Главная / Илм / ЗАГИРБУТТА

ЗАГИРБУТТА

zagirbuttaЗАГИРБУТТА (Linaria vulgaris), гиёхест бисёрсола. Аз 20 то 90 см кад мекашад. Пояаш рост, баргаш пайдархам, дарозруяи нештаршакл, гулаш зард, тухмаш пахни сиёх. Мохи июл гул мекунад. Алафи бегонаи богот аст. Бо максади доруи сараки растаниро дар давраи гулшукуфт мегундоранд; дар чои соя хушконида мешавад.
Дар тибби халки З.-ро хангоми нафастанги, камхуни, зардпарвин, обхура, чурра, ихтилоли мубодилаи моддахо ва чун давои балгамовар (хангоми сурфа), киччарон ва позахр (хангоми захролуди) тавсия медиханд. Мархами онро дар мавриди амрози пуст кор мефармоянд, баъзан барои муоличаи бавосир истифода мебаранд. Барои тахияи мархам 2 хисса алафи З.-ро дар 5 хисса равгани хук метасфонанд; сипас даворо полонда ба доначахои бавосир мемоланд. Аз ин гуна мархам барои табобати экзема ва шукуфа низ метавон истифода бурд.
Чушоби З. давои пешоброн ва исхоловар аст, бо он зардпарвин, беморихои дил, чакидани пешоб, назлаи масона ва бавосирро даво мебахшанд. Хар шаб 2 – 3 чумчаги истеъмол намудани накеъи З. (2 чумча дар як истакон оби чуш) кабзияти музминро бартараф мекунад. Агар 3 чумча баргу пояи хушки З.-ро дар 1 л оби чуш чой карда, нимистакони нушанд, барои касалихои чигар, кабзият, бавосир муфид аст. Чушоби тухми он (15 – 30 г дар 1 л об) давои хуби талхарон ва исхоловар мебошад. Дар тибби муосир чушоби З.-ро чун давои зардарон, мусхил ва пешоброн тавсия медиханд. Бо ин максад 20 г алафи онро реза карда, ба оби харор. хона меандозанд ва 30 дак. мечушонанд; даворо полонда ба ягон зарфи тоза мегиранд.
Ад.: Кобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …