Главная / Илм / ЗАНБуРИ АСАЛ

ЗАНБуРИ АСАЛ

zanburi-asalЗАНБуРИ АСАЛ (Apis mellifera), хашаротест пардабол. Дар бисёр кишвархои чахон маъмул аст. Оилаи З. а., одатан, аз модарзанбур (шохзанбур), даххо хаз. занбурхои кори ва чанд хаз. нарзанбурхо иборат мебошад. Бадани З. а. аз сарсина ва шикам, ки байни хам мутахаррик пайваст шудаанд, таркиб ёфтааст. Дар харду тарафи сар 2 чашми калони мураккаб ва дар фарки сар 3 чашми соддаи хурд дорад. З. а. якбора тамоми тарафхоро дида, рангхои зард, кабуд, кабуду сабз, бунафш ва ултрабунафш (барои инсон ноаён), инчунин шакли чизхо (хусусан гулхо)-ро нагз фарк мекунад. Дар кисми пеши сари З. а. як чуфт муйлабча (антенна) мавчуд аст, ки дар он узвхои шомма, ломиса ва сомеа чойгир шудаанд. Чог ва лаби поёни З. а. хартумчаро ташкил мекунанд, ки тавассути он занбур шахди гул ва аз сурохихои шон асал мегирад. Дар сар ва кисман сина гадудхои оби дахон ва «ширбарор» чой гирифтаанд. Синаи занбур аз чор банди ба хам пайваст иборат аст. Дар бандхои 2 ва 3-юм ду чуфт бол ва дар кисми поёни сина 3 чуфт пой мавчуд аст (чуфти окиби пойхо барои овардани гарди гул «сабадча» дорад). Суръати парвози занбури бе бор – то 65 км/с (занбуре, ки шахди гул дорад, дар як соат то 15 – 30 км парвоз мекунад). Парвози З. а. барои гирифтани шахд, одатан, 1 соат давом карда, дар «сабадча»-хояш 12 – 40 мг гарди гул меорад. Шиками модарзанбур ва занбури кори аз 6 ва нарзанбур аз 7 банд (халка) иборат аст. Дар халкахои 3 – 6-и шиками занбури кори як чуфти гадуди мумбарор вучуд дорад. Дар акиби бадани занбури кори ва модарзанбур узви мухофиз – неш мавчуд аст (нарзанбур неш надорад). Нуги неш дандончаи кач дорад ва бинобар ин баъди одамро газидан, занбур нешашро гирифта наметавонад (дар аснои кушиши парвоз кардан неш якчоя бо узвхои даруни канда шуда, занбур баъди 2 – 8 соат мемирад). Узви хозимаи З. а. аз дахон, гулу, сурхруда, рудаи миёнаю окиб ва гадуди асал иборат аст. Гадуди асал шакли халтачаро дошта, дар он шахд муваккатан нигох дошта мешавад. Аввалин амали ба асал табдил ёфтани шахд, ки бо таъсири ферментхои гадуди оби дахон ба вучуд меояд, дар хамин халтача мегузарад. Аз З. а. асал, муми асал, прополис, захри занбур (ниг. Захр) ва шири шохзанбур мегиранд. З. а. растанихоро гардолуд менамояд. Модарзанбур (дарозиаш то 25 мм) 2 – 3 сол муттасил тухм мегузорад; вай гадуди мумбарор надорад ва гарди гул чамъ намекунад. Занбурхои кори (дарозиашон то 15 мм) наслхоро тарбия карда, шон месозанд, шахду гард чамъ менамоянд, шахдро ба асал, гардро ба перга (гарди гули растани, ки занбур дар сурохихои шонхо чой карда, болояшро бо асал пушондааст) табдил медиханд ва кандуро химоя мекунанд. Онхо тобистон 35 – 40 ва бахору зимистон 6 – 8 мох умр мебинанд. Занбурхои нар дар кандухо аввали тобистон пайдо шуда, баъди бордор шудани модарзанбур мемиранд. Занбурхои нари бокимондаро занбурхои кори охири тирамох аз канду меронанд. Оилаи нави занбур бо рохи афзоиш ба вучуд меояд. З. а. дар хаво чуфти мешавад. Дар Точикистон занбурпарвари аз занбурхои вахшии кухи (каротоги, варзоби, рашти ва г.) ибтидо гирифтааст.
З. а.-ро аз кадимулайём бо максади гирифтани асал, гарди гул, шири шохзанбур, прополис, мум, захри ору мепарваранд. Бештари ин моддахо (прополис, шири шохзанбур, асал ва захри ору) аз кадим хамчун дору маъмуланд. Мас., прополис таъсири зиддимикроби, шири шохзанбур хосияти мухими гизои, захри ору таъсири зиддиилтихоби доранд. Аммо дорухои аз прополис ва захри ору тайёршударо бе тавсияи духтур истифода бурдан чоиз нест, чунки онхо ба авч гирифтани баъзе беморихо мусоидат мекунанд (мас., амрози чигар, гурда, гадуди зери меъда). Гайр аз ин захри ору аллергия ба вучуд меорад, ки барои хаёт хавфнок аст. Ниг. низ Хайвоноти захрдор.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …