Главная / Илм / ЗАХРОЛУДи АЗ ЗАНБуРУГХО

ЗАХРОЛУДи АЗ ЗАНБуРУГХО

zahroludi-az-zanburughoЗАХРОЛУДи АЗ ЗАНБуРУГХО. Захролудии шадид аз занбуругхо асосан тирамоху бахор руй медихад. Вале ба як хисоб З. тамоми сол мушохида мешавад. Ин далели он аст, ки рагбати мардум ба чамъовари, тайёр ва захира кардани занбуругхо афзуда бошад хам, онхо дар бораи занбуругхо маълумоти кофи надоранд. Гайр аз ин пастсифат тайёр кардани занбуругхо метавонад ба окибатхои вазнин оварда расонад.
Занбуругхо гизои пуркиммат буда, ба се гурух чудо карда мешаванд: хурданбоб, шартан хурданбоб (яъне занбуругхое, ки пеш аз истеъмол коркарди махсуси таббохиро металабанд) ва захрнок. Одатан, одамон аз занбуругхои захрнок ва шартан хурданбоб захролуд мешаванд.
Аз занбуругхои захрнок телпаки кози, марги магас, шайтонзанбуруг маъмуланд. Захролуди аз телпаки кози хеле вазнин мегузарад (то 90 фоизи осебёфтагон халок мешаванд). Ин занбуруг дар таркибаш ду гурухи моддахои захрнок дорад: фаллоидини зудтаъсир ва аманитини дертаъсир, вале багоят захрнок. Хар ду чигар ва гурдаро аз кор мебароранд.
Захролуди аз телпаки кози чор давра дорад: давраи нихони (аз лахзаи истеъмоли занбуруг, ки 8 – 24 соат тул мекашад); осеб дидани меъдаю руда (аз 1 то 6 шаборуз давом мекунад; дар ин маврид организм аз сабаби исхол микдори зиёди об ва намакхои барои хаёт заруриро талаф медихад); ихтилоли кори чигар ва гурдахо (аз шаборузи 5 – 6-ум огоз меёбад); давраи шифо бо баркарор шудани кори узвхои зарардида (агар бемор зинда монад).
Нишонахои З., одатан, пас аз давраи нихони пайдо мешаванд. Онхо ногахон падид омада, тез шиддат мегиранд (дилбехузури, кай, дарди шикам, исхоли зиёд, баъзан бо омехтаи луоб ва хун). З. дар кудакон хеле вазнин буда, иллати фаъолияти чигар аксар вакт ба марг меанчомад.
Захролуди аз марги магас (мухамор) кам вомехурад, чунки онро аз занбуругхои хурданбоб зуд фарк кардан мумкин аст. Захри мускарин, ки дар такриби ин занбуруг вучуд дорад, боиси хаячони харакат, ихтилоч, тангии мардумаки чашм, афзудани оби дахон, арак, дарди шикам, дилбехузури, кай мегардад. Дертар хазаён ва таваххум (галлютсинатсия) падид меоянд. Нишонахои аввалини З. пас аз 1,5 – 6 соати истеъмоли занбуруг пайдо мешаванд.
Аломатхои захролуди аз занбуругхои шартан хурданбоб (дилбехузури, кай, исхол) пас аз 1 – 3 соати истеъмоли онхо ба мушохида мерасанд. Сабаби захролуди истеъмоли занбуругхои нодуруст нигохдошта ё дуруст пухтанашуда аст. Мариз баъди 1 – 2 руз шифо меёбад. Занбуруги строчок дар таркибаш кислотаи гелвеллат дорад, ки эритроситхоро нобуд (гемолиз) мекунад. Аввалин нишонахои захролуди бо дарди шикам, дилбехузури, кай, дарди сар (баъди 6 – 10 соат) падид меоянд. Хангоми захролудии вазнин (2 – 3 руз баъд аз гемолиз) зардпарвин инкишоф меёбад. Кислотаи гелвеллат ноустувор буда, хангоми таббохи зуд вайрон мешавад.
Дар сурати хар гуна З., хатто агар он хеле сабук бошад хам, фавран ба духтур мурочиат кардан ё зарардидаро ба беморхона бурдан зарур аст. Ба беморони мубталои захролудии шадид ёри расонида, хаминро бояд дар хотир дошт, ки самараи он бештар ба табобати бармахал вобаста аст. То омадани духтур меъда ва рудаи беморро шуста, уро ба бистар мехобонанд. Меъдаро бо оби ширгарм, намакоб ё махлули сусти перманганати калий мешуянд. Барои шустани рудахо маводи исхоловар (равгани канадона ё намаки исхол) ва барои пурра тоза шудани онхо хукнаро истифода мебаранд. Баркарор намудани моеъе, ки организм дар натичаи кай ва исхол гум мекунад, хеле зарур аст. Барои ин ба бемор чуръа-чуръа оби шуртаъм менушонанд (ин шиддати кай ва дилбечоиро паст мекунад) ё чои талх медиханд. Хангоми З. ба хеч вачх нушидани машруботи спирти мумкин нест, чунки онхо мучиби чаббиши фаврии захри занбуруг дар организм мегарданд.
Хангоми зуд ба бемористон бурдани зарардида табобати комплекси бо истифода аз аппарати «гурдаи сунъи» гузаронида мешавад. Ин хатто дар мавриди захролудии вазнин аз занбуругхо имкон медихад, ки бемор начот ёбад.
Ад.: Будагян Ф.Е., Пищевые токсикозы, токсикоинфекции и их профилактика, М., 1972.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …