Главная / Илм / ЗАХРОЛУДи АЗ ОКСИДИ КАРБОН

ЗАХРОЛУДи АЗ ОКСИДИ КАРБОН

zahroludi-az-oksidi-karbonЗАХРОЛУДи АЗ ОКСИДИ КАРБОН. Захролудии шадид аз оксиди карбон дар натичаи вайрон кардани коидахои истифодаи бухори (бармахал пушонидани дудкаш, дар мавриди вайрон будани он, сухтор, ихрочи газ ва г.) ба амал меояд. Гарчанд З. кам дучор ояд хам, холо дар дехот чой дорад. Захролудии шадиде, ки хангоми сухтор аз оксиди карбон ба амал омадааст, хеле вазнин мегузарад. Ходисахои захролуди аз газхои мошин (онхо то 10 фоиз гази карбон доранд) хангоми кори мухаррики автомобил дар гараж, инчунин мавриди дуру дароз нишастан дар кабинаи автомобил ё даруни автобусе, ки дархояш пушидаанд, руй медихад.
Оксиди карбон (СО) гази беранг буда, дар шакли холис буйи сусти сирпиёзро дорад. Одам онро хангоми нафас гирифтан хис намекунад, аз ин ру захролуди ноаён фаро мерасад. Оксиди карбон захри котил буда, аввало ба хун, сипас ба системаи асаб, бофтаи мушакхо, дил зарар мерасонад. Оксиди карбоне, ки аз шуш ба хун гузаштааст, ба гемоглобин нисбати оксиген 200 – 300 маротиба тезтар таъсир расонда, пайвасти устувори карбоксигемоглобин хосил мекунад. Гемоглобин бо оксиди карбон пайваст мешавад ва кобилияти аз шуш ба бофтахо бурдани оксигенро аз даст медихад. Ихтилоли фаъолияти хун боиси норасоии оксиген дар бофтахо, пеш аз хама дар магзи сар, мегардад. Аз сабаби кам шудани микдори оксигени хун нафастанги огоз меёбад.
З.-ро атфол, занони хомила, ашхоси гирифтори беморихои шушу дил хеле вазнин аз сар мегузаронанд. Агар микдори оксиди карбон дар таркиби хаво зиёд бошад (бештар аз 10 мг/л), дар он сурат одам якбора бехуш гашта, марг фаро мерасад. Бисёр вакт нишонахои З. тадричан инкишоф меёбанд. Аввалин нишонахои он дарди сар (баъзан дарди хеле сахт), сарчархзани, гуввоси гуш ва сиёхи задани чашм аст. Агар таъсири оксиди карбон катъ нагардад, зафъи умуми, сулфаи хушк ва кай падид меояд, вале одам аз хуш намеравад. Мумкин аст тахайюч пайваста бо фиреби босира ва сомеа пайдо шавад; бехоли, рухафтодаги, хоболуди авч мегирад. Дертар одам бехуш гашта, пуст сурх, мардумаки чашм васеъ мешавад; нафас аввал хирроси ва тез, сипас руяки ва ноаён аст.
Дар мавриди З. осебдидаро фавран ба хавои тоза бароварда, ба тахтапушт мехобонанд, гиребон ва камарбандашро мекушоянд. Дуру дароз нафас кашидани оксиген бехтарин воситаи табобат аст. Агар имкон бошад аз дорухона болишти оксигендор овардан лозим. Ба пешони ва кафаси сина ях мемонанд. Агар зарардида аз хуш нарафта бошад, пас ба у чои гарм ва кахва медиханд. Ба шахси бехуш пахтаи бо спирти навшодир таркардаро эхтиёткорона буй мекунонанд. Дар холати набудани нафас ё якбора катъ шудани он фавран ба нафасдихии сунъи (бо усули дахон ба дахон ё дахон ба бини) шуруъ менамоянд. Баъди ин хама осебдидаро зуд ба муассисаи табобати мебаранд.
Тадбирхои пешгирии З.: зич пушонидани даричаи бухори; ба кор надаровардани мотори автомобил дар мавриди пушида будани дари гараж; бисёр нанишастан ва хоб нарафтан дар мошине, ки дархояш баста ва мотораш кор карда истодааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …