Главная / Илм / ЗАРДАЧуШ

ЗАРДАЧуШ

zardachushЗАРДАЧуШ (Pyrosis), хисси турши ва сузишест, ки бештар дар кисми поёнии сурхруда дар натичаи ба он гузаштани шираи меъда ба вучуд меояд. Сабаби З. аз хад зиёд ангезиш ёфтани луобпардаи сурхруда, ихтилоли кори меъда ва г. мебошад. З. бештар хангоми барзиёдии туршии шираи меъда руй медихад, аммо дар аснои норасои ва хатто дар таркиби шираи меъда набудани кислотаи хлорид низ мушохида мешавад.
З. иллати алохида набуда, аломати беморихои меъдаю руда (решмарази меъда, гастрит ва г.), илтихоби талхадон, чураи диафрагма ва г. аст. Баъзан ба мизочи одам мувофикат накардани гизо ё хатто хомилаги низ сабаби З. мешавад.
Барои рафъи З. бемории асосиро табобат мекунанд. Истифодаи дуру дароз моддахои ишкори (оби маъдании ишкорнок, сода ва г.) барои муоличаи З. зарар дорад. Хангоми пайдоиши З. аз тановули гизои тезу тунд, турш (занчабил, каламфур, зира, мурч, оби лиму ва г.) бояд даст кашид, чунки онхо боиси афзудани ихрочи шираи меъда мегарданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …