози он Хазрат (с) дар бораи касоне, ки дуруд намефиристанд, ба кадре шадид аст, ки тахаммули он душвор мебошад ва чаро ин тавр набошад? Зеро эхсоноти он Хазрат (с) бар уммат болотар аз ин аст, ки ба забону калам гуфта шаванд. Ва хукуки он Хазрат (с) бар уммат ба кадре зиёд аст, ки бо вучуди он, агар касе дуруд нафиристад, хар гуна танбех ва ваид дар хакки у ба чо ва дуруст аст. Худи салавоту дуруд ба кадре фазоил дорад, ки махрумият аз онхо худ як навъ баднасибист. Аз ин болотар чи фазилате, ки хар кас як бор бар Расулуллох (с) дуруд бифиристад Аллох чалла чалолуху барои у дах бор рахмат мефиристад. Хамчунин дуои хайри фариштагон барои у, афв шудани гунохон, баланд шудани дарачот, хосил шудани савоби баробари кухи Ухуд, вочиб шудани шафоат барои у ва гайруху, инхо хама изофа бар он аст. Хамчунин ризои Аллох чалла чалолуху ва хусули рахмат ва амон аз газаби У ва начот аз сахтихои киёмат ва дидани чойи худ дар бихишт кабл аз мурдан ва гайри инхо ваъдахоест, ки барои хондани теъдоди махсусе аз дуруд дода шудаанд. Илова бар ин аз хондани дуруд тангии зиндаги ва факр дур мешавад ва дар боргохи Аллох чалла чалолуху такарруб ва наздики хосил мегардад ва бар душманон пирузи хосил мешавад ва калб аз нифоку занг пок мегардад, мардум бо у мухаббат меварзанд, аз ин кибал хушхабарихо ва муждахои зиёди дигаре, ки ба касрат хондани дуруд дар аходис омадааст. Фукахо ин матлабро возех баён кардаанд, ки дар тамоми умр хондани дуруд фарз аст. Ва уламои мазохиб[39] низ бар ин иттифоки назар доранд. Албатта, дар ин маврид ихтилоф аст, ки хар гох ва хар лахза зикри мубораки Расулуллох (с) шавад, дар хар бор хондани дуруд вочиб аст, ё на? Назди баъзе аз уламо хар бор дуруд хондан вочиб аст ва назди баъзе мустахаб аст.

Саввумин шахсе, ки дар борааш дуои бад шудааст, касест, ки падару модари пири у хар ду, ё яке мавчуд бошанд ва у он кадар хидмати онхоро накунад, ки ба сабаби он мустахики[40] бихишт шавад. Дар бораи хукуки волидайн хам дар аходис таъкид шудааст. Уламо навиштаанд, ки дар умури[41] мубох ва чоиз итоати онхо зарури аст. Хамчунин навиштаанд, ки аз беадаби дар хакки онхо дури шавад бо такаббуру гурур бо онхо ру ба ру нашавад, агарчи онхо мушрик бошанд. Садои худро баландтар аз садои онхо накунад ва бо ном онхоро садо назанад. Дар хеч коре аз сабкат нагирад. Дар амри ба маъруф ва нахйи аз мункар нисбат ба онхо нарми ихтиёр кунад, агар кабул накунанд, бо онхо ба хуби рафтор кунад ва дуои хидоят намояд. Хулоса, дар хар кор эхтироми онхоро бенихоят риоя кунад. Дар як ривоят гуфта шудааст, ки бехтарини дарвоза аз дарвозахои бихишт падар аст, агар дилат мехохад онро хифозат[42] кун, ё зоеъ гардон. Як сахоби аз он Хазрат (с) пурсид, ки:

– Хакки волидайн чист?

Фармуданд:

  • Онхо барои ту ба манзалаи бихиштанд, ё манзалаи дузах яъне ризои онхо бихишт ва норизоии онхо дузах аст.

Дар хадисе омадааст, ки: «Як нигохи фарзанди мутеъ ва фармонбардор хамрох бо мухаббату шафкат ба суйи падар савоби як хаччи кабулшударо дорад».

Дар як хадис иршод шудааст, ки: «Аллох чалла чалолуху ба чуз ширк тамоми гунохро хар кадар бихохад афв мефармояд, магар сазои нофармонии волидайн, ки кабл аз марг дар дунё хам ба у мерасонад.

Як сахоби арз кард, ки:

  • Ман иродаи ширкати дар чиходро дорам.

Он Хазрат (с) пурсиданд:

  • Оё модарат зинда аст?

У гуфт:

  • Бале.

Он Хазрат (с) фармуданд:

  • Хизмати уро ба чой овар, ки зери кадамхои у барои ту бихишт аст.

Дар хадисе омадааст, ки: «Ризои Аллох чалла чалолуху дар ризои падар аст ва норизоии Аллох чалла чалолуху дар норизоии падар аст». Дар ривоёти бисёри дигаре низ хамин навъ ахамияту фазилат ворид шудааст.

Барои касоне, ки ба гафлат дар ин амр кутохи кардаанд ва акнун, ки волидайни онхо мавчуд нестанд, мутавачех шудаанд, дар шариати мутаххари Ислом чуброни он нишон дода шудааст. Дар хадисе чуиин иршод шудааст: «Касе падару модари у дар холе мурдаанд, ки у нофармонии онхо мекардааст, пас, агар ба касрат барои онхо дуову истигфор кунанд, он фарзанд мутеу фармонбардор махсуб хохад шуд». Дар хадиси дигаре омада, ки: «Бехтарин неки баъд аз марги падар хушрафтори бо дустони уст».[43]

Наъти Камолии Рашнаги (paх)

«Ва-ш-шамс»-у «Ва-з-зухо» рухи зебои Мустафост,

«Ва-л-лайл» наъти зулфи сумансои Мустафост.

Тафсири матни ояти «Мо зог»-y «Мо таго»,

Шapхy баёни наргиси шахлои Мустафост.

Бишнав зи чон хадиси «Ано афсаху-л-араб».

Лутфи камоли лаъли шакархои Мустафост.

Оёти байинот румузе зи хусни уст,

Куръон нуути чумла саропойи Мустафост.

Дору-с-салому чаннату фирдавсу боги хулд,

Як кучае зи маскану маъвои Мустафост.

Ризвону хуру хайли малоик ба сад тараф,

Гардида чонфидо ба тамошои Мустафост.

Кавсар иборате зи лаби канди нушханд,

Тубо ишорае зи каду болои Мустафост,

Тасбехи санг бар кафи дасти муборакаш,

Аз юмни муъчизоти муаллои Мустафост.

Биншаст бар Бурок шахи тахти салтанат,

Хам Арш фарш зери кадамхои Мустафост.

Рухониёни кудс сари хидматаш ба душ,

Чибрил ходими хараму чойи Мустафост.

«Шакку-л-камар» баёни сарангушти Ахмадист,

Мах шуд ба чарх пора ба имои Мустафост.

Дилдодагони шух бар сари бозори гарми завк,

Чон медиханд бар сари савдои Мустафост.

Бо охи чонфигор Камоли аладдавом,

Уро ба дил хавои таманнои Мустафост.[44]

*        *        *        *        *

Дар «Точу-л-музаккирин» овардааст, ки Ибни Масъуд (раз) гуфт: «Аз Хазрати Расул (с) шунидам, ки фармуд:

– Чамъеро рузи киёмат хукм ба бихишт шавад, эшон рохи бихиштро гум кунанд ва хайрон фуру монанд. Гуфтанд:

  • Ё Расулаллох (с), онхо чи тоифа бошанд?

Фармуд:

  • Касоне, ки номи ман дар мачлиси эшон мазкур шудабошад ва эшон бар ман дуруд нафиристода бошанд.

Чунончи фармуд: “Хар кас, ки бар ман дуруд гуфтанро фаромуш кунад, фаромуш кунад рохи чаннатро».[45]

*****

Дар «Точу-л-музаккирин» овардааст, ки дар хабар аст ки: “Хар касе, ки бигуяд:

Лo илоха иллаллоху Мухаммаду-р-расулуллох.

Ва баъд аз он гуяд:

Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадив-ва саллим.

Ин калимот аз дахони у ба сурати мурги сабзе берун ояд ва мар уро ду бол бошад, ки агар бикушояд аз Машрик то Магрибро фуру гирад ва мар ин мургро овозе бошад бар мисоли овози раъд ва ин мург меравад то ба Арши мачид бирасад. Арш аз овози у музтариб гардад. Хак таоло гуяд:

  • Сокин шав.

Он мург гуяд, ки:

  • Чи гуна сокин шавам, ки гуяндаи маро наёмурзидаи?

Карати дуввум гуяд, ки:

  • Сокин шав.

Боз гуяд:

  • Чи гуна сокин шавам?

Карати саввум фармояд, ки:

  • Сокин шав.

Хамон чавоб гуяд. Фармон ояд, ки:

  • Гуяндаи туро биёмурзидам ва бар вай рахмат кардам.[46]

*****

Дар «Равза» ривоят аз Али ибни Абутолиб (раз) кардааст, ки Хазрати Рисолат (с) фармудааст, ки: «Нест хеч дуо, магар он, ки миёни он дуо ва осмон хичобест, то дуруд нафиристанд бар Расул (с). Чун дуруд фиристод, он хичобхо бардошта гашт ва он дуо аз осмон даргузашт ва агар дуруд нафиристод, он дуо бар сари вай боз гашт».[47]

*****

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст, ки амира-л-муъминин Али (раз) аз Хазрати Рисолат (с) ривоят кард, ки фармуданд: “Хар ки маро се бор дуруд гуяд хар руз ва дар рузи чумъа сад бор бигуяд:

«Салавотуллохи ва малоикатихи ва русулихи  ва ахбобихи ва чамеа халкихи  ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин алайхи-с-салому ва рахматуллохи ва баракотух».

Ба дурусти, ки баробари хамаи халоик бар Мустафо (с) дуруд фиристода бошад ва уро рузи киёмат дар зумраи асхоби Расул (с) махшур[48] гардонанд ва Пайгамбар (с) дасти уро гирифта дар бихишт дарояд».[49]

Рубои аз табъи мураттиби ин китоб:

Агар хохи чамоли Кибриёро,

Бихишту Кавсару дорулбакоро.

Гули руят бишу бо шабнами ишк,

Бигу, чоно, дуруди Мустафоро.

*****

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст ва накл аз Анас ибни Молик (раз) кардааст, ки: «Хеч вакт ду мусалмон бо хам нарасанд ва бо якдигар мусофаха[50] накунанд ва бар Хазрати Рисолат (с) салавот нафиристанд, магар ин, ки чун мутафаррик[51] шаванд, гунохони пешинаву ояндаи эшон омурзида шуда бошад».[52]

*        *        *        *        *

Дар «Риёзу-л-музаккирин» овардааст, ки Хазрати Рисолат (с) фармуд, ки: “Хар ки дар рузи чумъаву шаби чумъа сад бор бар ман дуруд фиристад, Хак таоло сад хочати уро раво кунад, хафтод аз хочатхои охират ва си аз хочатхои дунё ва фариштаеро Хак таоло насб кунад, то он салавоти уро бар ман дароварад ва хамчуноне, ки бар шумо хадоё дароваранд дар табакхо. Ва он салавот назди ман дар сахифаи байзови[53] сабт бошад ва бар вай номи он мусалли[54] фалон ибни фалон навишта бувад ва ин сахифа назди ман бошад, то ба рузи киёмат».[55]

*****

Дар «Риёзу-л-музаккирин» дар фазли салавоти рузи чумъа Хоча (с) фармуд, ки: “Хар ки рузи чумъа чихил навбат бар ман салавот фиристад, Хак таоло гунохони хаштодсолаи уро биёмурзад ва хар ки рузи чумъа бар ман сад бор салавот фиристад, Хак таоло дусадсола гунохони уро биёмурзад ва хар ки хазор бор бар ман салавот фиристад, намирад, то чойи худро дар бихишт набинад».[56]

*****

Ибни Умар (раз) ривоят мекунад аз Хазрати Рисолат (с), ки фармуданд: «Чун рузи киёмат шавад, мардеро аз уммати ман ба оташи дузах фармон шавад ва чун уро ба саири чаханнам дароранд, дар гиря шаваду гуяд:

  • Ё малоикату-р-Рахмон, маро ба кучо хукм кардаанд?

Гуянд:

  • Ба оташи дузах.

Гуяд:

  • Маро соате ба холи ман гузоред, то бар ахволи хеш гиря кунам.

Назм:

Биё, эй ашк, то бар рузгори хештан гирям,

Чу шамъ аз гиряи шабхои тори хештан гирям.

Надорам мехрубоне, то кунад бар холи ман гиря,

Хамон бехтар, ки худ бар холи зори хештан гирям.

Мадад фармо ба хук эй дил, ки дар чашмам намонд обе,

Ки хохлам як дам аз хичрони ёри хештан гирям.

Фариштагон гуянд:

  • Эй банда, ин гиря дар дунё боисти, то фоидае бар он мураттаб гашти, имруз гиря чи фоида мерасонад?

Байт:

Илочи вокеа кавл аз вукуъ бояд кард,

Дарег суд надорад чу кор рафт аз даст.

Банда гуяд:

  • Эй фариштагон, ман аз зумраи фарзандони Одамам ва таххаммули оташи дузахро надорам ва аз чумлаи умматони Мухаммадам (с) ва ба Худованди худ ин гумон намебурдам.

Фариштагон гуянд:

  • Эй банда, чи гумон мебурди?

Гуяд, ки:

  • Умедвори ба Парвардгори ман чунон буд, ки маро бо яхуду насоро дар дузах мучтамеъ[57] нагардонад.

Фариштагон гуянд:

  • Эй банда, инак Мухаммад (с) истода назди Парвардгори худ чалла ва ало, уро бихон, то туро шафоат кунад ва илло ба ховия[58] гирифтор шави.

Банда аз гояти бехуди овоз барорад ва дар арасот Хазрати Сайиду-с-содотро (с) бихонад. Чун Хазрати Хоча (с) овози он бандаро бишнавад, ба чониби у мубодират намояд ва он бечораро дар кабзаи малоика макбуз ва дар чанги забония махбус бинад, фармояд, ки:

  • Ин бандаро ба ман супоред, то дигарбора вазни аъмоли у кунам ва тафаххуси ахволи у намоям.

Малоика гуянд:

  • Эй Мухаммад (с), мо бандагонем маъмур, то фармони Илохи чалла ва ало набошад, даст аз ин банда бознадорем.

Хазрат (с) руй ба чониби Кудси Илохи орад ва Хазратти Хак чалла ва алоро сучуд кунад, баъд аз он гуяд:

  • Худовандо, малоикаи Ту миёни ман ва яке аз уммати ман хоил гаштаанд.

Хитоби мустатоби Раббу-л-арбоб даррасад, ки:

  • Эй фариштагон, бандаи Маро бар Пайгамбари Ман супоред, то дигарбора вазни аъмоли у намояд.

Чун Хоча (с) он бандаро ба пойи тарозу орад ва сахифаи байзовие берун орад ва дар вай китобате аз нур карда, дар каффаи хасаноти он банда нихад ва якбор бар сайиоти банда рохич гардад. Фармони Илохи даррасад, ки:

  • Бандаи Маро ба бихишт дароред.

Чун он бандаро ба бихишт расонанд, Хазрати Рисолат (с)-ро бар дари бихишт мулокот кунад. Фармояд (с), ки:

  • Маро мешиноси?

Гуяд:

Падару модарам фидои ту бод, чи кадар руят зебост ва, буят рухафзост.

Байт:

Хам рут xyш,хам бут xyш, хам ваъдаат xyш, хам лико,

Хохам бидонам, то ба ин хусну шамоил кисти?

Фармояд, ки:

– Манам Пайгамбари ту Мухаммад (с) ва он сахифа, ки ба он хасанот бар сайиот рохич[59] омад, он салавоте буд, ки дар дунё ба рухи ман фиристода буди.

Он банда дар кадамхои он Хазрат (с) афтад ва буса дар кадамхои шарифи он Хазрат (с) занад ва гуяд:

– Эй Мухаммад (с), агар шафоати туву салавоти ту набуди, ман чун дузахиёни дигар ба барзахи дузах мубтало мегаштам ва карини садхазор дарду бало мебудам».[60]

* *          *          *          *

Дар «Наводиру-л-усул»-и Имом Али Хакими Тирмизи (каддасаллоху рухаху) ривоят аз Абдуррахмони Сумра мекунад, ки гуфт: «Рузе Хазрати Рисолат (с) аз хона берун омад ва фармуд: «Душ хоби ачабе дидам, мардеро аз уммати худ бар Пули Сирот дидам, ки мегузашт ларзон ва афтону хезон, дуруде, ки бар ман фиристода буд, биёмад ва дасти у бигирифт ва уро мустаким гардонида, аз Пули Сироташ ба саломат бигузаронид».[61]

* *          *          *          *

Ривоят аст, ки рузе Хазрати Рисолатпанох (с) дар масчид нишаста буд ва бо асхоби изом ва ахбоби киром (раз), ки аъробие даромад ва бар эшон салом кард бад-ин тарик, ки:

  • Ассалому алайкум, ё ахла-л-кура-ш-шомиху ва-л-кирому-с-содич.

Хазрат (с) уро бар Абубакр (раз) такдим карда, назди худ нишонд. Абубакр (раз) гуфт:

  • Эй Расулаллох (с), чунин донистаам, ки дар руйи замин касеро аз ман дусттар намедори, акнун сабаби такдими ин аъроби бар ман чист?

Хазрат (с) фармуд:

  • Эй Абубакр (раз), Чабраил (а) омад ва хабар овард, ки ин аъроби бар ман салавоте мефиристад, ки касе пеш аз вай нафиристодааст.

Гуфт:

  • Эй Расулаллох (с), он салавот кадом аст? Фармуд, ки:

«Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин фи-л-аввалина ва-л-охирина ва фи-л- малаи-л- аъло ило явми-д-дин».

Амира-л-муъминин Абубакр (раз) гуфт:

  • Эй Расулаллох (с), маро хабар кун аз савоби салавот.

Пайгамбар (с) фармуд, ки:

  • Агар хамаи дарёхо сиёхи гарданд ва тамоми дарахтон калам шаванд ва хамаи малоика котиб гарданд ва дарёхо холи гарданд ва каламхо шикаста шаванд, савоби ин салавот навишта нашавад.[62]

*****

Вахй кард Хак субхонаху ва таоло ба Мусо ибни Имрон (а), ки:

  • Эй Мусо (а), мехохи, ки Ман ба ту наздиктар бошам аз каломи ту бар забони ту ва аз андешаи ту бар дили ту ва аз рухи ту ба бадани ту ва аз нури басари ту ба басари[63] ту ва аз шунавоии ту ба гуши ту ва аз оби дахони ту ба дахони ту ва аз сиёхии чашми ту ба сафедии чашми ту?

Мусо (а) гуфт:

  • Худовандо, хамаи орзуи ман ин аст, ки ба Ту наздик шавам.

Хак таоло фармуд, ки:

  • Эй Мусо (а), дуруд бар Мухаммад (с) бисёр гуй, то ба ин давлат мушарраф гарди ва бо Бани Исроил ин пайгом расон, ки хар ки ба Ман мулокот кунад ва хол он ки мункиру чохиди Мухаммад (с) бошад, бар вай забонаи дузахро мусаллат гардонам ва уро аз ликои Худ махчуб гардонам, ки саодати мушохидати Ман дарнаёбад ва хеч фариштае бар вай рахм накунад ва хеч пайгамбаре мар уро шафоат накунад ва малоика уро бармекашанд, то ба дузах андозанд, баъд аз он човидон дар дузах бимонад, ки харгиз начот наёбад.

Мусо (а) гуфт:

  • Парвардгоро, Мухаммад (с) кист, ки ба Ту наздик нашавам, магар ба салавоти бар вай ва ба давлати курбат саодатманд нагардам, магар ба василаи дуруди бар вай?

Хак таоло фармуд:

  • Эй Мусо (а), агар Мухаммад (с) ва уммати у набуди, на бихишт офаридаме ва на дузах ва на офтобро падид овардаме ва на мохро ва на рузро пайдо кардаме ва на шабро ва на малаки мукарраб ва на набиву мурсал ва на туро. Эй Мусо (а), агар икрор ба нубуввати Мухаммад (с) накуни ва бар у дуруд нафиристи, туро бар оташи дузах бисузонам, агарчи Иброхими Халил (а) боши.

Мугсо (а) гуфт: Илохо, ба дурусти, ки икрор кардам ва гувохи додам ба фазли Мухаммад (с) ва дуруд бар вай бисёр фиристам, аммо мехохам бидонам, ки маро дусттар медори, ё Мухаммад (с)- ро?

Хак таоло фармуд:

  • Эй Мусо (а), ту Калими Мани ва Мухаммад (с) Хабиби Ман аст ва Хабиб дусттар аз Калим аст.[64]

*****

Анас ибни Молик (раз) накл мекунад аз он Хазрат (с), ки фармуданд: «Харойина Худо чой медихад дар зери сояи Арш ёздах нафарро аз уммати ман:

  1. Он, ки тахорат кард дар рузхои зимистон ба вузуи комил.
  2. Он, ки пиёда суйи масчид равад.
  3. Он, ки гузорад намози тахаччудро дувоздах ракъат, зеро ки дуо дар намози тахаччуд кабул мешавад.
  4. Он, ки некуи кард бар ятимон.
  5. Он, ки харч кард молро бар бевагон.
  6. Он, ки адо кард хакки Худованди таолоро ба вачхи комил.
  7. Он, ки нигох дошт хар ду дасти худро аз мухаррамоти Худованди таоло.
  8. Он, ки дафъ кард машаккату хузнро аз уммати ман.
  9. Он, ки хушнуд гардонид уммати маро.
  10. Он, ки гуфт дар шабу руз калимаи шаходатро, ки ин аст: «Ашхаду ал-ло илоха иллаллоху вахдаху ло шарикалаху ва ашхаду анна Мухаммадан абдуху ва расулух».
  11. Он, ки хонд дурудро бар он Хазрат (с) бисёр дар хар соате».[65]

*****

Анас ибни Молик (раз) ривоят кунад аз он Хазрат (с) ки: “Хар ки як бор ин дурудро хонад, навишта кунад Худои таоло барои вай савоби хачи макбул ва савоби касеро, ки озод кард бандаеро аз авлоди Исмоил (а). Ва фармояд Худованди таоло: «Эй фариштагони Ман, ин бандаест аз бандагони Ман, ки бисёр хондааст дурудро бар Хабиби Ман – Мухаммад (с), пас, савганд аст бар иззати Ман ва чуди Ман ва чалоли Ман ва бузургии Ман ва иртифои Ман, ки албатта, бидихам вайро ба хар харфе, ки дуруд хонд бар Хабиби Ман – Мухаммад (с) кушке дар бихишт ва албатта, биёяд назди Ман дар рузи киёмат дар зери Ливои Хамд ва нури руяш монанди махтоби шаби чахордахум бошад ва дасти вай дар дасти Хабиби Ман бошад. Ин барои касест, ки хонад ин дурудро дар хар руз, ё дар хар шаб, ё дар шаби чумъа, ё дар рузи чумъа ва барои вай аст ин фазилат. Ва Худо сохиби фазли азим аст». Дуруд ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

«Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин хайри-л-халоики ва афзали-л-башари ва шафеи-л-уммати явма-л-махшари ва ало оли сайидино Мухаммадин би адади кулли маълумотика ва салли ало чамеи-л-анбиёи ва-л-мурсалина ва ала-л-малоикати-л-мукаррабина ва ало ибодиллохи-с-солихин, бирахматика ё Архама-р-рохимин».

Тарчума: Худовандо, рахмат кун бар Мухаммад (с) ва бар оли Мухаммад (с), ки бехтарини махлукот аст ва бехтарини башар аст ва шафоаткунанда аст дар рузи махшар ва бар оли сардори мо Мухаммад (с) ба шумори хамаи махлукоти Ту ва рахмат кун бар хамаи пайгамбарон ва расулон ва бар фариштагони мукарраб ва бар хамаи бандагони некукор, ба рахмати Худ, эй Мехрубонтарини мехрубонон.

Ва хар ки бихонад ин салавотро, то охири умр пок шавад аз гунохони худ монанди рузе, ки зоида буд вайро модараш ва берун равад аз дунё бо имон ва барангезонида шавад бо шухадо».[66]

*****

Баъзе олимон фармудаанд, ки дуруд гуфтан бар он Хазрат (с) инчунин аст, ки бигуяд:

Аллохумма ушхидука ва ушхиду малоикатика ан усалли ало Мухаммад.

Тарчума: Худовандо, шохид мегардонам Туро ва шохид мегардонам фариштагони Туро бар ин ки дуруд мехонам бар Мухаммад (с).[67]

Ва баъзе аз эшон фармудаанд, ки дуруд гуфтан бар он Хазрат (с) хамчунин аст, ки бигуяд:

Аллохумма салли ало Мухаммади-н-набиййи-л-уммийи.

Пас, хар ки дуруд хонад бар он Хазрат (с) сад бор дар руз, ё дар шаб, бинушад аз Хавзи Кавсар оби соф ва наравад аз дунё, магар бибинад дидори Мухаммад (с)-ро.[68]

*****

Чун Имом Мухаммади Ханбал (раз) вафот ёфт, марде аз ходимони Абулхасани Саври (paх) уро дар хоб дид, пас, пурсид, ки:

  • Худо бо ту чи муомила кард?

Гуфт:

  • Биёмурзид маро.

Гуфт:

  • Ба чи сабаб?

Гуфт:

  • Ба баракати ин дуруд. Дуруд ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма салли ало Мухаммадин би адади ман салло алайхи ва салли ало Мухаммадин би адади мал-лам юсалли алайхи ва салли ало Мухаммадин камо тухиббу ва тарзо ай-юсаллия алайх ва салли ало Мухаммадин камо амартано би-с-салавоти алайхи ва салли ало Мухаммадин камо ямбаги-с-салавоту алайх.

Тарчума: Худовандо, рахмат кун бар Мухаммад (с) ба шумори касе, ки дуруд мехонад бар вай; ва рахмат кун ба Мухаммад (с) ба шумори касе, ки дуруд намехонад бар вай; ва рахмат кун бар Мухаммад (с) чунонки дуст медори ва рози шави, ки дуруд хонда шавад бар вай; ва рахмат кун бар Мухаммад (с) чунонки амр кардаи моро бар дуруд гуфтани вай; ва рахмат кун бар Мухаммад (с) чунонки сазовор аст, ки дуруд хонда шавад бар вай.

Пас, хар ки бихонад ин дурудхои панчгонаро дар шабонарузе бисту як бор, пас, барои вай хафт неъмат аст:

  1. Дар ризки у баракат падид ояд.
  2. Мухточи махлуке нагардад.
  3. Дар холати чонкандан калимаи тавхид бар забонаш осон гардад.
  4. Сахтихои марг бар вай осон гардад.
  5. Гури вай фарох гардад.
  6. Димогаш аз хушбуихои бихишт хушбуй гардад.
  7. Бехисоб дар бихишт дохил шавад.[69]

*****

Овардаанд, ки он Хазрат (с) нишаста буд дар масчид, ки ногах даромад бар вай чавоне аз ансор, пас, бинишонд вайро он Хазрат (с) дар мачлиси худ бартар аз Аливу Усмон (раз). Пас, пурсида шуд аз ин амр. Фармуд он Хазрат (с): “Харойина ман нишонидам вайро бартар аз ин хар ду, зеро ки харойина нест дар дунё касе, ки дуруд гуяд бар ман зиёдатар аз вай ва мегуяд хар пагоху бегох ин дурудхои панчгонаро, ки онхо собикан зикр ёфтанд».[70]

*****

Ва гуфта шудааст, ки хар ки хонад ин дурудро, пас барои вай музди хазор намоз ва хазор хач ва умра аст.

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма салли ало Мухаммадин би адади анфоси-л-махлукот; ва салли ало Мухаммадин би адади ашчори-л-мавчудот; ва салли ало Мухаммадин би адади хуруфи-л-лавхи  ва-д-даъавот; ва салли ало сайидино Мухаммадин би адади савокини-л-арзина ва-с-самовоти мина-л-мавчудоти ва-л-маъдумоти ило абади-л-обод; ва саллаллоху ало Мухаммадив-ва олихи ва асхобихи ачмаин, бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Тарчума: Худовандо, рахмат кун бар Мухаммад (с) ба шумори анфоси махлукот; ва рахмат кун бар Мухаммад (с) ба шумори дарахтони мавчуд; ва рахмат кун бар Муцаммад (с) ба шумори харфхои Лaвхи махфуз ва дуохо; ва рахмат кун бар Мухаммад (с) ба шумори бошандагони заминхову осмонхо аз мавчудот ва маъдумот то абадулобод; ва рахмат кун бар Мухаммад (с) ва бар оли вай ва бар асхоби вай хама ба рахмати Худ, эй Мехрубонтарини мехрубонон.[71]

*****

Ривоят аст аз Анас (раз), ки накл мекунад аз он Хазрат (с), ки вай фармуд: «Эй Абухурайра (раз), вакте ки боши ту дар дехае ва дар он деха чамоате бошанд, ки дуруд намехонанд дар он деха ба ман дар шабу рузе сад бор, пас, битарс аз он, зеро ки дар он деха хохад омад газаби Парвардгор дар андак замоне ва бошад бар он чамоат понздах навъ аз укубат, ки панч аз он дар дунё ва панч аз он дар холати чонкандан ва панч дар охират бошад.

Аммо, он панч, ки дар дунё бошад: Тангии рузи бар эшон ва мусаллат гардонад Худо бар эшон тоун ва марги мафочоро ва наборад дар он деха борон, пас, фурушанд фарзандони худро ба ивази дирхам ва мутафаррик шаванд дар хама атрофи шахрхо ва бардошта шавад аз эшон тавфики тоату саховатро.

Аммо, он панч, ки дар холати назъи чон хаст: Аввали онхо ин, ки нагуяд яке аз онхо калимаи шаходатро наздики марги худ ва сахт гиранд бар вай сахтихои маргро ва бимирад дар холати гуруснагиву ташнаги ва аз дунё беимон равад ва сиёх гардад руйи у ва лабони у дар гур.

Ва аммо, он панче, ки дар охират хастанд: Аввал он ки барангезонида шавад дар зумраи фосикон ва дода шавад номаи аъмолашро бар дасти чап ва гарон бошад тарозуи у бо гунох, ва чун бигзарад бар Пули Сирот, пас, бисузад бар он панчох хазор сол, пас, бошад дар чахим бо Фиръавн хамеша. Пас, сазовор аст, хар якеро дар хар шахру дехахо ин, ки дуруд хонанд бар он Хазрат (с) дар шабонарузе сад бор».[72]

*****

Ва гуфт Пайгамбар (с), ки: “Хар ки гул бибуяд ва бар ман салавот нафиристад, бар ман чафо карда бошад». Ва дар ривояте гули сурх омадааст.[73]

*****

Ва гуфт Пайгамбар (с), ки: “Хар ки бар ман дар умри худ сад хазор бор дуруд фиристад, пас,  бихусбад бегам шуда, ки уро баробари дузах кор нест ва Хак таоло аз у хушнуд гардад».[74]

*****

Ва гуфт Пайгамбар (с), ки: “Хар ки баъди хар намозе бар ман дах бор дуруд фиристад, бар ман шафоати у вочиб шавад».[75]

*****

Ва гуфт Пайгамбар (с), ки: “Хар ки бар ман дар китобе дуруд нависад, модоме ки он навишта бошад, фариштагон барои у омурзиш мехоханд».[76]

*****

Ва гуфт Пайгамбар (с), ки:

– Бар ман дуруди думбурида нафиристед.

Гуфтанд:

  • Эй Расулаллох, (с), чист дуруди думбурида? Гуфт:

– Он, ки гуяд «Аллохумма салли ало Мухаммад» ва нагуяд «ва ало оли Мухаммад». Пас, чун бар ман дуруд фиристед, бар оли ман хам фиристед. хар ки бар оли ман дуруд фиристад, омурзида шавад».[77]

*****

Алгараз, дар дуруд ва салом бар Сайиди оламиён (с) сарчашмаи анвору баракот ва калиди тамоми дархои некихову саодат аст. Ва ахли сулук бинобар иштиголи[78] касири[79] он бар макомоти олия фоиз[80] шуда ва муставчиби[81] мувохиби[82] Раббония шудаанд.[83]

Баъзе машоих фармудаанд: «Хар кас, ки уро шайхи комил ва сухбати у насиб набошад, уро лозим аст, ки касрати дурудро бар худ лозим гирад, ки ин худ як муршиди[84] комил аст, ки уро ба Хак, восил мекунад. Хамин дуруд ва салом худ мураббии маънавии у мегарданд, бар манозили олияи курб ва кабулият уро сарафроз мегардонанд». (Мадорич)[85]

Байт:

Агар аз зулмати рохи талаб солик наяндешад,

Хамон аз накши пояш чашмаи Хайвон шавад пайдо.[86]

Ва баъзе машоих васият фармудаанд, ки: «Сураи «Ихлос» ва дурудро ба касрат лозим гиред, ки аз идомаи сураи «Ихлос» ирфони Худованди ва аз дуруд мухаббату маъият[87] ва кайнунати[88] маънавии Хузури акрами (с) насиби у мегардад, хатто, ки касрати дуруд гохе ба чое мерасонад, ки мушохидаи чамоли пуранвори Хотаму-л-аброр ва Сайиду-л- ахёр (с) уро дар бедори ва хоб арзони ато мегардад. (Даъавоти кабир, Мадорич.)[89]

 

Аввалин дуруде, ки дар огози мактуб навишта шудааст

Дар ибтидои расоил[90] ва кутуб[91] баъд аз тасмия[92] ва хамд навиштани дуруду салом аввал суннати халифаи аввал Хазрати Сиддики Акбар (раз) аст. Худи эшон тахрир мекарданд, баъд аз тасмия «нахмадуху ва нусалли ало расулихи-л-карим». («Зоду-с-саид» ба ривояти Ибни Хачари Макки).[93]

[1] Риёзу-с-солихин». Сах. 775.

[2] «Риёзу-с-солихин», Сах. 776.

[3] «Риёзу-с-солихин». Сах. 772.

[4] «Риёзу-с-солихин». Сах. 772.

[5] «Риёзу-с-солихин». Сах. 773.

[6] «Риёзу-с-солихин». Сах. 773.

[7] Кавокиб – ситорахо.

[8] «Куллиёти Мирзо Абдулкодири Бедил».

[9] «Риёзу-с-солихин». Сах. 773.

[10] Истехбоб – мустахаб.

[11] «Риёзу-с-солихин». Сах. 773.

[12] Ид — тавофгох.

[13] «Риёзу-с-солихин». Сах. 774.

[14] «Риёзу-с-солихин». Сах. 774.

[15] «Риёзу-с-солихин». Сах. 774.

[16] «Риёзу-с-солихин». Сах. 774.

[17] «Ал-аходису-л-мунтахаба». Сах. 360-361.

[18] «Ал-аходису-л-мунтахаба». Сах. 361.

[19] «Ал-аходису-л-мунтахаба». Сах. 362.

[20] «Ал-аходису-л-мунтахаба». Сах. 362.

[21] «Ал-аходису-л-мунтахаба». Сах. 363.

[22] «Ал-аходису-л-мунтахаба». Сах. 365.

[23] Саббоба – ангушти шаходат.

[24] Вусто – ангушти миёна.

[25] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 114.

[26] Талкини самъ – шунавои дода.

[27] Мутакаффил – ухдадор.

[28] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 115.

[29] «Маоричу-и-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 115.

[30] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 115.

[31] Мутафарреъ – мутааллик.

[32] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 116.

[33] Рашха – катра.

[34] Навбова – наврасида, нав падидомада.

[35] «Девони Аттори Нишопури». Сах. 89

[36] «Фазоилу-л-аъмол». Сах. 703.

[37] Мувозибат – бетарк.

[38] Касрат – бисёр.

[39] Мазохиб – мазхабхо.

[40] Мустахик – мазовор.

[41] Умур – корхо.

[42] Хифозат – мухофизат.

[43] “Фазоилу-л-аъмол”. Сах. 703-706.

[44] “Накхати кухандиёри Хафткул”. Сах. 36.

[45] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 116.

[46] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 116.

[47] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 116.

[48] Махшур – зинда гардонидан.

[49] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 116.

[50] Мусофаха – вохури, бо даст салом кардан.

[51] Мутафаррик – пароканда.

[52] «Маоричу-и-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 117.

[53] Байзови – сафед.

[54] Мусалли – гуянда.

[55] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 117.

[56] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 117.

[57] Мучтамеъ — якчоя.

[58] Ховия – номи мавзее аз дузах.

[59] Рохич – афзун.

[60] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 118.

[61] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 119.

[62] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 120.

[63] Басар – чашм.

[64] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 120.

[65] «Тазкирату-л-воизин». Сах. 174-175.

[66] «Тазкирату-л-воизин». Сах. 178-179.

[67] «Тазкирату-л-воизин». Сах. 180.

[68] «Тазкирату-л-воизин». Сах. 180.

[69] «Тазкирату-л-воизин». Сах. 181.

[70] «Тазкирату-л-воизин». Сах. 182.

[71] «Тазкирату-л-воизин». Сах. 182.

[72] «Тазкирату-л-воизин». Сах. 186-187.

[73] «Анису-л-воизин». Сах. 245.

[74] «Анису-л-воизин». Сах. 246.

[75] «Анису-л-воизин». Сах. 247.

[76] «Анису-л-воизин». Сах. 247.

[77] «Анису-л-воизин». Сах. 248.

[78] Иштигол — машгулият.

[79] Касир – бисёр.

[80] Фоиз — файздиханда.

[81] Муставчиб — сазовор.

[82] Мувохиб – бахшишхо.

[83] «Рачоу-л-макбул». Сах. 245.

[84] Муршид – рахнамо, пир.

[85] «Рачоу-л-макбул». Сах. 245.

[86] Ин байт аз Мирзо Соиби Табрези.

[87] Маъият – хамрохи.

[88] Кайнунат – будан, офариниш.

[89] «Рачоу-л-макбул». Сах. 245-246.

[90] Расоил – рисолахо.

[91] Кутуб – китобхо.

[92] Тасмия – Бисмилохи-р-Рахмони-р-Рахим.

[93] «Рачоу-л-макбул». Сах. 361.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …