Главная / Чамъият / Воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо

Воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 1999, №12, мод.312; соли 2002, № 4, к.1, мод.266; соли 2006, №4, мод. 192; соли 2007, №7, мод. 661; КЧТ аз 22.07.2013с. №988) 

БОБИ I.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Максади Конуни мазкур бо назардошти хифзи саломатии ахоли, амнияти давлати ва чамъияти, амали намудани сиёсати давлати ва шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо, мубориза бар зидди муомилоти гайриконунии онхо, пешгирии нашъамандию токсикоманди ва расонидани ёрии наркологи ба шахсони гирифтори нашъаманди ва токсикоманди мебошад. 

nashador

Моддаи 2. Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мешаванд

Дар  конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо-фаъолият оид ба киштукори растанихои нашъадор бо  максадхои илми, тахия, истехсол, тайёр кардан, коркард, нигох доштан, интикол, муросилот, додан, фуруш, таксимот, сохиб шудан, истифода, воридот ва содирот, ки дар асоси ичозатнома амали карда мешаванд ва нобуд кардан, ки бе ичозатнома ба амал бароварда мешавад;

муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо – фаъолияти вобаста ба киштукори растанихои нашъадор, тахия, истехсол, тайёр кардан, коркард, нигахдошт, интикол, фиристонидан, додан, фуруш, таксимот, сохиб шудан, истифода, воридот, содирот ва нобуд кардани воситахои нашъадор воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо,ки бар хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад;

Квотаи давлатии воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  (минбаъд Квотаи давлати) – микдори муайяни воситахои нашъадор ва моддахои психотропи, ки бо назардошти шартномахои байналмилали, ба максади муомилоти конуни аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар шудааст;

Руйхати миллии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо (минбаъд Руйхати милли) – номгуихои муназзами воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо, ки муомилоташон манъ ё махдуд буда, дар Чумхурии Точикистон зери назорат карор доранд;

воситахои нашъадор – маводи сунъи ё табии, шаклхои дорувории онхо, инчунин растанихое, ки дар Конвенсияхои байналмилалии дахлдор ва Руйхати милли айнан гурухбанд шудаанд;

моддахои психотропи  – маводи сунъи ё табии, шаклхои дорувории онхо, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Руйхати милли айнан гурухбанд шудаанд;

прекурсорхо – маводе, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Руйхати милли хамчун асос ё ёрирасон барои истехсол, тайёр кардан ва коркарди воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  гурухбанд шудаанд;

киштукори растанихои нашъадор – кишт ва нигохубини растанихое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Руйхати милли айнан гурухбанд шудаанд;

истехсоли воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  – амалиёте, ки барои хосил кардани пайдарпаи (сериявии) воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  равона шудааст;

коркарди воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  – амалиёте, ки дар натичаи онхо воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  аз омехтахо тоза мешаванд ё ба дигар моддахои ба воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  мансуб набуда, табдил дода мешаванд;

тайёр кардани воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  – амалиёте, ки дар натичаи онхо аз воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо шаклхои барои истифода тайёри воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  ё шаклхои дорувории онхо хосил карда мешаванд;

таксимоти воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  – амалиёте, ки дар натичаи он шахсони хукукии мушаххас тибки тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон микдори барои онхо муайяннамудаи воситахои нашъадор ва моддахои психотропиро барои муомилот мегиранд;

интиколи воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  – аз як чо ба чои дигар бурдани воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо дар худуди каламрави Чумхурии Точикистон, новобаста аз намуди наклиёти истифодашуда;

воридоту содироти воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо – гузаронидани воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо ба каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон ё аз каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон;

истеъмоли гайриконунии воситахои нашъадор ва моддахои психотропи– истеъмоли воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  бе таъиноти духтур;

суиистеъмоли воситахои нашъадор ва моддахои психотропи – ба таври мунтазам касдан  истеъмол намудани воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  бе таъиноти духтур;

сохиб шудан ба воситахои нашъадор , моддахои психотропи ва прекурсорхо – харидан, ёфта аз они худ кардан, гирифтан ба ивази дигар Аше ва мол, карз ё хадя ва ба ивази карз додани воситахои нашъадор , моддахои психотропи ва прекурсорхо, инчунин чамъ намудани растанихои нашъадори худруй ё кисмхои онхо, ё ин ки ба бокимондахои хифзнашавандаи кишти растанихои нашъадор баъди чамъоварии онхо ва бо дигар  роххо сохиб шудан;

фиристонидани воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо – интикол додани воситахои нашъадор , моддахои психотропи ва прекурсорхо ба воситаи почта ва шуъбахои багоч  ва ё бо дигар  тарз бе иштироки интиколдиханда;

нигох доштани воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо – хама гунна амалиёте, ки бо касдона ихтиёрдори намудани (бо худ, дар бино, дар пинхонгох ва дигар чойхо) воситахои нашъадор , моддахои психотропи ва прекурсорхо алокаманданд;

ба сохибияти каси дигар додани воситахои нашъадор , моддахои психотропи ва прекурсорхо – хама гуна тарзхои пахн намудани (фуруш,хадя, иваз, ба ивази карз додан, додани карз ва бо дигар тарз) воситахои нашъадор , моддахои психотропи ва прекурсорхо;

бемори нашъаманд (токсикоманд) – шахсе, ки нисбати у аз чониби сохторхои салохиятдори вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон бемории нашъаманди (токсикоманди) ташхис шудааст;

нашъаманди – беморие, ки аз захролудшавии паихами организм дар катичаи суиистеъмоли воситахои нашъадор, ки дар Конвенсияхои байналхалкии дахлдор ва Руйхати милли айнан гурухбанд шудаанд ба вучуд омада, ба вобастагии рухию чисмони аз онхо тавсия мешавад;

токсикоманди – беморие, ки аз захролудшавии паихами организм дар натичаи суиистеъмоли маводи дорувори ва маводхои дигари ба воситахои нашъадор мансуб набуда ба вучуд омада, ба вобастагии рухию чисмони аз онхо тавсиф мешавад. 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон барои воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрию хукуки, инчунин шартномахои байналмилалии аз чониби Чумхурии Точикистон эътирофшуда, иборат аст. 

БОБИ II.

МОНОПОЛИЯИ ДАВЛАТИ ДОИР БА намудхои асосии ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ МУОМИЛОТИ ВОСИТАХОИ НАШЪАДОР.

НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ МУОМИЛОТИ МОДДАХОИ ПСИХОТРОПИ  ВА ПРЕКУРСОРХО

 

Моддаи 4. Монополияи давлати доир ба намудхои асосии фаъолият дар сохаи муомилоти воситахои нашаъдор. Назорати давлати дар сохаи муомилоти воситахои нашъадор , моддахои психотропи ва прекурсорхо

Дар Чумхурии Точикистон доир ба намудхои асосии фаъолият дар сохаи муомилоти воситахои нашъадор : киштукори растанихои нашъадор, тахия, истехсол, тайёр кардан, коркард, таксимот,  воридот ба Чумхури ва содирот аз он, инчунин ба нобуд кардан:монополияи давлати амал мекунад.

Намудхои асосии фаъолият дар сохаи муомилоти воситахои нашъадор аз тарафи ташкилотхои давлатидар асоси ичозатнома ва дар доираи квотаи давлати сурат мегирад.

Фаъолият дар сохаи муомилоти воситахои нашъадор  вобаста ба нигах доштан, интикол, муросилот, додан, фуруш, сохиб шудан ва истифодаи он дар доираи квотаи давлати дар асоси ичозатнома сурат мегирад;

Фаъолият дар сохаи муомилоти моддахои психотропи  дар  доираи квотаи давлати  дар асоси ичозатнома сурат мегирад.

Фаъолият дар сохаи муомилоти прекурсорхо дар асоси ичозатнома сурат мегирад.

 

Моддаи 5. Ташкили назорати давлати дар сохаи муомилоти конунии воситахои нашъадор моддахои психотропи  ва прекурсорхо

Ташкил ва амали намудани назорати давлати дар сохаи муомилоти конунии воситахо) нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо аз чониби Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Чумхурии Точикистон (минбаъд Агенти) ва дигар макомоти давлати дар доираи салохияте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст, сурат мегирад.

Агенти макомоти хифзи хукук буда, фаъолияти макомоти давлатиро вобаста ба муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо мубориза бар зидди муомилоти гайриконунии онхо, пешгирии нашъаманда инчунин баркароркунии ичтимоии беморони нашъаманди, хамоханг ва назорат мекунад.

 

Моддаи 6. Салохияти Агенти

Агенти дорои салохиятхои зерин мебошад:

          мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи муомилоти конунии прекурсорхо          ичозатнома (литсензия) медихад;

Руйхати миллии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхоро дар якчояги бо вазорату идорахои дахлдор тахия намуда, барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон фаъолияти оперативи-чустучуиро анчом дода, аз чумла дар минтакахои назорати сархади ва гумруки тахкик ва тафтишоти пешаки мебарад;

дар сурати мавчуд будани асосхои кофи барои гумонбар намудани шахрванд дар содир кардани хукуквайронкуни ё чиноятхои ба воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо алокаманд буда, хуччатхои шахсияти онхоро тасдиккунандаро, хамчунин дигар хуччатхои барои санчиши риояи коидахое, ки назорати ичрояшон ба зиммаи Агенти гузошта шуда лозиманд, тафтиш менамояд;

тибки тартиби муайяннамудаи конун, шахсонеро, ки дар содир кардани чиноятхои ба воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо алокаманд гумонбар шудаанд, барои муоинаи тибби бо максади мукаррар кардани истеъмоли воситахои нашъадор ё моддахои психотропи  аз чониби онхо мефиристад;

аз вазорату идорахои дахлдор маълумотхоро, ки барои бахисобгири ва назорати фаъолияти онхо дар сохаи муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо, пешгирии нашъаманди, баркароркунии ичтимоии беморони гирифтори нашъаманди заруранд, дастрас менамояд;

якчоя бо намояндагони вазорату идорахои дахлдор тартиби нигахдошт ва хифзи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхои аз чониби онхо гирифташударо тафтиш менамояд;

фаъолияти корхона, ташкилот ва муассисахоро доир ба масъалахои муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо, пешгирии нашъаманди ва баркароркунии ичтимоии шахсони гирифтори нашъамандиро назорат менамояд;

дар бораи бартараф кардани камбудихои зимни тафтиш ошкоршуда дар сохаи муомилоти конунии воситахои нашъадор, маводи психотропи  ва прекурсорхо, дастурхо медихад;

маълумотхоро оиди талаботи Чумхурии Точикистон ба воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  чамъбаст намуда, онро тибки тартиби мукарраргардида ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

дар муносибатхои байналмилали доир ба масъалахои муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо, мубориза бар зидди муомилоти гайриконунии онхо, пешгирии нашъаманди ва баркароркунии ичтимоии нашъамандон, бо тартиби муайяннамудаи конунгузори аз номи Чумхурии Точикистон намояндаги менамояд;

ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистонро дар сохаи назорати воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

тибки тартиб ва холатхои пешбининамудаи конунхои Чумхурии Точикистон ба кормандони Агенти бо худ гирифта гаштан, нигохдории яроки оташфишон, воситахои махсус, инчунин сагхои хизматиро ичозат медихад.

Агенти дорои дигар салохиятхо низ мебошад, ки онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Кормандони Агенти. Хукук, ухдадори ва чавобгарии онхо

Кормандони Агенти шахсонеанд, ки дар маком ё чузъу томи он мансаби дахлдорро ишгол намуда, дорои унвони махсус мебошанд.

Кормандони Агенти хукук доранд:

аз шахрвандон ва шахсони мансабдор катъ гардондани хукуквайронкунию амалхоеро, ки барои ичрои ваколатхои Агенти халал мерасонанд, талаб кунанд ва дар сурати ичро накардани ин талаботхо чорахои ичбории дар конун  пешбинишударо ба кор баранд;

аз руи парвандахою хуччатхои тахти коргузории Агенти карордошта, шахрвандон ва шахсони мансабдорро ба Агенти даъват кунанд;

хангоми анчом додани амалхои алохидаи чустучуи, ба максади таъмини тартиботу амнияти чамъияти, мухофизати хаёт ва саломатии шахрвандон, ба минтакахои алохидаи махал ё объектхо даромадани шахрвандонро муваккатан махдуд гардонанд ё манъ намоянд;

дар мавридхои вобаста ба ошкор кардан, пешгири намудани чиноят, дастгир намудани чинояткор аз тамоми намудхои наклиёти чамъиятии шахри, наздишахри ва махалли, инчунин аз воситахои алока, ки ба корхонахо, ташкилотхо ва муассисахо новобаста аз шакли моликият ва ба шахрвандон тааллук, доранд, бепул истифода баранд.

Ба гайр аз ин ба кормандони Агенти амали хукукхое, ки дар моддахои 13-17 (ба гайр аз банди 1 кисми панчуми моддаи 17), моддаи 18, моддаи 21, моддахои 24-34 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи милиса” пешбини гардидаанд, татбик мегардад.

Кормандони Агенти дорои ухдадорихое мебошанд, ки онхоро Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрию хукуки пешбини намудаанд.

Таъмини нафакаи кормандони Агенти дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби” сурат мегирад.

Тартиб ва шарти адои хизмат дар Агенти мутобики низомномаи дахлдор, ки Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, муайян карда мешавад.

Кормандони Агенти барои содир кардани хукуквайронкунихо, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 8. Ичозатномадихи ба  фаъолият дар сохаи муомилоти воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо

Ичозатномадихи ба  фаъолият дар сохаи муомилоти воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо тибки Конуни Чумхурии Точикистон « Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали гардонида мешавад.

 

Моддаи 9. Киштукори растанихои нашъадор ба максадхои илми, тахия, сохиб шудан, тайёр кардан, коркард, истехсол, нигахдори, додан, фуруш, таксимот ва хисобу китоби воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо

Киштукори растанихои нашъадор ба максадхои илми, хамчунин тахияи воситахои нави нашъадор ва моддахои психотропи, факат аз тарафи муассисахои илми-тадкикотие, ки тибки Конуни мазкур литсензия доранд, амали мегардад.

Сохиб шудан, тайёр кардан, коркард ва истехсоли воситахои нашъадор ва моддахои психотропи мутобики шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар худуди Квотаи давлати амали мегардад.

Номгуи тачхизот барои тайёр кардан, коркард ва истехсоли воситахои нашъадор ва моддахои психотропи, инчунин тартиби истифода ва нобуд сохтани онхоро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон бо мувофикаи Агенти муаяйн мекунад.

Корхонахо, ташкилотхо ва муассисахое, ки воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо истехсол мекунанд, мувофики тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба Регистри давлати дохил карда мешаванд.

Тартиби хисобу китоб, нигахдорй, таксимот, додан ва фуруши воситахои нашъадор ва моддахои психотропи, мутобики конун гузории Чумхурии Точикистон аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ва Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон бо мувофикаи Агентй мукаррар карда мешавад.

Рекламаи воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  дар Чумхурии Точикистон манъ аст.

 

Моддаи 10. Хусусияти интикол, муросилот, воридот ва содироти воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо

Интикол ва муросилоти воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо аз тарафи шахсони хукуки, ки тибки Конуни мазкур литсензия доранд, сурат мегирад. Зимнан муросилоти почтавии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо манъ аст.

Барои хар дафъаи убур намудани сархади гумруки бо максади ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид намудани воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо ва ё содир намудани онхо аз каламрави Чумхурии Точикистон бояд, ки ичозатнома ва сертификата намунаи байналмилали бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон гирифта шавад. Додани ичозатномаи додашуда ба дигар корхона, ташкилот ва муассиса новобаста ба он, ки онхо литсензия барои фаъолият дар сохаи муомилоти конунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо доранд, манъ аст.

Воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхое, ки бидуни литсензия ва ичозатнома ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид ё аз каламрави Чумхурии Точикистон содир мешаванд, мусодира мегарданд.

Воридот, содирот ва интиколи транзитии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо дар каламрави Чумхурии Точикистон мутобики конунхои Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалие, ки аз тарафи Чумхурии Точикистон эътироф шудаанд, сурат мегирад.

 

БОБИ Ш.

ИСТИФОДАИ ВОСИТАХОИ НАШЪАДОР, МОДДАХОИ ПСИХОТРОПИ  ВА ПРЕКУРСОРХО

 

Моддаи 11. Истифодаи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо

Истифодаи воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  бо максадхои тибби мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва тибки тартиби муайянкардаи Вазорати тандурусти бо мувофикаи Агенти амали мегардад.

Истифодаи воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  дар фаьолияти оперативи-чустучуи, илми-тадкикоти, таълими, эксперти (ташхиси) ва байтори аз чониби вазорату идорахои дахлдор дар мувофика бо Агенти бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Истифодаи прекурсорхо бо максадхои тибби, оперативи-чустучуи, илми-тадкикоти, таълими, эксперта (ташхиси), байтори, саноати аз чониби вазорату идорахои дахлдор дар мувофика бо Агенти бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад.

 

Моддаи 12. Руйхати миллии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо

Воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо, ки мутобики шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон истифода ва муомилоташон манъ ё махдуд аст, ба Руйхати милли дохил карда мешаванд.

Воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо вобаста ба дарачаи хавфнокиашон барои саломатии инсон хангоми суиистеъмоли онхо ва бо назардошти он, ки ба кадом максадхо онхо истифода мешаванд, дар Руйхати милли гурухбанд мешаванд.

Руйхати милли ба таври расми, бо тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон интишор мешавад.

БОБИ IV.

ЧОРАХОИ МУХОЛИФАТ БА МУОМИЛОТИ ГАЙРИКОНУНИИ ВОСИТАХОИ НАШЪАДОР, МОДДАХОИ ПСИХОТРОПИ ВА ПРЕКУРСОРХО

 

Моддаи 13. Мухолифат ба муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор, моддаи психотропи  ва прекурсорхо

Мухолифат ба муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо аз чониби макомот ва ташкилотхои дахлдор дар доираи ваколати ба онхо додашуда, сурат мегирад.

Мубориза бар зидди истеъмоли гайриконунии воситахои нашъадор ва моддахои психотропиро Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ва дигар макомоту ташкилотхои дахлдор дар доираи ваколати ба онхо додашуда бо мувофикаи Агенти ташкил менамоянд.

 

Моддаи 14. Ирсоли назоратшавандаи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо

Бо максади пешгири намудани муомилоти гайриконунии байналмилалии воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо ва ошкор намудани шахсони иштирокчии ин гуна муомилот, макомоти мувофики конун  ваколатдори Чумхурии Точикистон дар хар як холати алохида, мутобики шартномахо бо макомоти салохиятдори давлатхои хоричи ё дар асоси шартномахои байналмилалие, ки онхоро Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, усули ирсоли назоратшавандаро истифода мебаранд, яъне тахта назорати худ ба Чумхурии Точикистон ворид ва аз Чумхурии Точикистон содир кардан ё ба транзити воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхоро аз каламрави Чумхурии Точикистон рох медиханд.

Дар сурати кабул шудани карор оиди истифодаи ирсоли назоратшаванда, агар давлате, ки ба он бурдани воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо пешбини шудааст, давлати хоричи бошад, пас парвандаи чинои дар Чумхурии Точикистон огоз карда намешавад ва дар бораи карори кабулшуда бетаъхир Прокурори генералии Чумхурии Точикистон хабардор карда мешавад.

Ирсоли назоратшавандаи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо мумкин аст дар худуди Чумхурии Точикистон низ бо огохи ва тахти назорати макомоте (вохидхое), ки барои амали намудани фаъолияти оперативи-чустучуи хукук доранд, истифода бурда шавад.

 

БОБИ V.

ЧОРАХОИ ПЕШГИРИИ ИСТЕЪМОЛИ ГАЙРИКОНУНИИ ВОСИТАХОИ НАШЪАДОР ВА МОДДАХОИ ПСИХОТРОПИ

 

Моддаи 15. Истеъмоли воситахои нашъадор ва моддахои психотропи

Дар Чумхурии Точикистон истеъмоли воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  бе таъиноти духтур манъ аст.

Таъин намудани истеъмоли воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  бо тартиби муайян намудаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон амали мегардад.

 

Моддан 16. Ошкор намудани шахсоне, ки воситахои нашъадор ё моддахои психотропи  ва гайриконуни истеъмол мекунанд

Агар барои гумон намудани шахс ба истеъмоли гайриконунии воситахои нашъадор ё моддахои психотропи  асосхои кофи мавчуд бошанд, у бояд дар муассисахои наркологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон аз муоинаи тибби гузаронида шавад.

Вокеияти истеъмоли гайриконунии воситахои нашъадор ё моддахои психотропи  дар асоси натичахои муоинаи тибби мукаррар карда мешавад.

Мукаррар намудани холатхои мадхуши салохияти духтуре мебошад, ки ба зиммааш вазифаи гузаронидани муоинаи тибби гузошта шудааст.

Ташхиси бемории “нашъаманди” ё “токсикоманди” аз чониби комиссияи машваратии тибби дар асоси натичахои тахкикоти тибби дар муассисахои наркологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 17. Табобат ва бахисобгирии шахсоне, ки гайриконуни воситахои нашъадор ё моддахои психотропи  истеъмол мекунанд

Табобати беморони нашъманди ва токсикоманди дар сурати мурочиати ихтиёриашон, шахсони ба синни 16-солаги нарасида бошад, бо розигии волидайн ё дигар намояндагони конунии онхо сурат мегирад.

Табобати нашъаманди ва токсикоманди ба истиснои холатхои муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон факат дар муассисахои наркологии Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

Беморони гирифтори нашъаманди ё токсикоманди пас аз табобат бояд тахти мушохидаи диспансери бо тартиб ва мухлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон карор гиранд.

Беморони гирифтори нашъаманди, токсикоманди ва шахсоне, ки нисбати онхо вокеияти истеъмоли гайриконунии воситахои нашъадор ва моддахои психотропи мукаррар шудааст, тибки тартиб ва ба мухлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон дар якчояги бо Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта мешаванд.

Табобати мачбурии беморони нашъаманди ва токсикоманди мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 18. Хукуки беморон хангоми ба онхо расондани кумаки наркологи

Шахсоне, ки ихтиёран барои табобат аз нашъаманди ё токсикоманди мурочиат кардаанд, хукук, доранд ба:

грифтани ёрии бемузди наркологи дар хачми пешбининамудаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон;

нихони будани табобат, ба истиснои холатхои ба чавобгарии чинояти ё маъмури кашидани онхо;

нигох доштани манзилгох ва чои кор дар тамоми вакти дар беморхона будан;

гирифтани варакаи корношоями барои тамоми вакти дар муолича будан.

 

БОБИ VI.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 19. Бахисобгири, нигохдори, мусодира ва нобуд кардани воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо, инчунин асбобу тачхизоти истехсоли онхо
Бахисобгири, нигохдори, мусодира ва нобуд кардани воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхое, ки аз муомилоти конуни ва ё гайриконуни гирифта шудаанд, инчунин асбобу тачхизоти истехсоли онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.
Воситахои нашъадор, моддахои психотропи, прекурсорхо, инчунин асбобу тачхизоте, ки истифодаи минбаъдаи онхо дар муомилот номатлуб дониста мешавад, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон нобуд карда мешаванд.(КЧТ аз 22.07.2013с. №988)

Моддаи 20. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсоне, ки ба вайрон кардани Конуни мазкур гуннахкоранд, тибки конунхои Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 21. Мукаррароти давраи гузариш

Мукаррар карда шавад, ки то ба таъмини пурраи Бучети давлати гузаштани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон нафакаи кормандони он мувофики тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон хисоб карда мешавад.

Моддаи 22. Назорати ичрои Конуни мазкур

Назорати ичрои Конуни мазкур аз чониби Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокуророни тобеъи у буда амали мегардад. 

 

Президенти                                                         

Чумхурии Точикистон                                                                                         Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  10 декабри соли 1999

№ 873

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

“Дар бораи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо”

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 1999, №12, мод.313)

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо” пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон

– ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон доир ба мутобик намудани конунхои амалкунандаи чори бо Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи воситахои нашъадор, моддахои психотропи  ва прекурсорхо” таклифхо пешниход намояд;

– карорхои худро ба Конуни мазкур мутобик намояд.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                                           С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе  10 декабри соли 1999

№ 874          

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …