Главная / Илм / ЗАХРШИНОСи

ЗАХРШИНОСи

zahrshinosiЗАХРШИНОСи (Toxicologia), токсикология, илмест оид ба хосиятхои физики ва химиявии захрхо, тарзи таъсир ва тагйироте, ки онхо дар организм ба вучуд меоваранд. З. воситахои пешгири ва табобати захролуди, инчунин имконияти дар сохахои гуногуни хочагии халк истифода бурдани захрхоро дарёфт мекунад. З. аз руи вазифа ва усулхои тадкик бо фармакология сахт алокаманд аст, зеро вояи зиёди аксар дорухо мисли захр таъсир карда, баръакс, вояи ками баъзе захрхо таъсири шифобахш дорад.
Дар «Вандидод»-и Авесто оид ба захролуди, усулхои муборизаи зидди хашарот, мор ва диг. хайвоноти захрдор баъзе маълумот мавчуданд. Зикри баъзе захрхою таснифоти онхо ва захролуди дар тибби Дунёи Кадим – асархои Дискуридус (а. 1 м.) ва Чолинус (а. 2 м.) низ ба назар мерасад. Дар инкишофи З. ва чустучуи позахрхою тарзи истифодаи онхо Абуали ибни Сино, Мухаммад Закариёи Рози, Исмоили Чурчони ва диг. сахми арзанда доранд.
З.-и илми (миёнаи а. 19) баробари инкишофи тибби тачрибави ба нашри асари олимони франсави М. Ж. Орфида ва А. Рабюто алокаманд аст. Дар Точикистон ба омузиши З. дар лабораторияи химияи тибби суди, шуъбахои З.-и Пажухишгохи пешгирии беморихо, Пажухишгохи гастроэнтерология ва кафедрахои марбутаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино машгуланд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …