Главная / Биология / ЗЕРНАВЪИ МУХРАДОРОН

ЗЕРНАВЪИ МУХРАДОРОН

Тавсифи умумии зернавъи мухрадорон

Ба намояндагони мухрадорони дарачаи оли мохихо, обхокихо, хазандахо, паррандахо ва ширхурхо дохил мешаванд. Дар хамаи онхо нуги пеши асаб гафс шуда, магзи сарро ташкил кардааст ва кисми бокимондаи найчаи асаб хароммагз аст. Дар гирди хорда устухонбанди тагояки ё пурра устухони инкишоф меёбад, ки мухрахо дорад. Микдори мухрахо дар намояндахои мухрадорон гуногун аст. Магзи сари онхо дар косахонаи cap чойгир шудааст. Аз хамин сабаб хайвонхои номбурдаро мухрадорон меноманд.

Харорати бадани аксарияти мухрадорон ба тагйир ёфтани харорати мухит вобаста аст. Харорати бадани мохихо, обхокихо ва хазандахо доимо як хел нест. Аз ин сабаб онхоро хайвоноти хунсард меноманд. Харорати бадани паррандахо ва ширхурхо бошад хамеша як хел аст, ки ин ба харорати мухит вобастаги надорад. Аз ин сабаб онхоро хайвоноти хунгарм меноманд.

jirafМухрадорон нисбат ба хайвоноти дигар инкишофёфта буда, ба хар гуна таъсир фаъолона чавоб мегардонанд. Мухрадорон устухонбанди (скелет), дили 2-хонаги, узви чинси, гурда. галсама ва шуши нисбатан инкишофёфта доранд.

Навъи мухрадорон ба синфхои мохихо, дубахрахо, хазандахо, паррандахо ва ширхурхо чудо мешаванд.

Танаи мухрадорон ба кисмхои cap, гардан, кафаси сина, шикам, дум чудо мешавад. Узвхои харакатдихандаи мухрадорон даст, пой, болхои шиновар мебошанд, ки онхо чуфтанд. Хайвонхои мухрадори оби ва хушкй аз якдигар бо сохти тана, пойхо, руйпуши бадан, харакат, тарзи гизогирй фарк мекунанд.

Дар руйпуши бадани мухрадорон гадудхои оббарор, аракбарор, равганбарор, рангбарор (пигменти), инчунин руйпуши пулакчаги (шохин), пару пат ва муй. нохун, чангол мавчуд аст, ки хамаи он аз шакл дигаркунии пуст ба вучуд омадаанд.

Ба мухрадорон устухонбандин даруни хос аст, ки он аз давраи эмбриони cap карда, инкишоф меёбад. Асоси устухонбандии мухрадорон сутунмухра мебошад, ки он аз косаи cap то охири дум давом мекунад ва кабургахоро низ дар бар мегирад. Микдори мухра дар кисмхои гардан, кафаси сина, миён, чорбанд, дум нобаробаранд. Пойи пеши мухрадорон озод буда, аз устухони шона, китф, банди даст, оринч, соки даст, панча бо бугумхояш иборат аст.

Мушакхои мухрадорон вобаста ба харакату вазифаашон кундаланграху хамвор мешаванд.

Дар мухрадорон 2 даври гардиши хун хаст. 1) Даври калони гардиши хун, ки дар тамоми бадан пурра давр мезанад. 2) Даври хурди гардиши хун, ки он аз дил баромада, то шуш рафта, бо оксиген таъмин мешаваду боз баргашта ба дил меояд.

Холати чинсии мухрадорон чудочинса буда, хар як чинс аъзохои таносули худро дорад. Ба онхо бордоршавии даруни
ва ё беруни хос буда, инкишофи насл дар чанини тухм ё дар батн мегузарад.

Дар байни мухрадорон хам баъзан хайвоноти дучинса вомехуранд, вале онхо бенасл мебошанд.

Савол ва супоришхо:

  1. Дар бораи хордадорони мухрадорй ки косаисардорон маълу- моти умумй дихед.
  2. Оид ба зернавъи мухрадорон маълумот дихед.
  3. Дар руйпуши бадани мухрадорон чй гуна гадудхо мавчуд аст?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …