Главная / Гуногун / Ветнамро пурра ишгол кардани Фаронса

Ветнамро пурра ишгол кардани Фаронса

Баъди ба охир расидани чанги Фаронса ва Пруссия (солхои 1870 – 1871) Фаронса барои Ветнами Шимолиро хам ба мустамликаи худ табдил додан тайёри дид. Соли 1873 бо сардории Гарние 2 киштии харбии Фаронса аз тарафи резишгохи дарёи Сурх то Ханой омада расиданд. Субхидами 20 ноябр фаронсавихо ба калъаи Ханой хучум карда, баъди фатхи он шахрро хам ба даст дароварданд. Баъди як мох онхо поёноби дарёи Сурхро ишггол намуданд. Вале халки Ветнам бар зидди истилогарони Фаронса мукобилияти сахт нишон медод. Дар яке аз чангхои назди Ханой фаронсавихо шикаст хурданд. Гарние дар он чо халок гардид. Тарафи Фаронса дар зери фишори муборизаи миллию озодихохии халки Ветнам ва иштирокчиёни шуриши Тайги Чин (дастаи калони онхо баъди шикастхури бо номи “Байракхои сиёх” барои ёри ба Ветнам омада буданд) мачбур шуданд, ки бо касри Хюе гуфтушунид кунанд. Намояндагони Фаронса ва Ветнам 15 марти соли 1874 дар Сайгон ба созишномае имзо гузоштанд, ки мувофики он Ветнам ухдадор шуд, ки сиёсати хоричии худро бо Фаронса “хамоханг” кунад. Бе розигии Фаронса ягон кисми Ветнам ба давлати дигар вогузор кард намешавад. Хукукхои Фаронса оид ба чануби Ветнам тасдик гардид. Ба шахрвандони Фаронса дар Ветнам хукуки дахлнопазири дода шуд. Барои хоричиён киштигарди дар дарёи Сурх, бандари шахри Ханой ва бандархои сохилхои Шимоли Ветнам озод эълон карда шуд.

viet_minh_during_august_revolution

Давраи дуюми аз тарафи Фаронса забт карда шуд аз Ветнами Шимоли ба солхои 80-уми асри XIX рост омад. Мохи апрели соли 1882 сипохиёни Фаронса дар зери рохбарии Ривъера Ханойро ишгол карданд. Амалиётхои харби поёноби дарёи Сурхро фаро гирифтанд. Доирахои хукмрони Ветнам сару калобаи худро гум карда, чи кор карданашонро намедонистанд. Император Ти Дик Чун соли 1874 Чинро ба ёри даъват карда буд. Он вакт хукумати Чин ба Ветнам ёри нарасонд. Ин дафъа хукумати Чин дид, ки бо ин чанги худ Фаронса ба чануби Чин хам тахдид мекунад, карор дод, ки артиши худро ба Ветнами Шимоли дарорад. Артиши Чин дар Ветнам тобистони соли 1883 кариб 25 хазор нафарро ташкил намояд хам, соли 1882 ва аввалхои соли 1883 бар зидди артиши Фаронса амалиёти фаъолонаи чанги набурд, мохи марти соли 1883 артиши Фаронса Ханой ва шаххри Намдинро ишгол намуд. Баъди мохи июли соли 1883 вафот кардани император Ти Дик муборизаи гуруххои гуногуни дарбори барои хокимият тезу тунд мешавад. Ин холат ба фоидаи истилогарони Фаронса буд. Мохи июли соли 1883 эскадраи Фаронса дар зери фармондехии адмирал Курбе байдар ва истехкоми наздисохилии Тхуананро, ки вокеан дарвозаи пойтахти мамлакат – шахри Хюе буд, гулулаборон кард. Хукумати Ветнам ба гулулаборонкунии киштихои Фаронса тоб наоварда, таслим шуд ва 25 августа соли 1883 ба Созишномаи сулх имзо кард. Моддаи аввали ин созишнома протекторати Фаронсаро бар Ветнам эълон мекард.

Баъди ин артиши Фаронса ба сархадхои чанубии Чин наздик щуд. Фаронса бо рохи дипломата хукумати Чинро мачбур кард, ки 11 майи соли 1884 дар Тянсзин дар бораи “дусти ва хамсоягии нек” карордод имзо кунад. Карордоди мазкур Фаронсаро ухдадор кард, ки дахлнопазирии сархадхои чанубии Чинро эътироф кунад. Чин бошад, эътибор доштани созишномахои Фаронсаро бо Ветнам тасдик намуд. Инчунин Чин ухдадор шуд, ки артиши худро аз Ветнам мебарорад ва сархадхои Чину Ветнамро барои тичорати Фаронса мекушояд.

Ба имзо расидани карордоди мазкур ба Фаронса имконият дод, ки 6 июни соли 1884 бо дарбори императори Ветнам шартномаи нихоиро ба имзо расонад. Матни он дар Париж тайёр карда шуда буд. Ин шартномаи нави асоратовар маънии онро дошт, ки истиклолияти Ветнам ба охир расид ва он пурра ба мустамликаи Фаронса табдил ёфт.

Фаронса Ветнамро ба зери дасти худ дароварда, онро чанд пора кард. Акнун Ветнами муттахид вучуд надошт. Он аз Бакки (Ветнами Шимоли), Чунгки (Ветнами Маркази) ва Намки (Ветнами Чануби) иборат шуд. Империализми Фаронса ба ин се пора мувофик номхои Тонкин (Ветнами Шимоли), Аннам (Ветнами Маркази) ва Кохинхинро (Ветнами Чануби) дод.

Баъди дар Ветнам мустахкам кардани мавкеи худ империализми Фаронса хост, ки ба музофотхои чанубии Чин cap дарорад. Баъди ба имзо расонидани Созишномаи 6 июни соли 1884 намояндагони Фаронса барои резонидани обруи Чин дар Хюе мухреро намоишкорона сузониданд, ки онро императори Чин хамчун нишонаи пуштибон ба императори Ветнам дода буд, ки у Ветнамро идора кунад. Ба ин хотир 17 августи соли 1884 Пекин ба Фаронса эътироз баён кард. Барои он ки Чин хокимияти Фаронсаро бар Ветнам пурра эътироф кунад, Фаронса бар зидди Чин амалиёти харбиро огоз намуд. Ба эскадраи адмирал Курбе фармон дода шуд, ки сохилхои Чинро гулулаборон кунад. Хамин тарик, чанги Фаронсаю Чин огоз ёфт. Хукумати Чин ба Тонкин артиши мунтазами худро равон кард. Чангхо дар самти Лангшон сурат гирифтанд. Артиши чиноию ветнами бар зидди фаронсавихо мукобилияти шадид нишон медод. Мохи марти соли 1885 онхо хатто Лангшонро аз душман бозпас гирифтанд.

Вале чанг кашол ёфт ва кабинети Ж. Ферри бе ичозати парламенти Фаронса наметавонист, ки барои идома ёфтани ин чанг карзхои нав бигирад. Аз тарафи дигар, хукумати Чин ба чанги дуру дароз тоб наоварда, тарафи Фаронсаро ба гуфтушунид даъват кард, мохи июни соли 1885 дар Тянсзин Созишномаи нав ба имзо расид, ки мувофики он Чин протекторати Фаронсаро бар Ветрам эътироф кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …