Главная / Илм / ЗАНБуРУГ

ЗАНБуРУГ

zanburugЗАНБуРУГ корч, саморуг, растанихои дарачаи паст, ки хлорофилл надоранд. Дар катори олами наботот ва хайвонот З.-хо низ як олами мустакили табиати зинда ба шумор мераванд. То ба кариби З.-ро ба олами наботот нисбат медоданд, аммо баъди муайян кардани тафовути байни гизои растанихо ва З. онро хамчун олами мустакили табиат чудо карданд. З.-хо организми бе хлорофилл мебошанд. Гизои З.-хои паразит бофтахои зиндаи набототу хайвонот махсуб мешаванд. З.-хое низ хастанд, ки якчоя бо растанихои дигар меруянд.
З. дар хама чо – дар замин, об ва хаво мавчуд аст. Мавкеи он дар табиат ва хаёти инсон хеле калон мебошад. З. ба катори организмхое, ки ахамияти калони амали доранд, мансуб мебошад. З.-хо хурданибоб, захрнок, муоличави мешавад, баъзеи онхо хусусияти пусондани дарахтхоро хам доранд. Дар таркиби З. ферментхо мавчуданд, ки боиси вайрон шудани лигнину селлюлоза, тачзияи бокимондахои растани ва хосилхезии замин мегарданд. З.-ро барои истехсоли нон, пиво, панир, чургот ва г. фаровон истифода мебаранд. З.-хо боиси касалии наботот, хайвонот ва одамон низ мешаванд.
Холо такр. 100000 навъи З. ба руйхат гирифта шудааст. З.-хо ба гуруххои зиёд чудо мешаванд: хитридиевхо, зигомисетхо, омоисетхо, халтадор, номукаммал ва г. Вале аз ин микдори зиёд асосан З.-хои телпакчадор истеъмол мешаванд (телпакча ва пояи онхо аз хок берунанд). З.-ро сахарии барвакт, баробари тулуи офтоб, (шабнам пароканда нашуда) ё дар аснои борон чидан бехтар аст. З. эхтиёткориро меписандад ва онро ухдабароёна бояд чид. Агар хангоми чидани З. болояшро аз хасу хошок ва баргу алафхо тоза кунед, он хушк мешавад, яъне аз канда гирифтан тамоман махв мегардад. Барои он ки решаи З. 10 – 25 сол хосил дихад, онро бодиккат мебуранд ё дар атрофи пояаш ду – се маротиба эхтиёткорона тоб дода, охиста мекананд. Дар натича решаи З. ва чукурчае боки мемонад, ки онро бо хоку баргхо пушондан мумкин аст.
З. махсулоти пуркимати хуроки ва зудхазм аст. Дар таркибаш оби зиёд дошта, аз он хурок пухтан осон мебошад. З. таъму буи хуш, моддахои сергизо, витаминхо (А, В, Д, РР, С) дорад. Аз хамин сабаб, он чун махсулоти хуроки маъмул гаштааст. Гайр аз ин З. аз пайвастхои фосфор, сулфур, калий, хлор, рух, мис, хром, охан ва диг. микроэлементхо бой буда, аз 2,8 то 5% сафедахои зудхазм дорад. Махз барои хамин онро «гушти чангали» ё «гушти растани» меноманд. Моддахои равгани липоидхо ва фосфоридхои таркиби З. зудхазм мебошанд. Канди таркиби З. (глюкоза) онро сергизо ва ширин мекунад. Равганхои эфири З.-ро боз хам хушбуйтар менамоянд. Ба одамони солим хамаи таомхои занбуруги фоида дорад. Аммо шахсоне, ки ба касалии чигар, меъдаю руда гирифторанд, бояд аз истеъмоли таомхои занбуруги худдори кунанд.
Одамон аз замонхои кадим З., навъхои хурдани ва захрноки онро мешинохтанд ва дар рузгор истифода мебурданд. Аввалин сарчашмаи хатти, ки дастраси мост, ба а. 4 тааллук дорад. Олими Юнони Кадим Теофраст дар асархои худ бори аввал шампинйон, трюфел ва диг. З.-хои маъмули замонашро ном бурдааст.
Дар асари Абуали ибни Сино «Ал-Конун» рочеъ ба З. хамчун гизо ва воситаи табобат маълумоти мухим оварда шудаанд. Олими бузурги точик 1030 сол кабл аз ин занбуругро ба гуруххо чудо карда буд ва нуктаи назари у то кунун ба инобат гирифта мешавад. Ибни Сино З.-хои маълуми замонашро ба чор гурух чудо кардааст: «Калаъ» (шампинйон) – занбуругхои хурдани; «кама» (трюфел) ва «кушнач» (марсиел) – З.-хое, ки баъд аз шустану чушондан хурда мешаванд; «гарикум» – З.-хои дарахт, ки хусусияти муоличави доранд; ба гурухи чахорум З.-хои захрнок (занбуругхое, ки номи махсус надоранд) мансубанд.
Соли 1903 П. Е. Скворский З.-хои хурданиро, ки дар каламрави хозираи Точикистон пахн шудаанд, номбар карда, махсусан рочеъ ба шампинйони сахрои ва бурмазанбуруги богию дашти муфассал маълумот додааст. Холо дар Точикистон зиёда аз 50 навъи З. мавчуд аст. Онхо дар чангалхои кухи, чакалакзор, дар бехи дарахтони сафедору бед, сахрою бог, чарогоху маргзор меруянд.
Харчанд дар чумхури навъхои З. зиёд аст, одамон то 10 намуди онро мечинанд. Дар байни З.-хои хурдани З.-и сахроии сафедро, ки дар байни алафхои кухи меруяд, номбар кардан чоиз аст. Диаметри телпакчааш 15 – 20 см (баъзан то 50 см). Занбуруги нихоят болаззат буда, мардум онро бо майли тамом мечинанд. Аз З. таомхои гуногун тайёр кардан ва онро дар намаку сирко хобондан мумкин аст.
Шампинйон яке аз бехтарин З.-хои истеъмолбоб махсуб мешавад. Дар чумхури чанд навъи он – мукаррари, пулакчадор, дашти, сафед, дуспора, духалка ва шампинйони захрноки зард мавчуд аст. Онхо дар теппаю майдон, маргзору чарогох, полезу дашт, богу чорбог ва дар заминхои серпору меруянд. Шампинйони мукаррари гурух-гурух меруяд. Телпакчааш нимкура буда, болояш хамвор аст; рангаш сафед, баъзан зардчаи сиёхтоб, пулакчадор, диаметраш 5 – 15 см. Танааш рости кутох ва сафед, дилааш мулоим; хангоми кандан буи хуш мебарорад. Онро мечушонанд, бирён мекунанд ва дар сирко мехобонанд.
Шампинйони дуспора дар бисёр мамлакатхои чахон парвариш карда мешавад. Шампинйони захрнок низ мавчуд аст. Ранги он зард буда, шаклан шампинйони мукаррариро мемонад. Хангоми шикастани пояаш дилаи зардчатоби он намоён шуда, аз худ буи карбола мебарорад.
Бахорон дар гирду атрофи Душанбе, талу теппахо, богу заминхои хосилхез З.-и волвариеллаи зебо дучор мешавад. Телпакчааш зангулашакл, луобдор, сафед аст; диаметраш 6 – 12 см. Пулакчахояш аввал сафед буда, тадричан ранги гулоби мегиранд. Пояаш устувонашакл, лундаи сафед ва мавчдор, дилааш сафед, хангоми пухтан ва дар сирко хобондан хело болаззат мешавад.
Аксар вакт дар алафзорхо хамрохи волвариеллаи зебо строфарияи телпакчааш зард вомехурад. Баъзеи китъахо аз ин навъи З. пур шудаанд. Телпакчаи он нимкура аст; баъд барчастаи хамвор, камлуоб, зарди баланд мешавад (диаметраш 4 – 6 см). Пулакчахояш бунафшранги канорхояш сафед, пояаш сафедча, хатхои мудаввар дорад; дилааш сафед, хушбуй ва хуштаъм. Дар сирко ва намак хобондаи он хеле болаззат аст. Бирён хам мекунанд.
Вешенкаи мукаррариро баъзе мутахассисон бинобар аз тирамоху зимистон то бахор рустанаш З.-и зимистони номидаанд. Онхо гурух-гурух дар бехи дарахтони пахнбарг ва сузанбарг (бед, сафедор, чанор, заранг, санавбар) меруянд. Телпакчааш ба кифи калон монанд аст; рангаш бури сиёхтоб, зарди хокистари, диаметраш 5 – 20 см. Пулакчахояш сафед ё зард, пояаш устувонашакли кутох, сафед (баъзан бепоя низ мешавад). Дар аввал дилааш мулоим, сонитар сахт мегардад; рангаш сафед, таъм ва буи хуш дорад. Онро обчушу бирён кардан ва дар сирко хобондан мумкин аст.
Охирхои тирамох дар богу дарахтзорхо З.-и зимистони пайдо мешавад. Вале на хама медонанд, ки он З.-и хурданбоб аст. Онро обчушу бирён кардан ва дар сирко хобондан мумкин. З.-и зимистони, одатан, дар тана ва бехи дарахтони пахнбарг, махсусан дар бехи дарахтони бед меруяд. Телпакчааш барчаста, мулоим, зарди асалмонанд, миёначояш сиёхтоб буда, дар хавои намнок шилмак мешавад; диаметраш 3 – 8 см. Пулакчахояш сафед, пояаш устувонашакл, баъзан кач, махмалин; кисми болои пояаш зарди равшан, кисми поёнаш зарди дорчиннамо. Дилаи зард ва таъми хуш дорад; буяш мукаррарист.
Тускорчхо (тускорчи мукаррари ва хокистарранг) ба гурухи З.-хои найчашакл дохиланд. Онхо дар чангали дарахтони тус ва сафедор меруянд. Телпакчаи тускорчи мукаррари аввал барчаста, сипас болиштшакл мешавад; рангаш бури хокистарист. Кабати найчашакли масомадори он (сатхи поёни телпакча) аз магзаш (хокистарии бур) ба осони чудо мешавад. Поя ва дилааш сафедтоб; таъму буяш мукаррарист. Тускорчи хокистарранг зохиран ба тускорчи мукаррари монанд аст, вале аз он бо телпакчаи пурчини сиёхтоб, пояи тур-тур, пулакчахои дорчини ва дилаи бунафшранг фарк мекунад. Онро дампазу бирён кардан ва дар сирко хобонда истеъмол намудан мумкин аст.
Хангоми боронгари дар куххо ба микдори зиёд З.-хои борони (каллакалон, халтамонанд, бунафшранг, борутии хокистарранг, борутии сиёх) пайдо мешаванд. Бисёрихо ахамияти чунин З.-хоро намедонанд. З.-и боронии навраста сахт ва дохилу берунаш сафед мешавад. Аз он гизохои гуногун – шурбо, занбуругбирён тахия кардан мумкин аст; онро ба гушти кима низ хамрох мекунанд.
Ба З.-хои халтамонанд бурмазанбуруги мукаррари, конусшакл, сахрои, дурага ва г. мансубанд. Онхо бахорон (ох. март – авв. апрел) дар бешахои дарахтонашон пахнбарг, богхои мева, маргзор, водихо ва доманаи куххо меруянд.
Бурмазанбуруг тур-тур буда, телпакчааш чиндор, рангаш хокистари ё сиёх аст; канорхои поёнаш ба поя зич пайваст гаштаанд. Дилааш мулоим, зудшикан, буи хуш дорад.
Аз бурмазанбуруг таомхои нихоят болаззат тайёр мекунанд. Онро дар об пухтан, бирён кардан ва хушкондан мумкин аст; буи ачиб дорад.
Занбуругхои захрнок. Надонистани фарки З.-хои захрнок ва хурдани, инчунин беэхтиёти хангоми чидани онхо сабаби асосии захролуд шудани одамон мегардад. Баъзан аз З.-хои хурдании хушсифат низ агар аз меъёр зиёд истеъмол намоянд (махсусан ашхоси чигар ва меъдаашон иллатнок), инчунин хангоми истеъмоли З.-хои аз хад зиёд пухтарасида захролуд шудан мумкин аст. Аз ин ру, З.-хои захрнок ва хурданиро аз хамдигар фарк карда, аломатхои зохирии онхоро бояд донист. Факат он З.-хоеро чидан лозим аст, ки хуб мешиносед.
Дар Точикистон 8 намуди З.-хои захрнок меруяд: захркорч, кундакорчи зард, кундакорчи хиштранг, зардтоби конусшакл, корчи буйнок, корчи гулоби, телпаки кози (дутои охир марговар мебошанд).
Захркорч дар бешаи дарахтонаш пахнбарг, дарахтзору богот, чарогоххо руида, ба З.-хои хурдани бисёр монанд аст. Асосан бо ранги зарди телпакчаю пояаш фарк мекунад. Кундакорчи зард телпакчаи зарди сурхчатоб дорад. Пулакчахояш назаррабост (зарди баланд, хокистари, тадричан зайтунии бур мешавад). Корчи хиштранг номи худро аз ранги баланди телпакчааш гирифтааст (миёначояш хиштранг, ранги канорхояш равшантар). Пулакчахои бури зайтуни дорад. Фарки кундакорчи хакики аз калбаки дар хамин аст, ки пояи он халка надошта, дилааш бадбуй ва талх мебошад.
Занбуруги конусшакли зардтоб дар алафзорхои кушод, байни растанихои хушадори кухи меруяд. Телпакчааш конусшакл, зарди баланд ё норинчи буда, пеш аз пухтан сиёх мешавад. Пулакчахояш зард, пояаш зудшикан, телпакчааш сиёх, дилааш мулоим, зард; бую таъми махсус надорад.
Корчи буйнок дар бедзор, бог ва юганзор меруяд. Телпакчааш зангулашакл, доначадор, сафеднамо; миёначояш дорчинранг. Пулакчахояш сафедтоб, танааш сафедчаи каймокранг, дар кисми боло халка дорад. Дилааш сафед, хангоми буридан гулобиранг мешавад; буяш нохуши нафасгир.
Корчи гулобии бур захрноки марговар аст. Гурух-гурух дар богу дарахтзор, теппа ва алафзорхо меруяд. Телпакчааш пахн, чигарранги хокистари, дар наврастаги мулоим буда, баъдтар онро пулакчахои дорчини фаро мегиранд. Кисми болои танааш сафедча, кисми поёнаш чигарии баланд. Дилааш зардтоб аст; аз он буи мева меояд ва баъди хушкидан бадбуй мешавад.
Телпаки кози З.-и захрноки марговар аст. Тирамох дар чорбог ва алафзор чудо-чудо ё гурух-гурух месабзад. Телпакчааш барчаста, сафедтоб, гулобии буртоб, канорхояш равшан; пулакчахои сурхча дорад. Танааш сафедча, бехаш андаке гафс; дилааш сафед, буй ва таъми махсус надорад.
Истифодаи занбуруг дар пухту паз. З.-хои тару тоза, хушконида, намакин ва дар сирко хобондаро дар пухту паз истифода мебаранд. Аз онхо таомхои болаззат – шурбо, кабоб, пирог ва г. тайёр мекунанд. З. тез вайрон мешавад, аз ин ру баъди чидан, онро зуд барои истеъмол тайёр бояд кард. З.-ро аз руи навъу сифат барои хурокхои гуногун истифода мебаранд, мехушконанд, дар сиркою намак мехобонанд. Барои хушконидан ва дар намаку сирко хобондан З.-и тару тоза сахт ва ношикастаро интихоб кардан лозим аст.
Ниг. низ Захролуди аз занбуругхо.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …