Главная / Илм / ЗАРБУ ЛАТ

ЗАРБУ ЛАТ

zarbu-latЗАРБУ ЛАТ (Traumatismus), садама, осеб, латхури, яке аз сабабхои дар чахон маъмули корношоямии муваккати ва устуворест, ки боиси фавти зиёди одамони синну солашон гуногун мегардад. З. л. ду хел мешавад: истехсоли ва гайриистехсоли. Сабаби З. л.-и истехсоли бештар вайрон кардани коидахои техникаи бехатари аст; он дар натичаи номукаммалии ихтисоси коргар, нодуруст ба рох мондани чараёни мехнат, гайри каноатбахш будани чои кор, асбобу анчом ва г. низ руй дода метавонад. Аз ин сабаб яке аз роххои асосии пешгири ва кам кардани З. л.-и истехсоли ташкили бехатарии мехнат, ба рох мондани кори хаматарафаи маорифи санитари, назорати катъии риояи коидахои техникаи бехатари ва г. мебошад (ниг. Мухофизати мехнат). Чорахои асосии бехатариро дар истехсолот маъмурияти муассисахои саноати ва кишоварзи якчоя бо комитетхои иттифоки касаба ба амал мебароранд. Дар муассисахои илмии санитарию гигиени ва травматологию ортопеди сабабхои З. л.-и истехсоли омухта шуда, коидахои нави техникаи бехатари, ки ба дарачаи тачхизоти техникии саноат мувофикат мекунанд, усулхои нави мубориза бо зарархои саноати ва г. тадкик карда мешаванд. Дар пешгирии З. л.-и истехсоли мавкеи пункти тибби ва шуъбаи тиббию санитарии муассисахои саноати, муассисахои тиббии дехот хеле мухим аст.
Аксари З. л.-хо берун аз истехсолот руй медиханд. Ба ин пеш аз хама З. л.-и роху наклиёт мансуб аст. Холо дар тамоми чахон афзудани чунин шакли З. ба мушохида мерасад (ба зиёд шудани шумораи автомобил, вусъат ёфтани иктидор ва суръати он вобастаги дорад). Ин гуна латхури нисбат ба дигар осебхо хеле вазнинтар аст. Аз тарафи ронандагон ва пиёдагардон риоя накардани коидахои харакати наклиёт, носозии техникии воситахои наклиёт ба ходисахои нохуш оварда мерасонад; махсусан дар шароити номусоидии рох (яхбанди) З. л хеле меафзояд. Аксари ходисахои нохуш бо айби пиёдагардон руй медихад. Бештар ин ходисахои нохуши рох бинобар истеъмоли машруботи спирти руй медиханд (ниг. Майзадаги). Ходисахои нохуши наклиёти хавои аз наклиёти автомобили камтар аст, вале осеби он хеле вазнин мебошад. З. л.-и куча (новобаста ба наклиёт) асосан хангоми дар рохи пиёдагарди лагжонак афтидан руй медихад. Аз он бештар одамони солхурда осеб мебинанд. Бенуксон нигох доштани роххои пиёдагард, рег пошидан, сари вакт аз ях тоза кардан ва диг. тадбирхо одамонро аз З. л. эмин медорад.
З. л.-и бачагон асосан ба синну сол, инкишофи рухи ва чисмони, тачрибаи ками зиндаги, кунчковии зиёд, бози ва г. вобаста аст. Барои пешгирии З. л.-и кудакон дар муассисахои бачагона ва хона тарзи дурусти зистро ба рох монда, аз бача бохабар будан зарур мебошад. Аксари З. л.-хои хонаги аз бетартиб нигох доштани асбобхои рузгор, эхтиёт накардани моддахои сузандаю тарканда ва диг. сабабхо руй медихад. Гайр аз сабабхои зикрёфта риоя накардани интизоми рох ва надонистани коидахои харакат дар рох низ боиси З. л.-и бачагон дар роххои мошингард ва куча мегардад. Бачагон метавонанд дар майдончахои носоз ва хангоми машгулиятхои спорти лат хуранд (чунин холатхо, одатан, дар мавридхое руй медиханд, ки машгулият хеле бад ба рох монда шуда, бе назорат мегузарад).
Дар аснои З. л. бояд ба осебёфта ёрии аввалин, табобати амбулатори ва ё статсионари расонда шавад. Аксар ёрии дуруст ва саривактии хамдигари ба табобати минбаъда мусоидат мекунад. Осебдидаро, алалхусус дар дехот, ба дармонгох бисёр вакт бо мошини худи мебаранд. Бинобар ин хар кас бояд аз ухдаи бастани бандина, тофтани хунбанд, ночунбонсозии дасту пойхои шикаста, додани нафаси сунъи баромада тавонад. Таргиботи васеъи тибби ба ахоли ва омузондани усулхои ёрии аввалини тибби ба коркунони милитсия, БДА, ронандагон, мураббиён, ва муаллимон хеле зарур аст.
Дар хама сеххои корхонахои саноати постхои санитари ташкил дода, онхоро бо воситахои зарурии ёрии аввалин таъмин мекунанд. Дар аксар мавридхо ба хар як коргар дорукуттии шахси низ дода мешавад.
Усул ва роххои ба муассисахои тибби хар чи зудтар расонидани осебдида такмил меёбанд (бо ин максад хатто аз чархбол истифода мебаранд). Дар байни бригадахои ёрии таъчили гуруххои махсусе мавчуданд, ки аз духтур-травматолог иборатанд. Агар дар беморхона табобат кардан зарур бошад, осебдидаро ба беморхонаи махсуси травматологи ва ё чаррохи мебаранд.
Ад.: Калнин Я.Я., Предупреждение сельскохозяйственного травматизма, Л., 1985; Пащук А.Ю., Быстрицкий М.И., Первая медицинская помощь при автодорожных травмах, М., 1986.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …