Главная / Илм / ЗАХРИ ЗАНБуР

ЗАХРИ ЗАНБуР

zahri-zanburЗАХРИ ЗАНБуР, апитоксин, махсули гадуди неши занбури асали коргар. Аз сафедаи фаъоли биологи (мелиттон), ферментхо (гиалуронидаза ва фасфолипазаи А), кислотахои органики, систамин ва диг. моддахо иборат аст. З. з. хосияти ангезишовари, рафъи илтихоб ва холинолизи дошта, лахтабанди ва холестерини хунро кам, гемоглобинро зиёд мекунад. З. з. барои муоличаи беморихои тарбоди, миозит, радикулит, невралгия, хангоми баъзе беморихои аллерги, эндартериити фарогир, тромбофлебит кор фармуда мешавад.
Хангоми зиёд кардани воя ё хассосияти баланд доштан нисбати З. з. сардард, дилбехузури, кай, саглес, дарди мавзеи дил, дилзани, дарди камар ва банду бугум, табларза, бехуши ва г. ба вучуд меояд. Истифодаи дорухои З. з. дар мавриди беморихои сирояти, чигар, хун, гурда, гадуди зери меъда, диабети канди, амрози римнок, беморихои силсилаи дилу рагхо, рухи ва г. чоиз нест. Занхо (хусусан дар давраи хайз ва хомилаги), кудакон ва пиронсолон ба таъсири З. з. хассосияти баланд доранд.
Ба дорухои нисбатан маъмули З. з. апизартрон, виранин, апифор мансубанд.
Апизартрон (Apisarthronum) дар шакли хока истехсол карда мешавад. Онро дар шишачахо (0,001 г) ба фуруш мебароранд. Махлулро ба тарзи extempore омода карда, ба пуст мефиристанд. Мархами апизартронро ба пуст мемоланд. Дар саночакхо (20 г) гирифта шудааст, гайр аз З. з. хамчунин метилсалитсилати 10% ва равгани эфири хардали 1%-а дорад. Дар чои торик нигох медоранд. Ба руйихати дорухои Б мансуб аст.
Вирапин (Virapin) дар шакли мархам истехсол мешавад. Хар 1 грамми он аз 0,15 мг З. з. иборат аст. Рузе 1 – 2 маротиба ба пуст молида мешавад.
Курси «Апифор» (Tabulettae «Apiphorum») аз 0,001 г З. з. иборат аст. Барои электрофорез кор фармуда мешавад. Бевосита пеш аз истифода курсхоро дар оби тактири (дистилятсияви) хал мекунанд (1 курс дар 20 мл об). Дар чои торик нигох медоранд. Ба дорухои руйхати Б мансубанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …