Главная / Илм / ЗАРФИ РуЗГОР

ЗАРФИ РуЗГОР

zarfi-ruzgorЗАРФИ РуЗГОР, маснуоте, ки аз филиз, сафол, шиша, пластмасса, чуб ва г. сохта мешавад. Зарфхои филизиро аз алюминий, латун, чуян ва г. истехсол мекунанд.
Зарфхои алюминиро бо колаб ё бо усули рехтагари месозанд. Вобаста ба таъинот зарфхои колабии алюмини бо вазнхои гуногун истехсол мешаванд: сабук – гафсии тагаш 1,5 мм, миёна – гафсии тагаш 2 мм ва вазнин – гафсии тагаш 2,5 мм. Зарфхои рехтагарии гафсдевора (дегхо, тобахо) асосан барои бирёндан, бо дам ва дар об пухтани хурок таъин шудаанд. Зарфхои алюмини бо ороиши нукраранги бечило, сайкалдода, хромандуди чилодор, беранг ё бо ранги гуногун истехсол мешаванд.
Зарфи алюмини ба харорати баланд устувор буда (харорати гудозиши алюминий 658°С), ба пасту баланд шудани харорат тобовар аст. Хангоми дар зарфи алюмини таом пухтан, рангу буй ва маззаи хурок тагйир намеёбад. Дар зарфи алюмини таомхои гуногун, аз чумла таомхои шур ва дар таркибашон кислотахои органики доштаро пухтан мумкин аст. Аммо дар он хурокро аз 2 шаборуз зиёд нигох доштан лозим нест. Дар он карами турш ва бодирингро бо махлули шур нигох намедоранд, зеро алюминий аз таъсири ишкор ва кислотахо зуд вайрон мешавад. Пеш аз об ё шир чушондан, ба дохили зарфи нави алюмини равган молидан зарур аст.
Барои тоза кардани зарфхои алюмини ё филизи хокахои «Пермаксол», «Рахш», «Абсолют», «Пемолюкс» истехсол карда мешаванд. Бо хокахои сахт ё чуткаи филизи шустани зарфи алюминий манъ аст. Барои аз сиёхии ишкору кислотахо тоза кардан, зарфро бо сиркои оши пок ва сипас бо оби гарм шуста хушк менамоянд.
Зарфхои пулодини сирдор, рухандуд, сафедкарда низ истехсол мешаванд. Зарфхои пулодини сирдор аз чихати химияви ба кислотахо, намакхо, собун ва ишкорхои органики тобовар мебошанд. Онхо хусусияти гигиени дошта, ба осони тоза мешаванд; нафакат барои пухтани таом ба кор мераванд, балки дар онхо муддати дароз нигох доштани хуроквори мумкин аст. Аммо дар ин гуна зарфхо пухтани хурокхои гафс, хусусан шавла, мумкин нест, зеро таги хурок сухта, сири зарф вайрон мешавад.
Барои тоза кардани зарфхо ва асбобхои сирдор он моддахое ба кор мераванд, ки барои тоза кардани зарфхои алюмини тавсия шуда буданд.
Зарфи пулодини рухандудро аз варакаи пулоди рухандуд, инчунин варакаи пулоди сиёх (масолехи тайёр бо рухи гудохта андуда мешавад) тайёр мекунанд. Дар зарфи рухандуд таом пухтан ва чушондани оби нушоки мумкин нест, зеро дар ин маврид намаки рух хосил мешавад, ки ба саломатии одам зарар дорад. Дар чунин зарф хуроквори (мас., карам, занбуруг ва г.)-ро консервонидан манъ аст.
Ба рухи андуда махлулхои турши ва ишкори (хокахои чомашуи), намаки ош таъсир намуда, зуд вайрон мекунанд. Зарфи рухандударо барои чомашуи, чушондани либос, нигох доштани об, карасин истифода бурдан мумкин аст.
Дар зарфи пулодини сафедкарда (бо омехтаи сурб ва калъаги) об чушонидан мумкин нест, зеро ранг ва маззаи чой дигар мешавад. Андудаи калъаги мулоим аст, аз ин сабаб онро бо хокахои дурушт тоза кардан зарар дорад.
Зарфи пулодини зангногир барои пухтани таомхои равон (одатан, деворахои он тунук аст) ва барои муддати дароз нигох доштани хурок истифода мешавад; он хеле мустахкам буда, зери таъсири харорат вайрон намегардад, маззаи хурокро дигар намекунад.
Зарфи латуни барои чушондани об, пухтани мураббо ва г. истифода мешавад; вай аз зарфи алюмини ва пулодини сирдор бадошттар аст.
Агар зарфи латуниро кам истифода баранд, бо мурури вакт рангаш дигар ва бо моддаи сабз пушида мешавад. Ба чунин зарф кислотахои органики, шир, равган ва диг. масолехи хуроквори таъсир мекунанд. Зарфи латуни, ки барои пухтани таом ва чушонидани оби нушоки таъин шудааст, одатан, аз дарун ба калъаги андуда мешавад. Тагорахои мураббопази бошанд, бо калъаги андуда намешаванд, зеро консентратсияи баланди шакар аз таъсири кислотахои органикии мева хал шудани рухро мамониат мекунад. Сатхи берунии зарфро сайкал медиханд ва бо никел ё хром рукаш мекунанд.
Зарфхои чуяни барои бирён кардан, таф додан ва табхир (бо буг пухтан)-и таом истифода мешаванд. Зарфхои чуянии сиёх истехсол карда мешаванд, ки аз як ё хар ду тарафашон бо сири шишагин андуда шудаанд. Зарфи чуяни сатхи шахшул дорад, аз ин сабаб ба он нигохубини хуб лозим аст, дар акси хол чуян зуд занг мезанад. Занг ба организми инсон зарар нарасонад хам, мазза ва ранги таомро дигар мекунад. Гайр аз ин намакхои охан витаминхоро нобуд месозанд.
Зарфи чуянии сирдор ба кислотахои органики, намакхо, собун ва ишкорхо устувор аст. Зарфи сираш паридаро барои пухтани таом истифода бурдан тавсия намешавад.
Зарфхои сафоли, одатан, бо рангхои махсус ороиш дода мешаванд. Зарфхои сафолии чини, фаянси, сирдор (коши) ва кулоли аз хам фарк мекунанд. Зарфхои чини гилмояи сафеди пухта дошта, бо кабати тунуки сири чилодор, ки ба таъсири кислота (чавхари лиму, чавхари сирко) устувор аст (корди пулодин онро наметарошад), рукаш карда мешавад. Хангоми ба лаби зарф охиста зарба задан, садои нозуки бардавом мебарояд. Аломати фарккунандаи чини аз дигар маснуоти сафолии гилмояаш сафед он аст, ки аз чойхои тунуки он тарафи дигарашро дидан мумкин мебошад. Зарфхои чини баъзан бо гилмояи ранга ё сири ранга истехсол карда мешаванд.
Зарфхои фаянси гилмояи сафеди масомадор дошта, намиро ба худ мегиранд. Онхо бо сири беранг андуда мешаванд, ки хатто кабатхои тунукашон равшаниро намегузаронад. Хангоми ба лаби зарф охиста задан, садои паст мебарорад. Зарфхои фаянси нисбат ба зарфхои чини такрибан 15 – 20% камдошт ва вазнашон низ сабук аст. Онхоро метавон дар рузгор (ба мисли косаву табакчахо, кузачахо, банкахои биринчу лубиёгири ва г.) истифода бурд.
Зарфхои коши гилмояи сермасома ва сири рангаи ношаффоф доранд, вале баъзан бо чилои филизи андуда мешаванд. Зарфхои кошии гилмояашон сафед низ истехсол карда мешаванд; таркиби онхо ба таркиби фаянс монанд аст. Зарфхои коши ба намуди кузача, нондон, равгангирак, гулдон ва г. бароварда мешаванд. Зарфи сафоли гилмояи ранга дорад (одатан, бо тобиши чигари) ва ба кисми дохилии он сир давонда мешавад. Аз сафол асосан табак, коса, гулдон месозанд.
Зарфхои шишагин бо ду усул – пуф кардан ва дар колаб рехтан истехсол карда мешаванд. Зарфхое, ки бо рохи пуф кардан месозанд, одатан, кабати тунук дошта, аз шишаи мукаррари, баъзан аз шишаи ранга мебошанд. Барои ошхона зарфхои шишагини гуногун истехсол карда мешаванд (барои об, салат, шарбат ва г.).
Дар зарфхои шишагини колаби, ки аз шишаи оташбардор сохта мешаванд, таом пухтан мумкин аст. Зарфхои шишагини оташбардор нисбат ба зарфхои филизи бехтар буда, гармиро дер нигох медоранд, буй ва маззаи таомро дигар намекунанд. Хангоми истифодаи онхо баъзе коидахоро риоя бояд кард: ба алангаи кушод панчараи филизи гузоштан лозим; зарфи тафсонро ба чои тару хунук гузоштан мумкин нест, дар акси хол он мекафад.
Зарфи шишагинро бо чутка, латта ё дастмолкаду бояд шуст. Барои тоза кардани зарфи шишагин рег, дастмоли филизи ва г.-ро истифода намебаранд. Хангоми шустани зарфхои гарданборик (шиша, графин) чуткахои махсусро кор мефармоянд. Гайр аз ин ба зарф каме пучоки тухм ё пучоки картошка, когазмайда андохта аз болояш оби гарм (аз ним зиёдтар) мерезанд ва камтар онро мечайконанд, сипас онро аз зарф рехта бо оби гарм (харорати обро тадричан баланд карда) мешуянд.
Зарфхои булуринро бо оби гарм набояд шуст, зеро ранги булур хира ва тобишаш гум мешавад. Чунин зарфхо бо оби ширгарм ва хатто хунук ба зуди тоза хоханд шуд.
Зарфхои пластмасси нисбат ба зарфхои шишагин, чини ё фаянси бадошт буда, ба осони шуста мешаванд. Зарфхое, ки аз баъзе намудхои пластмасса (масалан, аминопластхо) сохта мешаванд, ба харорати оби чушон (100°С) тоб меоранд; маснуоти аз шишаи органики ё полистирол сохташуда дар харорати 70 – 75°С качу килеб мешаванд. Зарфхои полиэтилени низ дар харорати 100°С шакли худро тагйир медиханд.
Усули истифодаи хама гуна хока ва хамирахо барои тоза кардани зарфхои ифлос чунинанд: ба латтаи тар ё чутка камтар хока (хамира)-ро гирифта сатхи пешаки таркардаи зарфро тоза мекунанд, сипас онро бо об нагзакак мешуянд. Хангоми бо махлулхо тоза кардани зарф латта ё исфанчро ба он тар карда ба сатхи зарф мемоланд ва онро 15 – 20 дакика нигох медоранд, сипас бо об мешуянд.
Тарзи истифодаи хар як модда дар тамгакогази он зикр шудааст.
Зарфи кудак. Барои тайёр кардани хуроки кудак ва хурондани у зарфи алохида чудо бояд кард. Агар кудак бо хуроки сунъи парвариш ёбад, 6 – 8 шишачаи ченакдор, 2 – 3 пистонак мехаранд. Пистонакро бо сузани тафсон сурох мекунанд, ки аз он сурох хар 2 – 3 сония як катра шир чакад. Агар кудак синамак бошад, аз ин шишачахо 2 – 3 дона барои об ва шарбат гирифтан зарур аст. Гайр аз ин, барои ба шишачахо рехтани шир кифи хурд, барои шустани ин шишачахо чутка харидан лозим. Барои чушондани зарфхои кудак дегча доштан хам хатмист. Минбаъд барои хурондани у табакчаю коса, кошуку кошукча ва барои пухтани шавла, шурбо ва г. дегчаи алохида чудо кардан лозим мешавад. Хуроки тайёрро дар зарфи сирдор ё шишаги нигох бояд дошт. Дар зарфи сираш парида хурок нигох доштан мумкин нест.
Барои тайёр кардани шакидаи сабзавот ё мева аз турбтароши филизи истифода набаред, зеро витамини С ба филиз расад, тез вайрон мешавад. Бехтараш аз корди пулодии зангногир ва турбтароши пластмасси истифода кардан лозим аст. Зарфи кудакро хамеша тоза нигох доред ва хар руз чушонед. Хангоми барои кудак хурок тайёр кардан, ба коидахои бехдошт катъи риоя кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …