Главная / Илм / ЗАЪФИ БОСИРА

ЗАЪФИ БОСИРА

zafi-bosiraЗАЪФИ БОСИРА, ночурихое, ки боиси суст шудани неруи бинои мегарданд. З. б. сабабхои гуногун дорад. Мас., агар дар пиронсолон ногахон яке аз чашмхо нобино шавад, пас сабаби он мумкин аст халал ёфтани хунгардиш дар магзи сар ё шабакия бошад. Дар ин холат фавран ба духтури терапевт, невропатолог ё офталмолог мурочиат кардан лозим аст. З. б. бинобар истифодаи баъзе дорухо (антидепрессантхо, дорухои гормони, зидди хамл, хобовар ва г.) низ ба вучуд меояд. Агар хис кардед, ки чашм торик ва бинои бад гаштааст, пас сабаби он мумкин парда гирифтани чашм бошад. Дуруст дида натавонистани ашёи наздик, зуд хаста шудани чашм, хонда натавонистани китоб (аз наздик) нишонахои дурбини буда, ниёз ба кумаки духтури офталмолог дорад. Яке аз маризихои маъмули чашм катаракта аст. Дар мавриди он ашё чи аз дур ва чи аз наздик ба назар хира менамояд (онро бо чаррохи табобат мекунанд). Глаукома низ боиси З. б. ва хатто нобинои гашта, табобати махсус мехохад.
Ниг. низ Босира, Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …