Главная / Илм / ЗАХР

ЗАХР

zahrЗАХР (Toxinum), саммхо, токсинхо, моддахои химияви ва маводи гуногуни табии, ки хангоми ба организм рох ёфтан, боиси захролуди ва хатто марг мешаванд. Вобаста ба пайдоиш ду навъи З.-хоро фарк мекунанд: табии (З.-и наботот, хайвонот, микробхо, минералхо) ва сунъи ё химияви. Мувофики сохти химияви З.-хо одди (кислотаи синил, пайвастхои симоб ва г.), мураккаб (З.-и мор, каждум, занбур ва г.), аз руи тарзи таъсир маиши (шароб, никотин), гизои (З.-и бактерияхо, занбуругхо, мохихо ва г.) ва саноати (дар истехсолоти металлхои вазнин) мешаванд. З.-хои бактерияви бештар омухта шудаанд. Онхо ба экзотоксинхо (махсули сафедахое, ки онхоро бактерияхо ба мухит пахн мекунанд) ва эндотоксинхо (чузъхои таркибии бактерияхое, ки асосан карбогидрати ё липополисахариди буда, баъди вайрон шудани хучайрахои бактерия ба мухит рох меёбанд) чудо мешаванд. Экзотоксинхо хосияти бемориоварии микробхоро муайян мекунанд. Таъсири экзотоксинхо ба организм баъди давраи нихонии бемори зохир мешавад. Эндотоксинхо зудтар таъсир мекунанд, вале захрогинии онхо нисбат ба экзотоксинхо камтар аст. Бисёр эндотоксинхо дар харор. 60 – 80° дар давоми 10 – 20 дак. вайрон мешаванд. Эндотоксинхо ба гарми устувор буда, ба харорати баланд, хатто дуру дароз чушондан, тоб меоваранд. Ях кунонидан, об кардан ва хушк намудан ба фаъолияти З.-хо таъсир намерасонад. Таъсири формалин ва гарми экзотоксинхоро аз хосияти захрогини махрум месозад, вале кобилияти тахрик додани масуният (иммунитет) нигох дошта мешавад. Дар ин асос истехсоли анатоксинхоро ба рох мондаанд, ки онхо барои пешгири ва табобати баъзе беморихои сирояти истифода мешаванд.
Хангоми ба организм гузарондани экзотоксинхо ва анатоксинхо подтанхо (ниг. Иммунитет) пайдо мешаванд. Ин хосият имкон медихад, ки зардобхои табобати ва профилактики истехсол карда, зидди беморихое истифода баранд, ки ангезандаи онхо экзотоксин чудо мекунад. Баъзе махсулоти хайвонот ва наботот аз чихати хосиятхои биологи ба З.-хои бактерияви хеле наздиканд, мас., захри растанихо (ниг. Растанихои захрдор), захри мор, каждум, гунда ва г. (ниг. Хайвоноти захрдор).Ниг. низ маколахои чудогона оид ба Захролуди.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …