Главная / Илм / ЗАХРИ МОР

ЗАХРИ МОР

zahri-morЗАХРИ МОР дар тиб, як навъ дору; бо максади рафъи дард ва илтихоб хангоми невралгия, артралгия, миалгия, радикулит, артрит, миозит ва периартрит кор мефармоянд. Дорухои З. м. барои истифодаи парентерали (гайри рохи хозима; випералгин, випраксин, наяксин) ва ба пуст молидан (випратокс, мархамхои «Випросел», «Випросал В») пешбини шудаанд. Барои тахияи ин дорухо захри морхои гуногун истифода мегарданд. Мас., таркиби випроксин ва мархами «Випросал В» аз захри мори шибо (гадюка), наяксин аз захри кубро, «Випросал» аз захри гурза иборат аст. Випратокс аз омехтаи захри морхои гуногун таркиб ёфтааст.
Дорухои истифодаашон парентералиро ба дохил ва зери пуст, баъзан ба мушак мефиристанд. Дар ин маврид чои доруфиристода сузиш ва варам мекунад (чанд сония).
Тарзи таъсири дорухои З. м. маълум нест. Дорухои З. м., одатан, барои организм хушпазир мебошанд. Вале хангоми баланд будани хассосияти фарди онхо метавонанд боиси пайдоиши хориш, саглес, зуком ва г. шаванд. Дар чунин маврид вояи дорухоро кам ё истифодаи онхоро умуман катъ мекунанд. Барои бартараф сохтани таъсири номатлуби З. м. дорухои зиддиаллергиро кор мефармоянд.
Тазрики (инъексия) дорухои З. м. хангоми бемории сили шуш, табларза, нукси дил, иллати хунгардиши магзи сар, осеби узвии гурдахо ва чигар чоиз нест. Онхоро ба занхои хомила ва ширхорадор, хамчунин ба одамони хассосияташон баланд таъин намекунанд. Ба дорухои асосии З. м. мансубанд:
Випералгин (Viperalgin) ба дохил ва зери пуст, хамчунин ба мушак фиристода мешавад. Онро аз 0,1 мл сар карда, тадричан то ошкор шудани аксуламали чузъии пуст 0,1 мл-и зиёд менамоянд. Бевосита пеш аз истифода мухтавои ампула (0,0001 г)-ро дар 1 мл махлули хлориди натрий (хамрохи дору медиханд) хал кардан лозим аст. Дору бо фосилаи на камтар аз 24 соат фиристода мешавад. Дар охири давраи муолича вояи доруро тадричан кам мекунанд. Випералгин дар шакли ампула (0,0001 г хока) истехсол карда мешавад. Ба руйхати дорухои гурухи А мансуб аст.
Випраксин барои тазрик (Vipraxinum pro injectionibus)-ро ба дохил ва зери пуст, хамчунин ба мушак мефиристанд (аз 0,2 мл сар мекунанд). Тазрики навбатиро на пештар аз 3 руз такрор карда, вояро 0,1 мл меафзоянд. Дар сурати рух намудани аксуламали чузъии возех вояхои минбаъдаро хамин тавр идома медиханд. Хангоми барои бемор хушпазир будани дору вояи онро метавон тадричан то 0,3 – 0,4 мл зиёд ва фосилаи байни доругузаронихоро то 24 соат кам кард. Вояи бештарини якбора 1 мл буда, барои як даври муолича, одатан, 10 ампула мефармоянд. Ба як чой на бештар аз 0,4 мл дору фиристодан лозим аст. Дар сурати зиёд будани воя, пас онро бояд ба 2 – 3 чой равона кард. Бо максади суст нагаштани фаъолияти дору онро дар шпритси хунуккарда мегиранд. Аз ин лихоз шпритсу сузандоруро бо спирт тоза кардан лозим нест. Дар шакли ампула (0,1 мл) истехсол мешавад. Ба руйхати дорухои А мансуб аст. Дар чои салкин ва торик нигахдори бояд кард.
Випратокс (Vipratox)-ро рузе 1 – 2 маротиба 3 – 6 г-и ба пуст мемоланд. Дар саночак (45 г) гирифта мешавад.
Мархами «Випросал» (Unguentum «Viprosalum») рузе 1 – 2 маротиба 5 – 10 г-и ба пуст молида мешавад. Дар саночакхо (20; 30; 40 ва 50 г) мегиранд.
Мархами «Випросал В» (Unguentum «Viprosalum В»)-ро низ мисли мархами «Випросал» кор мефармоянд. Дар саночакхои 15; 25; 40 ва 50 г гирифта мешавад.
Наяксин (Najaxinum) рузе як маротиба ба зери пуст ё мушак фиристода мешавад. Тазрикро аз 0,2 мл сар карда, тадричан 0,1 – 0,2 мл-и зиёд менамоянд. Фосилаи доругузаронихо 1 – 3 руз аст. Вояи бештарини якбора – 2 мл. Дар як даври муолича аз 12 то 20 тазрик (инъексия) таъин карда мешавад. Табобати такрори баъди 4 хафта равост. Дар шакли ампула (1 мл) истехсол мешавад. Ба руйхати дорухои гурухи А мансуб аст. Дар чои салкин ва торик нигох медоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …