Главная / Илм / ЗАГИРАК

ЗАГИРАК

zagirakЗАГИРАК (Linaria popovii), загиргиёх, загиркахак, гиёхест бисёрсола. Аз 20 то 100 см кад мекашад. Пояаш рост, бешох, кисми болоияш шохчадор. Баргаш пайдархами бедумча, нештаршакл. Гулаш зардтоб, тухмаш бури сиёхтоб, гурдашакл. Апр. – авг. гул карда тухм мебандад.
З. дар биёбон, бешазори гармсер, маргзорхои субалпи, заминхои бекорхобида, канори роххо, дарёбод, нишебихои серсангу шагал ва чун алафи бегона дар киштзори лалми меруяд. Дар мавзеъхои Курама, Мевагул, Сирдарё, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, Точикистони Чануби ва Помири Гарби пахн шудааст.
Табибони халки (асосан дар шимоли Точикистон) накеъ ё чойи «алаф»-и З.-ро чун давои талхарон, исхоловар, пешоброн ва аракрон тавсия медиханд. Чушоби тухми З. давои хуби киччарон аст. Бо чушоби баргу пояи З. хангоми касалихои пуст (шукуфа, экзема, хоришак) оббози мекунанд. Дар баргу пояи З. алкалоиди пеганин ёфт шудааст, ки хангоми заъф ва дистрофияи мушакхо, миопатия давои хуб мебошад (онро 1-курси рузе 2 – 3 маротиба таъин мекунанд). Мукаррар шудааст, ки пеганин фишори шараёнро паст карда, ба фаъолияти рудахо таквият мебахшад, таъсири талхарони ва мусхил (дарунрон) дорад.
Ад.: Кобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …