Главная / Илм / Воситахои техникии нигахдории информатсия

Воситахои техникии нигахдории информатсия

Бояд кайд намуд, ки информатсияи дар ягон баранда махфузбуда, хатман дар он осори (пай, асар, накш) худро мегузорад. Намуди баранда ахамият надорад. Вай метавонад санг, дарахт, когаз, лента ё диски магнити, ё оптики ва ё фотоплёнка бошад. Агар осори информатсия дар шакли ягон аломат дар руи санг, танаи дарахт ё когаз гузошта шуда бошад, он гох гуфтан метавон, ки вай бо ёрии дасти инсон ва ягон асбоб – искана, калам ё мукалам ичро карда шудааст. Чунин осорро бо чашми одди низ дидан мумкин аст. Вале агар ба сифати барандаи информатсия фотоплёнка, лентаи магнити ё диски лазери истифода шавад, он гох барои дар онхо нигахдории информатсия тачхизоти махсус –табдилдихандагони информатсия лозиманд.

slide-0Масалан, барои сабти информатсия дар фотоплёнка фотоаппарат ва дар лентаи магнити – магнитофон заруранд. Хусусияти фарккунандаи ин намуд барандагон он аст, ки хам барои сабти информатсия дар онхо ва хам аз онхо хондани информатсия воситахои махсуси техники заруранд. Ин дар навбати худ, новобаста аз иштироки инсон, имконияти механизатсия ва автоматизатсиякунонии раванди хондану навиштани информатсияро фарохам меоварад.

Имруз мукаммалгардонии компютер, хамчун воситаи универсалии (хамакораи) коркарди информатсия, ба ихтирои як катор тачхизоте сабаб гаштааст, ки онхо барои дар шакли махсуси электрони нигах доштани информатсия хизмат мерасонанд.

Гарчанде фотоплёнка ва лентаи магнити бисёр эхтиёчоти инсонро конеъ гардонанд хам, онхо аз камбудихо ори нестанд. Масалан, бо гузашти вакт фоторасмхо тира мешаванд ва хангоми такрор ба такрор гуш кардани грампластинкахо сабтхои магнити сифати худро гум менамоянд. Дар даврони мо сабти магнити тарзи аз хама пахнгардида ба шумор меравад.

Вале ин гуна сабтхо дар зери таъсири оханрабо ва харорат зуд вайрон мешаванд. Барои нигахдории микдори начандон калони информатсия аз дискхои магнитии каиш (floppy disks) истифода мебаранд. Ин дискхоро ба наздики Zip-дискхо иваз менамоянд. Барои нигахдории микдори зиёди информатсия бошад, аз дискхои «сахт» (hard disks) истифода мебаранд, ки онхоро винчестерхо низ мегуянд.

Вактхои охир бо афзудани хачми информатсияи кабул ва интиколшаванда шакли нави барандагони он –дискхои лазери пайдо шудаанд. Диски лазери – диски секабатаест, ки аз шиша ё пластмассаи мустахкам сохта шудааст. Дар байни ду кабати тунуки пластмасси ё шишагини хифзкунанда кабати бенихоят тунуки фолгаи металлии аз нукра ё тилло сохташуда чойгир аст. Дар чунин диск информатсия бо ёрии нури лазерисабт карда мешавад. Вале дар диски лазери информатсияро хамаги як маротиба сабт намудан мумкин аст. Камбудии дискхои лазери дар шакли дигари дискхо – дискхои магнитооптики бартараф карда шудаанд, ки онхо дар худ хам арзишхои барандагони магнити ва хам оптикиро доранд. Дискхои магнитооптики дискхои калонхачм ба шумор рафта, хосиятхои компакти (зичи, чафси), мобайли (зудхаракати, мутахаррики) ва азнавсабткунии информатсияро дороянд.

Компютер – воситаи пуриктидори дарёфт, табдил ва ирсоли информатсия. Ихтирооти инкилобии асри XX компютер аст. Компютер хам барандаи информатсия ва хам воситаи дастраскунандаи он ба истифодабарандагон мебошад. Компютер бе иштироки бевоситаи инсон метавонад аз хатхои алока – телефон, радио, коинот, оптика ва гайра истифода бурда, бо ёрии укёнуси бепоёни информатсиони ва идоракунии программави ба кори тачхизоти дилхохи истехсоли таъсир расонад.

Дар хакикат, компютер, ки онро мувофики функсияи асосии ибтидоиаш мошини электронии хисоббарор (МЭХ) низ ном мебаранд, яке аз дастовардхои бузургтарини илму техникаи хозиразамон ба хисоб меравад. Худи маънои калимаи компютер (computer) низ дар забони точики хисоббарор аст.

Компютер тачхизотест, ки тавассути ичрои пайдарпайии дастурхои барои он фахмо информатсияро ба таври автомати табдил медихад.

Кариб хар сол схема ва сохти ин мошинхо такмил ёфта, сохахои тадбики онхо васеъ мегарданд. Ба хисоби миёна кариб хар ду сол дар технологияи истехсол, конструксия ва методхои истифодабарии компютерхои фарди тагйиротхое ба вучуд меоянд, ки бешубха дар бораи пайдошавии насли нави онхо сухан рондан лозим меояд.

Имруз компютер, ки аслан барои халли масъалахои хисобкуни сохта шуда буд, тадбики худро дар идоракунии равандхои истехсоли, хисоббарории масъалахои иктисоди, нигохдори ва коркарди маълумотхои омори, хамчун манбаи пуриктидори маълумотдиханда, дар тархрезии равандхои физики, дар рушди фаъолияти фикрии одамон ва гайра ёфтааст.

Гуфтан мумкин аст, ки офариниши компютер бо бехтарин комёбихои инсон, аз кабили кашф кардани оташ, азхудкунии кувваи барк, ихтирои чарх, бунёди механизмхои буги, истифодабарии энергияи атоми ва дигар кашфиёт дар як поя карор гирифтааст. Ихтирооти номбурда дар рушди истехсолоти чамъияти ва болоравии тафаккури инсон накши багоят калоне бозидаанд. Ба туфайли онхо шароит ва сатхи зиндагии одамон баланд гардида, куввахои истехсолии чамъияти ба кулли тагйир ёфтааст. Агар мошинхои мукаррари имкониятхои чисмонии одамро васеъ гардонида бошанд, пас компютер неруи аклонию зехнии онро баланд бардоштааст. Тараккии минбаъдаи техникаи электрони ба он оварда мерасонад, ки дар бисёр сохахои фаъолияти фикрию чисмонии инсон компютер ба ёрдамчии тавоно ва бегарази он табдил меёбад.

Худро санчед:

  1. Кадом амалиётхо равандхои информатсиониро ташкил медиханд?
  2. Кадом барандагони информатсияро медонед?
  3. Барои дарёфти информатсия аз кадом баранда истифода бурдан кулай аст? Барои захира, ирсол чи?
  4. Калимаи «компютер» чиро мефахмонад? Сахми вай дар равандхои дарёфт, захира, табдил ва ирсоли информатсия аз чи иборат аст?
  5. Ихтирои компютерро бо кадом дастовардхои бехтарини инсоният мукоиса намудан мумкин аст?

Ичро кунед:

  1. Мавзуъро бодиккат хонед ва доир ба фаъолияти информатсионии инсон накл ё хикоя нависед.
  2. Доир ба воситахои техникии нигахдории информатсия маълумот дихед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …