Главная / Илм / ЗАБОН

ЗАБОН

zabonЗАБОН (Lingua), узви мушакиест дар чавфи дахон. З. дар омехта сохтану фуру додани гизо, артикулятсияи садохо ва нутк ширкат меварзад. З. нуг, бех ва тана дошта, аз мушакхои худи (дарозруя, кундаланг ва уфуки) ва скелети (мушакхои манаху забони, зерзабону забони ва дарафшу забони) таркиб ёфтааст. Мушакхои худи З. гафсии забонро ташкил медиханд; мушакхои скелети барои харакати З. ва ором нигох доштани он хидмат мекунанд.
Дар сатхи болои З. дар байни тана ва бех чуяке мавчуд аст, ки ба хиссахои чап ва рост чудо мешавад; хиссахо кунчи кундро ба вучуд меоранд, ки дар куллаи он сурохи сарбаста чой гирифтааст (вай сархади байни кисми пеш ва кафои З. мебошад). Дар зери З. чинхо мавчуданд, ки канори онхо андаке дандонадор аст. Аз маркази зери забон ба каъри чавфи дахон чини луобпарда – лачомак мефарояд. Луобпарда, хусусан дар пушт ва канорхои З., аз пистонакхо иборат аст. Пистонакхо ришташакл, махрутшакл, занбуругшакл, баргакмонанд ва новашакл мебошанд. Дар эпителияи пистонакхои занбуругшакл, баргакмонанд ва новашакл ретсепторхои зоика чой гирифтаанд. Пистонакхои ришташакл ва махрутшакл бошанд, аз ретсепторхои хисси дард, харорат ва ломиса иборатанд.
Дар кабати луобпардаи бехи З. бодомакхои З. мавчуд мебошанд. Дар зери луобпарда ва байни мушакхои З. гадудхои оби дахон чой доранд.
З.-ро шохаи берунии артерияи суботи (артерияи забон) бо хун таъмин мекунад.
Ба нукси инкишофи З. кутох будани лачомак, макроглоссия (калонзабони) ва чинзабони мансубанд. Кутох будани лачомак дар кудакони хурд боиси душвории синамаки ва дар кудакони калон мучиби ихтилоли нутк мешавад. Онро бо рохи чаррохи табобат мекунанд. Сабаби макроглоссия инкишофи аз хад зиёди мушакхои З. ё омоси гайрисаратони аст. Дар аснои макроглоссия баъзан З. дар дахон намегунчад.
Ба осебхои З. газидан, буридан тааллук доранд. Дар З. беморихои глоссит, думбал, флегмона, споротрихоз, омосхои саратони ва г. низ ба мушохида мерасанд.
КЛ
Забон ва кисми балъум (намуд аз боло): 1 – нуги забон; 2 – танаи забон; 3 – канори забон; 4 – чуяки мобайни забон; 5 – пистонакхои баргакмонанд; 6 – пистонакхои занбуругмонанд; 7 – пистонакхои новашакл; 8 – чуяки сархади; 9 – сурохи сарбастаи забон; 10 – бехи забон; 11 – бодомаки забон; 12 – чини забону болои халкум; 13 – сарпуши гулу; 14 – чукурчаи нокшакл; 15 – чини обгиракшаклу ханчара; 16 – роги садо; 17 – чоки байниобгиракшакл.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …