Главная / Чамъият / Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

ВМКБ – Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон кисми таркиби ва чудонопазири Чумхурии Точикистон буда, дорои шароити махсуси чугрофи, арзишхои нодири фарханги, маънави ва забони мебошад.

Конуни конститутсионии мазкур мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон салохияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро дар сохаи ичтимои, иктисоди, фарханги ва ваколатхои дигари вилоятро танзим менамояд. 

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Вазъи хукукии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

  1. Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон кисми таркиби ва чудонопазири Чумхурии Точикистон аст.
  2. Вазъи хукукии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии мазкур ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.

Моддаи 2. Тартиби халли масъалаи вохидхои марзиву маъмурии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 

1.Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз шахри Хоруг, нохия, шахрак ва дехот  иборат аст. Маркази маъмурии он шахри Хоруг мебошад.

2.Худуди вилоят бе ризоияти Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон тагйир дода  намешавад. 

Моддаи 3. Намояндагии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар сохторхои давлатии Чумхурии Точикистон 

Мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон:

-Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, сарфи назар аз  шумораи ахолиаш, дар Мачлиси миллии Мачлиси Олии  Чумхурии Точикистон бо дигар вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхои тобеи чумхури намояндагони баробар дорад;

-яке аз муовинони раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии  Чумхурии Точикистон аз хисоби намяондагони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мебошад;

-яке аз судяхои Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон намояндаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мебошад.

 

Моддаи 4. Хукуки ташаббуси конунгузории Мачлиси  вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

 

Мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хукуки ташаббуси конунгузори дорад.

 

Моддаи 5. Макомоти махаллии хокимияти давлати, худидоракуни ва суди дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

 

1.Фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлатиро дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи макомоти махаллии хокимияти давлати” танзим мекунад.

2.Фаъолияти  макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (чамоат)-ро дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи макомоти худидораи шахрак ва дехот” танзим  мекунад.

3.Фаъолияти судхоро дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи судхои Чумхурии Точикистон” танзим мекунад.

БОБИ 2.

АСОСХОИ ИКТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ 

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 6. Моликияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

 

Амволи макомоти хокимият ва идораи он, сарватхои фарханги ва таърихии ахоли, маблагхои бучети вилоят, фонди манзил ва хочагии манзилию коммунали, корхонахои кишоварзи, савдо, хизмати маиши, наклиёт, дигар корхона ва комплексхои саноатию бинокори, муассисахои тандурусти, маориф, фарханг ва дигар амволе, ки барои рушди иктисоди ва ичтимоии вилоят заруранд, моликияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мебошад, агар дар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад.

 

Моддаи 7. Моликияти вохидхои марзиву  маъмурии Вилояти Мухтори  Кухистони Бадахшон

 

Маблагхои бучети махалли, фонди манзил ва хочагии манзилию коммунали, корхонахои саноати, сохтмон, наклиёт, савдо, кишоварзи, хизмати маиши, муассисахои маориф, тандурусти ва фарханг, амволи макомоти хокимият ва идораи вохидхои  марзиву маъмури ва дигар амволе, ки барои рушди иктисодию ичтимои заруранд ва дар каламрави онхо вокеанд, моликияти вилоят, шахру  нохия ё дигар вохиди марзиву маъмури мебошанд, агар дар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад.

 

Моддаи 8. Идоракунии объектхои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кухистони

Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия

 

1.Мачлиси вакилони халк ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон объектхои моликияти коммуналии вохидхои марзиву маъмурии дахлдорро дар доираи ваколатхои худ идора мекунанд. Объектхои мазкур бо максади хизматрасонии самаранок ба ахоли ва рушди иктисодию ичтимоии худуди дахлдор истифода мешаванд.

2.Тартиби хусусигардонии моликияти коммуналиро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд. Тартиби аз моликияти коммунали ба моликияти чумхурияви ва ё аз моликияти чумхурияви ба моликияти коммунали гузаронидан аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

3.Аз моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия ба моликияти коммуналии дахлдори дигар  гузаронидан дар асоси карорхои макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлатии дахлдор амали карда мешвад.

 

Моддаи 9. Фаъолияти иктисодии хоричии макомоти махаллии хокимияти давлати

 

1.Фаъолияти иктисодии хоричии макомоти махаллии хокимияти давлати мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  сурат гирифта, ин макомот барои вусъат додани фаъолияти иктисодии хоричии корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва иттиходияхои онхо, ки дар вохидхои марзиву маъмурии дахлдор чойгиранд, ба инкишофи иктидори содироти ва зиёд намудани  истехсоли махсулот, ичрои кор ва  хизматрасонии ба ракобат тобовар  мусоидат менамояд.

2.Макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколати худ дар ин самт хукук дорад:

-ба ташкили корхонахои муштарак мусоидат намояд;

-барои чалби инвеститсияи хоричи шароит фарохам оварад;

-мутобики тартиби  мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон савдои наздисархади ташкил намояд;

-мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти иктисодии хоричи дигар намудхои фаъолиятро амали намояд.

 

Моддаи 10. Муносибати макомоти махаллии хокимияти давлати ба  моликияти чумхурияви

 

Мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар худуди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия Мачлиси вакилони халк ва раис ба чойгиркунии максадноки объектхои истехсоли ва ичтимои, таъсиси зерсохторхои дахлдор, истифодаи самараноки захирахои табии ва мехнати, хифзи мухити зист ва сохахои дигар, ки моликияти чумхурияви мебошанд, назорат мекунанд.

 

БОБИ 3.

АСОСХОИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 11. Манбаъхои молиявии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия

 

1.Манбаъхои молиявии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия аз инхо иборатанд:

-маблагхои бучети махалли, фондхои максадноки давлати, даромад аз бучети  чумхурияви дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия) аз бучети макомоти болои, карзи бучети аз бучети макомоти болои, маблагхои хайрия, когазхои киматнок, бурднок ва музоядахои махалли, даромад аз чорабинихои оммавию варзиши ва фарханги, сармоягузории хоричи, дигар манбаъхое, ки  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ накардаанд.

2.Дар асоси шартнома манбаъхои молиявии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг, нохияро бо манбаъхои молиявии дигар вилоят, шахр, нохия, шахсони вокеи ва хукуки барои маблагчудокуни ба барномахои муштарак, аз чумла барои ичрои барномахои тараккиёти байниминтакави муттахид кардан мумкин аст.

 

Моддаи 12. Даромадхои бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия

 

1.Кисми даромади бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия аз хисоби манбаъхо ва маблагчудокунихо, даромадхо аз андоз ва даромадхои гайриандози, инчунин аз воридоти маблагхо аз хисоби андозу пардохтхои танзимкунанда иборат мебошад.

2.Ба даромадхо аз андоз дохил мешаванд:

-андозхои махалли, ки намудхои онхоро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд;

-даромад аз андозу пардохтхои танзимкунанда мутобики тартибе, ки Конуни Чумхурии Точикистон  дар бораи Бучети давлати барои соли навбатии молияви мукаррар кардааст;

-бочи давлати, ба истиснои бочи давлатие, ки  мутобики Конуни Чумхурии Точикистон  дар бораи Бучети давлати  барои соли навбатии молияви ба бучети чумхурияви ворид мешавад;

-даромад аз дигар пардохтхои хатми ба бучет;

-дигар манбаъхое, ки  санадхои  меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  манъ накардаанд.

3.Ба даромадхои  гайриандози дохил мешаванд:

-даромад аз бучети чумхурияви дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), карзи бучети ё дар  шакли дигар;

-даромад аз хизматрасонии пулакие,ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхои идории бучети мерасонанд;

-воридоти маблаг аз хисоби татбики чорахои мачбуркуни барои вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи молияи давлати, аз чумла чарима, пушаймона, ноустуворона, чубронпули ва гайра;

-хайрияхои шахсони вокеи ва хукуки;

-даромад аз гузаронидани хашархо;

-даромад аз когазхои киматнок, бурднок ва музоядахои махалли;

-даромад аз амволе, ки моликияти коммуналии шахр ва нохия мебошад ё дар  идораи хочагии онхо карор дорад.

4.Барои супоридани андоз, боч ва пардохтхои махаллие, ки ба бучети махаллии дахлдор ворид мегарданд, мутобики конунгузории  Чумхурии Точикистон  Мачлиси вакилони халки шахр ва нохия хукук дорад ба гуруххои  алохидаи  андозсупорандагон имтиёзхо мукаррар намояд.

 

Моддаи 13. Харочоти бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия

 

1.Аз хисоби бучети махалли танхо харочоти зайл маблаггузори карда мешавад:

-таъмини фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлати;

-ташаккули моликияти коммуналии вохиди марзиву маъмурии  дахлдор ва идоракунии он;

-таъсис, таъмини  фаъолият ва инкишофи муассисахои  маориф,тандурусти, фарханг, илм, тарбияи чисмони ва варзиш, воситахои ахбори омма ва нашрияхо, дигар муассисахое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри макомоти махаллии хокимияти давалати мебошанд;

-инкишофи хочагии манзилию коммунали;

-сохтмони рох ва нигохдории роххое,ки ахамияти махалли доранд;

-ободони ва кабудизоркунии махал;

-истифода ва коркарди партовхои рузгор;

-таъмини хизматрасонии наклиёти ба ахоли ва муассисахое, ки ба  моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри макомоти махаллии хокимияти давлати мебошанд;

-хифзи мухити зисти махал;

-амалигардонии барномахои максадноки макомоти махаллии хокимияти давлати;

-хизматрасонии карзии макомоти махаллии хокимияти давлати ва  пардохти онхо;

-кумаки молиявии беподош ба ахоли;

-гузаронидани интихоботи макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати.

2.Маблаггузории фаъолияти дигари макомоти махаллии хокимияти давлати ва харочоти дигари дорои ахамияти махалли мутобики гурухбандии бучети Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти махаллии хокимияти давлати амали карда мешавад.

3.Дар давраи байни ичлосияхо ба захирахои озоди  молиявии бучет, ки нисбати бучети тасдикшуда ба андозаи на зиёда аз дах фоизро ташкил мекунад, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия ихтиёрдори намуда, карорхои худро ба Мачлиси  вакилони халк  барои тасдик пешниход мекунад. Агар захирахои  озоди молиявии бучет зиёда аз дах фоизи бучети  тасдикшударо ташкил диханд, дар он сурат раис тагийроту иловахои ба бучети махалли воридкардашударо ба баррасии Мачлиси вакилони халк пешниход менамояд.

4.Харочоти якчояи бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг, нохия ва бучети чумхурияви бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлати барои соли навбатии молияви ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 14. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия

 

1.Дар доираи бучети тасдиккардашуда Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия метавонад фонди захиравии раисро дар хачми 0,5 фоиз аз хачми даромади умумии бучети дахлдори махалли таъсис дихад ва ба таркиби харочоти он дохил намояд.

2.Ба фонди захирави мутобики тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон раис ихтиёрдори намуда, дар бораи харочоти он ба Мачлиси дахлдори вакилони халкхисобот медихад.

 

Моддаи 15. Хукукхои бучетии Мачлиси вакилони халк ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия

 

1.Аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия лоихаи бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия тахия карда мешавад.

2.Мутобики тартиби  мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон лоихаи бучет аз руи манбаъхои даромад ва самтхои харочот ба Мачлиси дахлдори халк пешниход карда мешавад.

3.Бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия дар шакли карори Мачлиси дахлдори вакилони халккабул карда мешавад.

4.Бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия мумкин аст бо  барзиёди (профитсит) тахия ва тасдик карда шавад.

Маблаггузории макомоти махаллии хокимияти давлати дар хачме, ки бучетхои махалли ва чумхурияви мукаррар намудаанд, сурат мегирад.

Барои нигохдории макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати Мачлиси дахлдори вакилони халк харочотро мукаррар менамояд.

Дар доираи ваколати худ Мачлиси вакилони халк ва раиси  Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия хангоми ичрои бучет барои таъмини тавозуни он масъул мебошанд.

5.Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шахри Хоруг ва нохия ичрои бучетро тасдик мекунад.

 

БОБИ 4.

АСОСХОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЧТИМОИЮ ФАРХАНГИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 16. Салохияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар сохаи маориф

Макомоти махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон  сиёсати давлатро  дар сохаи маориф дар махалхо амали менамояд, барномахои минтакавии инкишофи сохаи маорифро бо назардошти  хусусияти милли, ичтимои, фарханги, демографи ва гайра тахия намуда, амали  мегардонад.

Макомоти махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон  инкишофи системаи давлатии маорифро таъмин намуда, ба кори муассисахои томактаби, мактабхои тахсилоти умуми, мактабхои ибтидои, миёна ва олии касби, муассисахои илмии тадкикоти, ки дар худуди вилоят вокеанд, назорат мебарад ва ба инкишофи илм мусоидат мекунад.

 

Моддаи 17. Салохияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар сохаи фарханг

1.Макомоти махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон сиёсати давлатро дар сохаи фарханг амали менамояд.

2.Макомоти махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мутобики конугузории Чумхурии Точикистон хукук ва озодихои шахрвандонро дар сохаи фарханг ва маънавиёт химоя менамояд.

3.Макомоти махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар сохаи инкишофи фарханг тадбирхои зайлро амали  мегардонад:

-тахия ва татбики барномахои давлати дар сохаи фарханг  дар худуди вилоят бо назардошти хифзи арзишхои фарханги, маънави, анъанахои  таърихии ахолии вилоят;

-корхои созмондихи барои ташкил намудани марказхои фарханги дар худуди вилоят ва берун аз он;

-ташкил намудани марказхои таълимии омузиши касбу хунархои бадеии халки;

-фарохам овардани шароит барои иштироки озодонаи шахрвандон ва созмонхои чамъияти дар хаёти фарханги, такмили хамачонибаи эчодиёти бадеи, илми ва техники дар шахр ва нохияхои вилоят;

-халли масъалаи хифз ва истифодаи ёдгорихои таърихи ва фарханги;

-инкишофи шабакахои  муассисахои фарханги, телевизион ва радио.

 

Моддаи 18. Салохияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар сохаи хифзи саломатии ахоли

 

Макомоти махаллии хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар сохаи  хифзи саломатии ахоли тадбирхои зеринро амали мегардонад:

-гузаронидани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи хифзи саломатии ахоли;

-назорат ба риояи конунхои сохаи хифзи саломатии ахоли;

-химояи хукуку озодихои шахрвандон дар сохаи хифзи саломатии ахоли;

-тахия ва татбики барномахои худудии инкишофи системаи нигохдории тандурусти ва хифзи саломатии ахоли;

-ташаккул додани макомоти идоракуни, инкишофи шабакахо ва мустахкам кардани базаи моддию техники, бо дорувори,техникаи тибби ва бо тачхизоти таъиноти тибби таъмин намудани муассисахои нигохдории тандурустии давлати;

-ташкили кумаки аввалияи тиббию санитари ва дигар намудхои кумаки тибби ва таъмини дастрасии он ба ахоли;

-мусоидат барои инкишофи фаъолияти хусусии тибби;

-таъмини амнияти санитарию эпидемиологии ахоли;

-хамохангсози ва назорати фаъолияти корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои системаи нигохдории тандурусти;

-хифзи мухити зист ва таъмини бехатарии экологию радиатсиони;

-ичрои дигар вазифахои идоракунии системаи нигохдории тандурусти ва хифзи саломатии ахоли мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон”

 

Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон”аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1995, №21, моддаи 247; соли 2000, №11, мод. 515; соли 2005, №12, мод.624) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни конститутсионии мазкур

 

Конуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                   Э.Рахмонов

ш.Душанбе, 30 июли соли 2007

№ 303

 

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 6-уми июни соли 2007, № 605

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2007, № 6, моддаи 476) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 19-уми июли соли 2007, № 373

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2007, № 7, моддаи 715) чонибдори гардидааст.

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2007, №7, мод. 653)

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …