Главная / Илм / ЗАБУДА

ЗАБУДА

zabudaЗАБУДА, адвиёчот, дорувор, хушбуихо, махсулоти наботие, ки тунду хуштаъм ва хушбуй буда, онхороба микдори кам ба хурок хамрох мекунанд. Маъмултарин З.-хо хардал, мурч, каламфур, зарчуба, барги дарахти гор, дорчин, каранфул, зира, бодиён, чавзбуё ва г. мебошанд. Сир, пиёз, росан, инчунин чаъфари, шибит, кашнич, пудина, наъно, райхон ва г. аз кабили сабзавоти хушбую хуштаъманд. Каламфури сурх, каранфул ва мурчро куфта ё нокуфта ба хурок хамрох мекунанд. Мурчу каламфур бинобар дар таркибашон доштани равганхои эфир ва моддахои тезу тунд, хушбую хуштаъм мебошанд.
Равганхои эфир ва диг. моддахои мушкину хуштаъми сабзавот ба онхо бую лаззати хос мебахшанд. Сабзавоти хушбую хуштаъм бо витаминхои таркиб (асосан кислотаи аскорбинат, каротин, кислотаи фолиат, пиридоксин) аз дигар З.-хо фарк мекунанд. Гайр аз ин онхо дар таркиби худ микдори зиёди моддахои зиддибактерияви доранд. Аз ин сабаб онхоро чун дору низ истифода мебаранд.
Дар кишвархои гуногун бисёр махсулоти наботиро ба сифати З. истеъмол мекунанд. Аз хад зиёд истеъмол кардани З.-хо зарар дорад. Хангоми беморихои муайян (гастрит, решмараз ва г.) аз сабаби таъсири ангезанда доштан, З.-ро кам истеъмол кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …