Главная / Илм / ЗАБОНСуЗОНАК

ЗАБОНСуЗОНАК

zabonsuzonakЗАБОНСуЗОНАК (Polugonum hydropiper), забонгазак, сагкуш, занчабили оби, гиёхест яксолаи нихоят тунд. Аз 10 то 70 см кад мекашад. Пояи рости сершохча (одатан сурхтоб), барги нештаршакл (дарозиаш 2,5 – 10 см, бараш 0,4 – 1,7 см), гули майдаи сабзтоб ё гулоби, хушагули саракмонанд (дарозиаш 4 – 12 см), чормагзаки секирраи сиёх, бур ё чигарранги тира дорад. Июл – сент. гул мекунад.
З. одатан дар лаби чуй, шибарзамин, сохили дарё, маргзори нам ва шолипоя меруяд. Дар Точикистон дар к-куххои Зарафшон, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Сирдарё, Точикистони Чануби ва Помири Гарби (дар баландии 400 – 2200 м аз с.б.) месабзад.
Бо максади доруи сараки З.-ро дар давраи гулшукуфт чамъовари намуда, дар чои соя мехушконанд. То 2 сол нигох доштан мумкин аст. Он хамчун доруи зидди дарунрави ва боздорандаи хун истифода мешуд. Мувофики маълумоти Абуалии Сино З. гиёхест шабехи сабзавот, дар об ё дар наздикии он меруяд. Таъмаш ба занчабил монанд аст. Баргаш шабехи барги бед, пояаш сурх буда сагро мекушад. Агар З.-и тарро бо гулаш куфта банданд омосхои сахтро нест, захмхои руйро тоза, доги кунчидак ва хуни мурдаро нест мекунад.
Бино ба акидаи табибони халки агар З.-ро бихуранд, меъда ва чигарро гарм мегардонад, гизоро хазм мекунад. Барг ва самарашро куфта гузошта банданд, варамхои сахти балгамии барчастаро тахлил медихад, доги пуст ва кабудии зери чашмро дур месозад. Решаашро куфта гузошта банданд, доги кунчидак ва хамин кабил догхоро, ки кухна ва сахт шуда бошанд, бошидат дафъ мекунад.
Дар тибби мардумии Точикистон киёми З.-ро хангоми бавосир истифода мебаранд, баргхои тар ё мархами бо равгани гов омехтаи онро ба омос ва захмхо мебанданд. Гайр аз ин, чойи сараки З.-ро хангоми исхол ва беморихои меъдаю руда (газак ва захми меъда) менушанд. Дар аснои беморихои пуст (шукуфа, экзема, хоришак) бо чушоби З. оббози мекунанд. Дар тибби илми накеъи обии З. (20,0:200,0)-ро истифода мебаранд (1 чумчаи рузе 3 маротиба). Киёми он (рузе як маротиба 30 – 40 чакраги) давои хунбанд (хангоми хунравии бачадон) аст. Доруи «гидропиперин»-ро, ки аз З. истехсол мешавад, ба сифати давои хунбанд хангоми хунравии бачадон (меноррагия ва дисменорея) ва бавосир кор мефармоянд. Киёми З. лахтабандии хунро зиёд, нуфузпазирии мурагхоро суст ва кашиши мушакхои бачадонро тез мекунад. З. ба таркиби шамъакхои зидди бавосир («анестезол» ва «анузол») дохил карда мешавад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …