Главная / Илм / ЗАНГИЛА

ЗАНГИЛА

zangilaЗАНГИЛА (Scorbutus), синга, скорбут, як навъ бемори; авитаминоз ё гиповитаминози С дар давраи возех ба мушохида расидани падидахои болини (клиники)-и онхо. Бинобар дар организм кам будан ё нарасидани кислотаи аскорбинат ташаккули унсурхои гуногуни бофтахои пайванди, аз чумла коллаген, халал ёфта, боиси суст шудани устувори ва афзудани нуфузпазирии девораи рагхо, хуншори, ихтилоли сохтори тагояку устухонхо, костани робита байни онхо ва диафизу эпифизи устухонхои найчашакл, дандону алвеолахои чог, заъфи фаъолияти магзи устухон ва г. мегарданд. Зангила одатан, бо дигар намудхои витаминкохи якчоя ба вучуд меояд.
Аломатхои аввалини З. баъди 4 – 12 хафтаи катъ намудани истеъмоли витамини С ба назар мерасанд; хангоми ба организм кам ворид шудани витамини С бошад (гиповитаминози С), нишонахои З. баъди 4 – 6 мох фаро мерасанд. Беморон сусту бехолат шуда, хоболуди, дарди мушакхои соки по, сарчархзани ба вучуд меояд. Минбаъд аломатхои махсуси З. аз худ дарак медиханд. Милки дандонхо аввал сафед, баъд кабуд шуда, варам мекунанд, аз андак даст расондан хуншор мешаванд; канорхои милк гафс, исфанчмонанд, кабуди аргувони мегарданд (аз онхо хун меравад).

Зангила

Беморонро дард (хангоми жовиш) ва бисёр хорич шудани оби дахон азият медихад. Хангоми вазнин будани чараёни бемори дар милки дандонхо ярахо пайдо шуда, нафас бадбуй мегардад, дандонхо меафтанд. Пуст хушкида, тобиши зарди чигари пайдо мекунад; дар тахти пусти пой хуншорихо (аввал сурх, минбаъд кабуди аргувони) рух менамоянд. Дар мавриди вазнин будани чараёни маризи дар конъюнктива, насчи зери пуст (сурин, пушти ронхо, чукураки зери зону), кабати мушакхо (бештар мушакхои соки по), устухонпарда, бофтахои атрофи бандхо низ хуншорихои фаровон ба мушохида мерасанд; хуномосхои сахту дардманд пайдо мешаванд. Бинобар дарди мушак бемор дуруст рох рафта наметавонад. Мумкин аст узвхои дарун – меъда, руда, шуш, гурда, сифок, перикард, хонаи пеши чашм низ хуншор гарданд; маводи кай ва пешоб омехта бо хун меояд.
Шаклхои вазнин ва оризаноки З.-ро дар беморхона муолича мекунанд. Бештар хуроки сергизо (дорои витамини С), кислотаи аскорбинат, дорухои витамини таъин карда мешавад. Фарчоми бемории сабук хуб аст. Дар мавриди бемории оризанок мариз мумкин нобино шавад ё дуруст харакат карда натавонад. Бехтарин рохи пешгирии З. истеъмоли меваю сабзавот аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …