Главная / Илм / Витаминхои дар равган халшаванда

Витаминхои дар равган халшаванда

vitaminiВитаминхои дар равган халшаванда
Ретинол (витамини А) дар табиат хеле пахн гардидааст. Дар бофтахои наботи чун провитамини А (витамини нимтайёр) – пигменти каротин вучуд дорад. Провитамин дар организм якчоя бо пих (чарб) ба ретинол мубаддал мешавад; дар бофтахои зинда навъи тайёри ретинол хаст. Ретинол бахри ба вучуд омадани пигментхои босира, рушди муътадили организм ва мутобикати чашм ба рушноихои гуногун мусоидат мекунад. Аз нарасидани ретинол пуст пажмурда ва шахшул мегардад, пустпартои, рихинакхо ва диг. беморихои римноки пуст инкишоф меёбанд, муй бенуру хушк, нохунхо зудшикан (мурд) мешаванд. Рушноитарси, шабкури, конъюнктивит, блефарит аломатхои асосии норасоии ретинол мебошанд.
Талаботи шаборузии одами солим ба витамини А барои калонсолон 1 мг ва барои кудакону наврасон 0,4 – 1 мг мебошад. Ба ретинол хамаи хайвонот ва одамон мухточанд. Захираи витамини А аз хисоби ба организм дохил шудани худи витамин, инчунин аз хисоби провитамин – каротиноидхо пурра мешавад. Дар барги сабзи растанихо провитамини А (каротин) хеле зиёд аст. Мас., 25 – 50 г испанох ё чаъфари талаботи шаборузии одами калонсолро бо витамини А конеъ гардонида метавонад. Ба хамин максад истеъмоли 50 г зардолу, барги шибит, сабзи, шилха (туршак) низ кифоя аст. Микдори витамини А хусусан дар чигари хайвонот ва мохи, инчунин равгани мохи ва равгане, ки аз чигари чонварони бахри мегиранд, бисёр аст. Хангоми пухтупаз ва консервонии хуроквори витамини А ва каротин пурра боки мемонанд.
Саноати фармасевти ретинолро бо намуди драже (хаб) ё махлули равганин (консентрат) истехсол менамояд.
Калтсиферолхо (ватамини D) ба мубодилаи моддахои минерали, инкишофи устухон таъсир мерасонанд; таносуби намакхои калсий ва фосфорро танзим дода, аз рудаи борик чаббида шудани ин моддахо ва интиколи калсийро аз хун ба бофтахои устухон таъмин менамояд. Калсиферолхо хусусан дар овони чавони, вакте ки сабзишу устухонбанди босуръат аст, хеле заруранд. Норасоии витамини D дар организм боиси сар задани рахит мегардад.
Калтсиферолхо факат дар махсулоти хайвонот мавчуданд (равгани чигари тунесмохи, равганмохи ва г.). Дар хуроквори витамини D, одатан, кам аст. Дар организм витамини D дар натичаи таъсири шуоъи офтоб аз провитамини таркиби пуст (провитамин бошад, аз холестирини организм) хосил мешавад. Витамини D аз пуст ба дигар узвхо гузашта, асосан дар чигар ва плазмаи хун захира мегардад.
Токоферолхо (витамини Е) аз 7 хели В. иборат буда таъсири биологии гуногун доранд. Токоферолхо ба кори мушакхо ва гадудхои таносул таквият мебахшанд, ба захира шудани В.-и дар равган халшаванда (хусусан ретинол) дар узвхои даруни мусоидат мекунанд.
Манбаи асосии токоферолхо равгани растани (равгани загир, офтобпараст, зайтун) ва кисман кабудихо мебошанд. Токоферолхо ба таъсири нури ултрабунафш ва гарми (то 1700) устуворанд. Табобати ин ё он бемори бо токоферолхо зери назорати духтур гузаронида мешавад, чунки истеъмоли аз меъёр зиёди онхо боиси гипервитаминоз мегардад.
Филлохинонхо (витамини К) мухимтарин воситаи лахтабандии хун мебошанд. Нарасидани витамини К боиси хунравии бини, милки дандон, меъда, руда ва г. мешавад. Талаботи шаборузи ба витамини К барои калонсолон 0,2 – 0,3 мг (барои занхои хомила 2 – 5 мг), барои кудакони навзод 0,001 – 0,012 мг аст. Филлохинон дар барги сабзи коху, испанох, карам, газна вучуд дорад. Витамини табии К. бинобар дар об кам хал гаштанаш дар тиб чандон истифода намешавад.Дар амалияи тиб филлохинонхои синтези (викасол ва синкавит) кор фармуда мешаванд.
Гайр аз В.-и номбурда, моддахои диг. аз чихати биологи фаъол (мушобехи витаминхо), аз чумла биофлавоноидхо, холин, инозит, кислотахои липоеат, орорат, пангамат, парааминобензоат ва г. низ мавчуданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …