Главная / Илм / ЗАМЧ

ЗАМЧ

zamchЗАМЧ, зок, кристаллогидрати намакхои дучанди сулфат, формулаи умумиашон Me2ISO4 • Me2III(SO4)3 • 24H2O ё MeINeIII(SO4)2 • 12H2O, дар инчо MeI, MeIII – катиони металлхои як ва севалента (мас., З.-и алюминию калийдор K2SO4 • Al2(SO4)3 • 24H2O. Элементхои нодирзамини севалента З. хосил намекунанд. З. дар шароити мукаррари собит бошад хам, хангоми гарм кардан ба З.-и пухта мубаддал мешавад. З. дар об пурра хал мешавад. Чунин махлул таъми турш ва хосияти карахткунанда дорад. З.-ро аз омезиши махлулхои гарми сулфати металлхои як ва севалента хосил мекунанд. Кристаллхои З. хангоми хунукшави чудо мешаванд. З.-и алюминию калийдор ва хрому калийдор [K2SO4 • Cr2(SO4)3 • 24H2O]-ро бештар истифода мебаранд. Онхоро дар суратгири, чармгари (чун воситаи даббоги), олкори (чун воситаи тезобдиханда хангоми ранг кардани матоъ ва г.) истифода мебаранд.
Ба акидаи табибони халки зокро сухта чун сурма ба чашм кашанд, гушахои чашмро аз хилм пок мекунад; агар онро бо асал сиришта кашанд, гафси ва дагалии пилки чашмро ислох менамояд. Агар онро ба воситаи найча ба даруни бини пур кунанд, хуни биниро манъ месозад. Зокро ос карда бо оби кашниз сиришта бимоланд, сурхбод, кутур ва хоришакро даво мешавад, захмхои тарро карахш мебандонад. Онро куфта бипошанд, барои хунрави аз хамаи узвхо, варами буни дандон ва мушакхои халк даво мешавад. Зоки сафедро куфта, бо асал хамир сохта, фатиларо ба он олонда, дар гуш гузоранд, захми даруни гушро шифо мебахшад, даруни гушро аз риму чирк тоза мекунад, дар макъад, ки бавосир дошта бошад, бардоранд, фоида мебахшад. Камтареро аз зоки сафед дар оби борон ё оби мукаттар (дистилятсияви) хал карда, дар чашм чаконанд, чашмро пок ва гули онро рафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …