ЗАХРОЛУДи АЗ ХАЙВОНОТ. Хар сол дар чахон аз газидани морхои захрдор 30 – 40 хаз. наф. одам ба халокат мерасад. Дар ИМА соле то 50 млн ходисаи газидани хашароти бандпой (ору, тортанак, каждум ва г.) ба кайд гирифта мешавад. Окибати марговари неш задани орухо назар ба газидани чарангмор се маротиба зиёд аст.
Захролуди дар натичаи истеъмоли мохихои захрнок соле кариб 20 хаз. нафарро ташкил медихад (аз онхо беш аз 300 наф. халок мегардад).
Хайвонот ва хашарот (ниг. Хайвоноти захрдор) дар чараёни инкишофи дуру дароз ва мутобикат ба мухити атроф захрдор шудаанд. «Аслихаи захрогин» – захре, ки онхо дар мубориза барои хаёт истифода мебаранд, гуногун буда, тарзи истифодаи он низ фарк мекунад. Рохи фаъоли ба организми хариф фиристодани захр неш задан (тортанакхо, занбури асал, орухо) ва газидан (морхо) аст. Рохи гайрифаъол – гун шудани захр дар баъзе узву бофтахост, ки истифодаи онхо дар хурок боиси захролуди мегардад.
Микдори морхои захрнок хеле бисёр аст. Дар Точикистон бештар намудхои гуногуни мори гурза дучор меояд. Хучуми мори гурза ба одам, одатан, хусусияти мудофиави дорад. Чои моргазида дард мекунад, варам ва сурх шуда, мумкин аст ба тамоми дасту по пахн шавад. Ин зухурот натичаи ба организми одам таъсир расонидани ферментхои протеаза ва гиалуронидаза аст. Ферментхои мазкур боиси нуфузпазирии барзиёди рагхо ва таровиши кисми моеъи хун ба бофтахо мегарданд. Захролудии вазнин пайваста бо баланд шудани харорати бадан, дилбехузури ва кай чараён мегирад. Баъзан (хусусан дар кудакон) ташаннуч, ихтилоли рухи (хазён) ва суст гаштани фаъолияти дил мушохида мешавад. Захри диг. морхо, мас., кубро ва афъи бештар таъсири умуми дорад. Ба он заъфи мушакхо, аз чумла мушакхои гулу ва забон хос аст. Дар натича моргазида наметавонад харф занад ё чизеро фуру барад. Нишонаи мудхиши чунин захролуди фалачи мушакхои нафас мебошад, ки ба таъсири захри кураре шабохат дорад.
Пас аз газидани мор бо максади расонидани ёрии аввалин фавран аз захм катрахои хунро фишурда бароварда, захрро бо дахон макидан ва мунтазам оби дахонро туф кардан лозим аст. Сузонидани чои захм ва буридани атрофи он хеле хавфнок мебошад, зеро хатари ба захм ворид шудани микробхои касалиовар меафзояд. Бастани жгут (сахт бастани даст ё пой) низ чоиз нест, чунки гардиши хун халал ёфта, варам ва хуншории зери пуст ба амал меояд. Бехаракат нигох доштани узви зарардида (чун дар холати шикасти устухон) бо ёрии чабира (шина) ё диг. ашёи дастрас хеле мухим аст. Харчи зудтар гузаронидани позахр, ки дар муассисахои муоличави мавчуд аст, ахамияти калон дорад. Одатан, якбора зардоби зидди кузоз хам мегузаронанд, чунки захм барои сирояти ангезандахои он «дарвозаи даромад» мебошад. Дар хама холати газидани мор фавран ба духтур мурочиат бояд кард.
Хангоми газидани хашароти захрнок, махсусан гунда ва бий (тарантул) низ ёрии аввалин ва муолича мисли газидани мор аст. Таъсири захри онхо аз захри мор бо хамин фарк мекунад, ки чои захм сахт дардманд мешавад. Бинобар ин бо максади пешгирии шок ба осебдида дорухои рафъи дард (аналгин, кислотаи асетилсалитсилат) медиханд (агар ин дорухо набошанд, 50 – 100 мл спирти этили 30%-а додан мумкин).
Бисёр неш задани ору ва диг. занбурхо барои одам хавфнок аст, хусусан агар хассосият ба таъсири захри онхо зиёд бошад. Дар ин сурат гайр аз варами чузъии бофтахо, баланд гаштани харорати бадан ва дарди сахти сар низ мушохида шуда, эхтимол ташаннуч ва ихтилоли хуш ба вучуд ояд. Хангоми пайдоиши алоими мазкур ба пешони латтаи тар ё зарфи яхдор мегузоранд, ба шахс як истакон чои сиёхи ширин нушонида, кислотаи атсетилсалитсилат (1 г) медиханд, сипас духтурро даъват менамоянд. Агар ору газида бошад, албатта неши онро аз захм баровардан лозим аст.
Хаминро низ бояд дар назар дошт, ки тухми намакхурдаи баъзе мохихои шикори (ширмохи, мохии муйлабдор, тосмохихо) низ сабаби захролудии гизои (кай, исхол, дарди шикам) мегарданд. Дар ин холатхо бо максади расондани ёрии аввалин меъдаро мешуянд, доруи исхоловар (30 г намаки сулфати магний) ва бесалол (1 – 2 курс) мехуронанд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …