Главная / Илм / ЗАРДИСПАНД

ЗАРДИСПАНД

zardpisandЗАРДИСПАНД (Adonis turkestanicus), гули зардак, гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 80 см кад мекашад. Пояаш бисёр, рости камшохча. Баргхои кисми поёни поя пулакчавии бурранг, баргхои боло калони пармонанд; гулаш зарди баланд. Июн – июл гул карда, июл – авг. тухм мебандад. Дар алафзор, арчазорхо, маргзор ва диг. чойхо (дар баландии 2000 – 3200 м аз с. б.) меруяд. Бо максади давои онро дар давраи гулшукуфт мегундоранд. З.-ро баъди аз гул фаромадан низ метавон чамъовари кард, вале хусусияти шифоии шоху навдахои гулдори он бештар аст. Пас аз рехтани самар микдори моддахои фаъоли биологии растани кам мешавад. Буттахои калони З. даххо сол умр доранд. З.-ро дар чои шамолрас мехушконанд. Онро то 2 сол нигох доштан мумкин аст.
З. кадимтарин растании доруист. Дар тибби халки аз З. чой дам карда хангоми илтихоби гурда, обхура, варача, табларза, рагкаши, заъфи дил, галаёни хун ва варами по рузе 3 – 4 маротиба якпиёлаги менушанд. Чун доруи хобовар, таскинбахш, зардарону шошарон низ истифода мешавад. Махлул ва киёми алафи З.-ро барои таквияти кори дил тавсия медиханд. З. яке аз давохои мухимми дил махсуб мешавад. Накеъи онро рузе 3 – 4 маротиба якчумчаги (баъди хурок) тавсия медиханд. Доруи «Адонизид», ки аз З. тахия мешавад, барои истеъмол кардан (15 – 20 чакраги рузе 2 – 3 маротиба) ё фиристодан ба вена пешбини шудааст. Киёми хушки З. ба таркиби курсхои Бехтерев ва Адонис-бром дохил мешавад; онро рузе 2 маротиба яккурси таъин мекунанд.
Ад.: Кобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …