Главная / Илм / ЗАНЧАБИЛ

ЗАНЧАБИЛ

zanchabilЗАНЧАБИЛ (Zingiber offisinale), гармдору, растаниест бисёрсола. Баландиаш то 1 м; решапояи сергушт, барги нештаршакл, гули бунафштоби зард, хушагули саракмонанд дорад. Бехи З. хушбуй ва тунд буда, аз равгани эфир ва пайвасти фенолии гингерол иборат аст. Бехи хушки З.-ро дар саноати хуроквори истифода мебаранд. Он вобаста ба тарзи истехсол сафед (аз пуст тоза карда дар офтоб хушконда шудааст) ва сиёх (бо пусташ чушонда мехушконанд) мешавад. З.-ро Абуалии Сино дар табобати нукси чашм ва аъзои хозима кор мефармуд.
Ба акидаи табибони халки истеъмоли З. неруи хофиза ва узвхои хозимаро афзун мегардонад, гирехи чигарро мекушояд, бодхои гализи меъда ва рудахоро тахлил медихад, зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сустии олатхои пешоб ходис шуда бошанд, шифо мебахшад. З. исхолеро, ки аз вайрон шудани гизо ба амал омада бошад, манъ менамояд, захрхои хайвониро аз бадан дафъ мекунад, ташнагиро таскин медихад. З.-ро бо зардаи тухми мурги нимдунбул хамрох карда бихуранд, маниро зиёд мегардонад ва гафсии онро ислох менамояд.
З.-и хушкро махин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро дафъ мекунад, куфта гузошта банданд, узвхоро кави мегардонад, кузоз ва бавосирро шифо мебахшад. Вале истеъмоли З. ба халк зарар дорад (дар ин холат асал ва равгани бодоми ширин бихуранд, ислохи зарар менамояд). Микдори як бор хурдан аз З. рузе то 7 г аст.
Дар баъзе махалхо каламфурро низ «З.» меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …