Главная / Илм / ЗАЙТСЕВА Валентина Ивановна

ЗАЙТСЕВА Валентина Ивановна

zaytceva-valentinaЗАЙТСЕВА Валентина Ивановна (8. 11. 1911, ш. Верхнеуралски вил. Челябинск – 24. 10. 1977, Душанбе), терапевт, доктори илми тиб (1965), проф. (1966). Духтури хизматнишондодаи ЧШС Точ. (1952), Ходими хизматнишондодаи илми ЧШС Точ. (1961). Ин-ти тиббии Казонро (1934) хатм намуда, барои кор ба Точикистон омадааст. То с. 1942 дар табобатхонахои чумхури кор мекард. Аз с. 1942 ба ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино гузашта дар вазифахои гуногун (аз с. 1949 то поёни умр мудири кафедраи таълими беморихои дарун) фаъолият дошт. Доир ба омузиши пайдоиш, мудовимат ва муоличаи бугумдард (никрис, артроз, брутселлёз, артрити тарбоди ва г.) ва тадкики осоишгоххои Точикистон бештар аз 120 таълифот дорад. Доир ба мавзуи «Осоишгохи Хочаобигарм ва ахамияти табобатии он» рисолаи доктори химоя кардааст. Зери рохбарии З. ду наф. рисолахои номзади дифоъ намудаанд. З. дар тарбия ва ба воя расондани кадрхои тибби сахми босазо дорад. Депутати Шурои нох. Октябри ш. Душанбе (холо Исмоили Сомони; 1945 – 60) ва Депутати Шурои Олии ИЧШС (даъватхои 6 ва 7) буд. Бо медалхо ва Ифтихорномахои Раёсати Шурои Олии ЧШС Точ. сарфароз шудааст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …