Главная / Илм / ЗАГИР дар Канзи Шифо (Китоб)

ЗАГИР дар Канзи Шифо (Китоб)

zagir-660x330ЗАГИР (Загер) — Ин растании зироати ва маълум аст, кадаш то 50-70 сантиметр мехезад ва камтар аз он низ мешавад. Гулаш бунафш, тухмаш дар куббае пур ва зич чой гирифтааст, кариб ба тухми кунчид монанд аст. Аз пояи он наххо хосил карда, матоъ мебофанд. Либосаш дар гармои тобистон бисёр салкин медорад.

Мизочи растаниаш хунук ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: пушидани либоси загирпояги чарохати баданро дафъ, араки баданро кам ва хушк мекунад; барои иллатхои кутур, хориши бадан ва варами сахт фоида дорад; ин яке аз либосхои одамони гарммизоч ва фасли гармо мебошад. Дар либоси ин шапуш назар ба пушоки пахтагин камтар чамъ ва пайдо мешавад, зеро ки бар бадан хуб намечаспад, либоси ношустаи он хушккунанда мебошад, хусусан дар зимистон.

Хох нахаш ва хох гиёхашро сухта дудашро бигиранд, гирехи магзи сар ва зукомро мекушояд, холи нохуши бачадонро ислох мекунад. Агар сухтаи инро бипошанд, хуни равони чарохатро манъ мекунад ва захми онро ба хам оварда сихат мебахшад. Инчунин даруни захмхоро бо латтаи загирпояги пур кунанд низ, дахани онхоро ба хам оварда сихат мекунад.

Хакими машхур Шариф гуфтааст: «Агар хоханд, ки бадан логар гардад, дар зимистон либоси загирпоягии нав, яъне ношустаи онро бипушанд ва дар тобистон либоси шустаи онро бипушанд. Агар хар кас хохад, ки логар нагардад, дар зимистон шустаи онро ва дар тобистон нави онро бипушад».

Гули загирро бихуранд, фарах меоварад, дилро кави мегардонад. Ранги тухмаш гуногун аст: зарди тира, моил ба сурхи, кисме сиёх ва навъе аз он сафед аст. Мизочи тухмаш дар дарачаи якум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: тухмашро куфта, бо оби хунук сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз варам кардани пардахо ва худи майна бошад, шифо мебахшад; хориши майнаро дафъ мекунад ва захмхои сарро ба ибро меоварад.

zagir-1-225x30010 грамм тухми загирро дар 200 грамм об бичушонанд, он об моддаи шилмак мегардад, хамин луоби тухми загир хисоб меёбад. Луоби тухми загирро дар чашм чаконанд ё онро ба чашм бимоланд, сурхии онро дафъ мекунад.

Загирро куфта, бо асал хамир сохта, лесида бихуранд, сурфаи балгамиро шифо мебахшад. 20-грамм тухми загирро куфта бихуранд, узвхои даруни синаро аз моддахои зарарнок ва нодаркор пок мегардонад, варами чигарро пазонида тахлил медихад ва дигар узвхои бадан варам карда бошанд, варами онхоро мегардонад. Агар ин микдорро бирён карда, куфта бихуранд, хун кай кардан ва сурфаи тарро шифо мебахшад.

Хар руз 2,25 грамми онро куфта бихуранд, дарди рудахоро нест мекунад, пешобро меронад, арак меоварад, шири занхо ва хайзи онхоро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад, захми гурда ва хичакро ба ибро меоварад.

Чун 11 грамм тухми он аз хасхо пок карда, дар об чушонида, луоби онро якчо бо тухмхояш биёшоманд ва чанд руз бо ин мудовамат намоянд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Агар ин, яъне луоби тухмноки онро бо асал ширин карда бинушанд, варами сипурзро тахлил медихад. Ба ин луоби тухмдораш, ки бо асал ширин карда шудааст, 4-5 дона мурчро куфта, ба он дохил намуда, хамаашро биёшоманд ва хамин тавр шаш-хафт руз мудовамат намоянд, барои касоне, ки аз мардиашон махрум гашта бошанд, аз нав баркарори хислати марди медихад.

Агар камтареро дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна, яъне клизма кунанд, моддахои бегонаро ихроч менамояд, сузиши рудахо ва бачадонро таскин медихад. Дар обе, ки тухми загир чушонида шуда бошад, ба такрори амал занхо то ноф даромада нишинанд, холи бади бачадонро ислох мекунад ё агар ба дудаш бидоранд хам, хамин навъ таъсирро дорад.

zagir-2

Тухми загирро куфта гузошта банданд, варами сахтро тахлил медихад, решхои сарро шифо мебахшад. Инро бо анчир сиришта бибанданд, догхои кунчидакро дафъ мекунад; бо танакор ва хокистар даромехта гузошта банданд, озаххоро хушк карда мерезонад; бо равгани кунчид хамир сохта гузошта банданд, захмхоро шифо мебахшад ва инчунин дард ва сузиши онхоро таскин медихад. Тухми загирро сухта, соида, бипошанд, чарохатхоро хушк мекунад, инчунин дарду сузиши онхоро хам таскин медихад.

Вале истеъмоли тухми загир ба дарун аз хад зиёд гардад, чашмро торик мекунад, дар ин холат кашниз бояд хурд, ки ислохи зарари он намояд; ба хозима хам зарар мекунад — дар ин маврид сиканчабин бихуранд; ба хояхо хам зиён дорад — давои ин асал хурдан аст. Микдори як бор хурдан дар як руз аз тухми загир аз 10,5 то 14 грамм аст.

Ба чойи ин хулбаро истеъмол намоянд, раво мебошад. Мизочи равгани загир гарм ва тар аст. Агар равгани загирро бо равгани гули сурх хамрох карда, бо он хукна кунанд, дарди чарохати рудахоро таскин медихад.

Ин равганро аз ру бимоланд, дарди дилро таскин медихад, шукуфаи пуст ва чарохатро шифо мебахшад, инчунин дарди чарохатро хам сокин мекунад. Равгани загирро хох дог карда ё дог нокарда биёшоманд, кулинчи инсонро, ки ба забони руси колит меноманд, дафъ мекунад. Агар инро бардавом бимоланд, чашмро заиф ва бохро суст мекунад — давои ин зарархояш сиканчабин хурдан аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …