Главная / Илм / ЗАХРОЛУДи АЗ МАВОДИ ХИМИЯВИИ КИШОВАРЗи

ЗАХРОЛУДи АЗ МАВОДИ ХИМИЯВИИ КИШОВАРЗи

zahroludi-az-mavodi-himiyavii-kishovarziЗАХРОЛУДи АЗ МАВОДИ ХИМИЯВИИ КИШОВАРЗи. Ба химикатхои захрноке, ки дар рузгор кор фармуда мешаванд, инсектисидхо (захрхои хашароткуш) мансубанд. Моддахое, ки барои мубориза бо хашароти зараррасон дар хона ва боготу киштзор истехсол мекунанд, хеле захрнок мебошанд. Хангоми ба рохи хозима ворид шудани хлорофос, карбофос ё нафас гирифтани буги онхо захролудии шадид ба амал меояд.
Хангоми ба рохи нафас афтодани захрхо сарчархзани, дилбехузури, ихтилоли босира, тахайючи рухи мушохида мешавад, осебдида араки бисёр мекунад. Дар мавриди сахван истеъмол намудани хлорофос ё карбофос кай, исхол, дарди сар ва сандуки сина, рафтани оби дахону бини ба назар мерасад; дар холатхои вазнин бехуши, ихтилоч, ихтилоли нафас (то хадди таваккуфи он), бехад суст гаштани кори дил, заъфи мушакхо, паст шудани фишори хун падид меояд.
Дар мавриди пайдоиши нишонахои захролуди аз хлорофос ё карбофос фавран духтурро даъват кардан зарур аст. Хангоми захролудии рохи нафас осебдидро то омадани духтур ба хавои тоза бароварда, либоси доруолудро мекашанд, чойхои лучи баданро бо об мешуянд; агар шахс маводи химиявии захрнокро истеъмол карда бошад, ба у 3 – 4 истакон об, бехтараш оби шур (0,5 чумча намак дар як истакон об) нушонида, бехи забонро зер мекунанд ва кай ба вучуд меоранд. Ин амалиётро бояд 4 – 5 маротиба такрор кард. Баъд як чумча дору – намаки исхол медиханд. Додани 5 – 6 курси бесалол ё бекарбон, нушонидани чои гарм бо нони коки сиёх айни муддаост. Пас аз ин, маризро бе болишт, бехтараш пару хобонда, руяшро ба ягон тараф мегардонанд, то ки кай рохи нафасро набандад. Агар нафаскаши мушкил шуда бошад, он гох (каблан рохи нафасро аз оби дахону луоб тоза намуда) ба нафасдихии сунъи шуруъ менамоянд. Меъдаи маризи бехушро метавонад факат корманди тиб шуяд.
Барои мубориза бо хояндахо зоосидхо ном моддахоро истифода мебаранд. Мушу калламушхо анвои зиёди хуроквориро нобуд ва бисёр беморихои сироятии барои инсон хеле хавфнок (тоун, туляремия ва г.)-ро пахн мекунанд. Истифодаи чунин захрхои котил, ба монанди стрихнин, арсени сафедранг, фосфиди рух манъ карда шудааст. Ба ивази онхо аз ратиндан (дифенатсин) ва крисид (нафтилмочевина) истифода мебаранд. Ин моддахо барои одам захрнок нестанд, вале онхоро тамоман безарар хисобидан низ нашояд (метавонанд боиси ихтилоли фаъолияти меъдаю рудахо шаванд). Пеш аз кор фармудан бо дастури истифодаи онхо шинос шудан хатмист.
Микдори зиёди моддахои захрнок дар кишоварзи истифода мешаванд. Барои безарар гардондани галладона, асосан маводи химиявии органикии симобдор – гранозан, меркуран ва г.-ро кор мефармоянд. Онхо ба организм аз рохи нафас (хангоми нафаскаши), тавассути меъдаю рудахо (мавриди бо оби дахон фуру бурдан, истеъмоли гизохои бо бокимондаи онхо олудашуда), бо пуст ва пардахои луоби дохил мешаванд (ба шири модар низ мегузаранд). Хангоми безарар гардондани тухми ва кишти галладона бинобар риоя накардани чорахои эхтиёти низ метавон захролуд шуд. Аломатхои захролуди аз гранозан ва меркуран пас аз чанд соат, 2 – 3 руз ва баъзан хафтахо зохир мегардад. Хангоми захролудии сабук дарди сар, дилбехузури, кай, дарди шикам, бехоли мушохида мешавад; оби дахон рафта, дахон таъми охан мекунад. Дар мавриди захролудии вазнин бехолии ногахони, хастаги, дарди сар, сарчархзани, бехуши, калавида рох гаштан, заъфи хотира, ихтилоли хоб (рузона хоболуди, шабона бехоби) ба вучуд меоянд. Асабоният, серхаячони, тарси номафхум, фиреби назар (галлютсинатсия) ва сомеа мушохида мешавад. Зимни осеби вазнини системаи асаб фалачи дасту по имконпазир аст. Ихтилоли меъдаю руда низ эхтимол дорад. Баъзан гингивит ва стоматит (милки дандонхо хуншор гашта, баъзан дар натичаи бо оби дахон чудо шудани симоб захм пайдо мекунад), дарди атрофи дил падид меояд.
Ба моддахои захрноке, ки арсен (марги муш) дошта, ба сифати пастисид истифода мешаванд, ангидриди арсенат, сабзаи парижи ва г. мансубанд. Арсен ба организм тавассути рохи нафас ва хозима рох меёбад. Вай бештар дар устухон, гурда, чигар, хусусан дар муй, нохун ва пуст гирд меояд. Аз организм асосан ба воситаи гурдаю рудахо хорич мешавад.
Агар захр бо рохи хозима дохил шуда бошад, ба зуди дар дахон таъми охан, дилбехузури, кайи пайдарпай, дарди сахти шикам пайдо мешавад. Маводи кай ранги сабз дорад, начосат моеъ ва ба оби биринчи пухта монанд мегардад; пешоб хеле кам шуда, холати вабомонанд ба амал меояд; зардпарвин, ташаннуч, кабудии пуст мушохида мешавад, сустии кори дил ва бехуши фаро мерасад. Ба организм рох ёфтани захри бисёр метавонад боиси сар задани фалачи захролуди гардад (нишонаи он саргаранги, бехуши, ташаннуч, ихтилоли ногахонии кори дил аст). Пас аз чанд соати захролуди бинобар катъи нафаскаши марг фаро мерасад. Хангоми захролуди аз чанг ё буги дорухо пардахои луоби ангезиш меёбанд, ки нишонахои он ашкрези, атса ва сурфаи якчоя бо дарди сахти сари сина аст; нафас танг ва пуст кабуд шуда, харорати бадан аввал баланд, баъд якбора паст мефарояд, ихтилоч ва окибат ихтилоли кори меъдаю руда рух медихад.
Дар байни маводи химиявии захрнокие, ки дар таркиби худ мис доранд, дахани фаранг ва моеъи бордоси маъмул аст. Онхоро барои мубориза бо хашароти зараррасони богу токзор кор мефармоянд. Хангоми ба рохи нафас афтодан, таъсири захрогини онхо бо варача зохир мешавад. Баъд аз чанд соати тамос табларзаи шадид пайдо шуда, харорати бадан то 39° (гохо баландтар) мерасад; минбаъд араки зиёд ва сустии бадан, дарди бекарори мушакхои дасту по ва сар, ангезиши рохи нафас, баъзан хунрави аз бини ва бронхити шадид мушохида мешавад, дарди меъда, дилбехузури, кай рух медихад. Бемори пас аз 2 – 3 шаборуз бо шифои комил меанчомад. Агар пайвастхои мис ба меъдаю руда дохил гарданд, дар дахон таъми нофорами филизот пайдо шуда, оби дахон меравад, дилбечошави ва кай (ранги сабз) мушохида мешавад. Баъзан дарди хуручмонанди шикам ва исхоли хунин ба вучуд меояд. Моддахои мазкур эритроситхои таркиби хунро нобуд карда, сабаби камхуни мегарданд, фаъолияти чигар ва гурда халал меёбад, пуст зард мешавад. Пайвастхои мис инчунин пуст ва пардахои луобии чашмро ба ангезиш меоваранд.
Барои мубориза бо касалихои занбуругии растани ва нобуд кардани кана аз сулфури хока ва коллоиди истифода мебаранд. Сулфур пусти бадан ва пардахои луобиро ба ангезиш оварда, дар натича дерматит, кубоъ, конъюнктивит, ларингит, бронхит рух менамоянд. Хангоми дуру дароз аз чанги сулфур нафас гирифтан, сар задани пневмокониозхо ва гастрит аз эхтимол дур нест.
Ангидриди сулфит, ки хамчун инсектисид истифода мешавад, нафакат пардаи луобии чашм ва роххои болои нафасро сахт меангезад, инчунин ба дигар узвхо низ таъсири зараровар мерасонад. Дар холатхои захролудии сабук аз ангидриди сулфит шоридани ашк, дарди чашм, сузиши гулу, сурфа, зуком, гирифтани овоз, сурх шудани сафедии чашм, пардаи луобии гулу ва бини мушохида мешавад. Мавриди захролудии вазнини аломатхои мазкур баъзан бо ихрочи балгами хунолуд, хунравии бини, нафастанги, кабуд шудани пуст, хафакон (бинобар ташаннучи рохи овоз ё ихтилоли гардиши хун дар шуш) рух медиханд.
Ба гурухи маводи химиявии захрноки алкалоиди, ки ба сифати пестисид истифода мешаванд, анабазин-сулфат ва никотин-сулфат мансубанд. Ин моддахо ба организм нафакат бо рохи нафас ва хозима, балки тавассути пуст, хатто пусти солим низ зарар мерасонанд. Онхо ба системаи асабхои маркази, хусусан ба маркази нафаскаши, таъсири номусоид меоранд. Дар сурати таъсири зиёди ин моддахо ангезиши маркази нафас ба фуру нишастан ва катъ гаштани нафас иваз мешавад. Мавриди захролудии шадид аз анабазин-сулфат сарчархзани, дарди сар, дилбехузури, баъзан кай, тезии набз, бемадории шадиди мушакхо, барзиёд рафтани оби дахон, серараки ба амал меояд. Дар холатхои вазнин хаячони рухи, ихтилоч, бехуши ва паст шудани фишори хун ба мушохида расида ин хама бо фавти бемор (аз сабаби катъ гаштани нафаскаши ва фаъолияти дил) анчом мепазирад. Захролудии шадид аз никотин-сулфат хеле кам вомехурад. Аломатхои он бо нишонахои захролуди аз анабазин-сулфат кариб як хел буда, чандон рушан нестанд.
Барои мубориза бо хашароти зараррасони галладона бромиди метил самарабахш аст. Аз он барои дератизатсия (нобуд кардани хояндахо)-и анбор, яхдонхо, элеваторхо ва г. васеъ истифода мебаранд. Доруи хеле захрнок мебошад. Хангоми ба рохи нафас афтодан, инчунин мавриди ба пуст, хусусан ба чойхои лучи бадан расидан, одамро захролуд месозад.
Давраи аввали захролудии шадид аз бромиди метил, одатан, ноаён мегузарад. Сипас бехолии умуми, сарчархзани, дарди сар, дилбехузури, баъзан кай, калавидан, ларзиши дасту по, ихтилоли босира, сурх шудани руй, тези ё сустии набз, паст шудани фишори хун сар мезананд. Нишонахои захролуди аз катъи тамос бо бромиди метил метавонанд нест шаванд. Давраи минбаъдаи бемори пас аз 2 – 12 соат ё 1 – 2 шаборузи захролуди огоз ёфта, бо паридани мушакхо, ларзиши забон ва дасту пой, дубини, ихтилоли харакат, васеъ шудани мардумаки чашм зохир мегардад. Дар холатхои вазнин хуручи ташаннуч ва бехушии сахт ба миён меояд. Фавтидани бемор аз эхтимол дур нест. Аксар вакт варами захрогин ва илтихоби шуш, иллати шадиди фаъолияти чигару гурдахо мушохида мешавад.
Пестисидхои хлорорганики ба сифати моддахои захрнок васеъ истифода мегарданд. Ба онхо гексахлоран (гексахлорсиклогексан; ГХСГ), гексахлорбутадиен ва г. мансубанд. Нишонахои зерин ба захролудии шадиди дарачаи сабук аз онхо хосанд: бемадори, дарди сар, сарчархзани, сустии хофиза, нооромии хоб, ноустувории эхсосоти, тундмизочи. Дар ин асос мумкин аст дилбехузури ва кай низ мушохида шавад. Намудхои вазнинтари захролуди бо осеби системаи асаб чараён мегирад: аввал махдудияти харакати дасту по, дертар фалач фаро мерасад. Гайр аз ин, ихтилоли кори чигар, гурда, меъда (нишонахои гастрит) имконпазир аст.
Дар сурати пайдо шудани нишонахои З. фавран духтурро даъват намудан зарур аст. Агар захролуди ба воситаи рохи нафас ба вукуъ омада бошад, то омадани духтур маризро ба хавои тоза бароварда, либосхои бо химикат олудаи уро мекашанд, чойхои лучи баданро бо об мешуянд. Хангоми ба рохи хозима афтодани захр, 3 – 4 истакон оби шуртаъм (0,5 чумча намак ба як истакон об)-ро менушонанд, бехи забонро зер карда, кай ба амал меоранд. Ин амалиётро 4 – 5 маротиба такрор бояд кард. Сипас як кошук намаки исхоловар медиханд. Истеъмоли 5 – 6 курси бесалол ё бекарбон самараи хуб меорад; ба зарардида хамчунин нони кок ва чои гарм хурондан лозим. Баъд беморро бе болишт, бехтараш пару, хобонда сарашро ба рост ё чап мегардонанд, то ки хангоми кай рохи нафас банд нагардад. Агар нафасгири мушкил бошад, пас нафасдихии сунъиро кор мефармоянд.
Шахсоне, ки бо моддахои захрогин сару кор доранд, бояд хар сол дар бораи риояи коидахои бехдошти шахси ва мехнат, пешгири намудани захролудии гизо, хавои атмосфера ва обанборхо, усулхои ёрии таъчили ба зарардидагон дастур гиранд.
Бехатарии кор бо моддахои химиявии захрнок ба дуруст ичро намудани коидахои мукарраршуда вобаста аст. Моддахои химиявиро факат дар зарфхои стандарти ва хавоногузар нигох медоранд (ба хеч вачх бе навиштачот ва дар шиша нигох доштани онхо мумкин нест). Пестисидхоро дар косаю табак ё дегча хал кардан манъ аст. Агар дар дастурамал гуфта шуда бошад, ки як курс карбофосро дар ¾ истакон об хал менамоянд, пас ин маънои онро дорад, ки бо истакон факат микдори обро чен карда, доруро дар дигар зарф хал намудан лозим аст.
Бинохои истикоматиро хангоми набудани одамон, хайвоноти хонаги, паранда ва мохихо безарар мегардонанд. Пеш аз ин, хамагуна зарфхо ва хуроквориро аз ошхона мебароранд. Одаме, ки дору мепошад, бояд дахону биниро бо никоби докагии чоркабата бандад, ба чашм айнаки махсус гирад. Пас аз истифодаи инсектисидхо хавои хонаро мудати дароз тоза кардан шарт аст. Бо дорухои гурухи хлорофос хонаи хобро шабона безарар гардондан катъиян манъ мебошад. Баъди кор бокимондаи инсектисидро дар чойхои барои кудакон дастнорас гузоштан лозим.
Ашхосе, ки корро ба итмом расонидаанд, бояд бо собун шустушу карда, либоси таг ва руйро иваз намоянд. Либосро дар махлули ишкори ё содаи чомашуи тар мекунанд, либосеро, ки шустан имкон надорад, шамол медиханд. Агар дар хона одамони гирифтори беморихои асаб, рухи, дилу рагхо ва зики нафас бошанд, истифодаи инсектисидхои фосфорорганики манъ аст.
Риояи чунин тадбирхои эхтиёти хангоми безарар гардондани дарахтони бог низ шарт аст. Инсектисидхо метавонанд бо мева, гучуммева ва сабзавот ба организм ворид шаванд. Бинобар ин коху, шалгамча, туршак ва диг. сабзавотро дору задан мумкин нест; дарахтони мева ва буттамеваро факат то гул карданашон дору мепошанд. Гучуммева ва меваро кабл аз истеъмол тоза мешуянд.
Барои пешгирии З. дар хона нигох доштани инсектисидхо манъ аст; микдори дорухо хар кадар зиёд бошад, гилзати буги онхо дар манзилгох хамон кадар меафзояд. Хамчунин дар рузгор истифода бурдани дорухои шубханоки зидди хашарот ва хояндахо тамоман норавост.
Хангоми кор фармудани моддахои захрогин барои руй надодани фалокат риояи тадбирхои зерин зарур мебошанд: пушидани дастпушак, пойафзоли сокбаланд ва либос аз газвори махсус ё резини, тез-тез иваз кардан ва шустани либоси махсус; дар сурати дар хаво мавчуд будани аэрозол истифодаи респираторхо; риоя намудани коидахои гигиенаи шахси; шустани даст, кабули ванна ё душ баъди анчоми кор; рох надодан ба кашидани тамоку ва истеъмоли гизо дар вакти кор.
Ад.: Атабаев Ш.Т., Влияние остаточных количеств пестицидов на пищевую ценность овощей и плодов, Ташкент, 1976; Артамонова В.Г., Неотложеная помощь при профессиональных интоксикациях, Л., 1981.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …