Главная / Илм / ЗЕРЕВ

ЗЕРЕВ

zerevЗЕРЕВ, чашмаи минералии обаш сард дар нох. Ишкошим. Такр. 5 км дуртар аз резишгохи сои Дараи Зерев, дар баландии 2900 м аз с. б. чой гирифтааст. Минералнокиаш – 2,0 г/л, харор. обаш +10 – +180 С. Дар таркиби оби чашма катионхои калсий (255мг/л), натрий (175 мг/л), магний (65,0 мг/л), анионхои гидрокарбонатхо (1391 мг/л), сулфатхо ( 125 мг/л) мавчуданд. Оби чашма барои муоличаи беморихои узвхои хозима, роххои нафас ва ихтилоли мубодилаи моддахо нафъ дорад. Вобаста ба таркиби химияви ба оби минералии Тсагвери (Гурчистон) наздик аст.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …