Главная / Илм / Велоэргометрия

Велоэргометрия

Велосипед чи гуна монандихоро ба ёди шумо меорад? Тобистон дар дача буданро – гуфта, чавоб медихад шахрванди миёнахол (миёнастатистики). Тур де Франс – гуфта, лабханд мезанад хавасманди варзиш, велоэргометрия гуфта, охи сарде мекашанд, чуфти кардиолог ва шахси дилкасал.

Агар духтур шуморо барои тоб додани педалхо равона карда бошад – ба харос наафтед. Тамоман хатми нест, ки гуё шумо ба таври автоматики ба гурухи беморони вазнин меафтед. Аниктараш ин маънои онро дорад, ки шуморо кардиологи хушманду босавод табобат карда истодааст.

velo-ergometriya

Мохияти велоэргометрия – тахкики аксуламали (реаксияи)  дил ба кори чисмони мебошад, то маълум карда шавад, ки оё хангоме ки дил хеле фаъолона кор мекунад, барои он хун ва кислород кифоят мекунанд ё не. Дар вакти кор кардан бо велоэргометрия хамеша электрокардиограмма, нишондихандаи фишори артериали ва суръати набз навишта мешаванд ва ин гуна ташхис метавонад оиди чизхои бисёре накл кунад.

БА КУЧО САВОРИ ШУДА РАВОНА ХАСТЕМ?

Агар одам муддати дароз аз стенокардия азият кашида истода бошад, велоэргометрия ин вокеаро (фактро) сабт менамояд ва аз руи кардиограммаи ба даст омада гуфтан мумкин мешавад, ки кадом артерияхои дил иллатнок шудаанд, ва аз ин мебарояд, ки тактикаи табобати оянда низ тархрези ва сохта мешавад.  Ин гуна ташхис дар аксар вакт ёри медихад, ки бемории бо ном бедарди ишемияи миокарда, маълум карда шавад, яъне холо дар он вакте ки он дилро хеч ташвише намедихад, вале мушкили факат дар кардиограмма ба назар намоён аст.

Велоэргометрияи сари вакт гузаронидашуда ва табобати адеквати ба таври назаррас хавфи (риски) инкишофёбии стенокардия ва  инфарктро кам мекунанд.

Варианти сеюм низ вучуд дорад – хамон вакте ки дил каме касал аст, аммо хангоми тахкиккуни хатто хангоми  кори вазнини чисмони низ хеч гуна тагйироте дар кардиограмма ба назар намерасад. Он гох сухан дар бораи кардиалгия меравад ва табобат кардани дил не, балки табобати остеохондрози сутунмухра, невралгияи байни кабургахо ё ягон бемории дигаре зарур меояд,

ЧИ МЕШАВАД АГАР ПИЁДАГАРДИ КУНЕМ?

Барои он ки аз санчиши чисмони гузаред, тоб додани педалхо хатми нест. Барои онхое, ки аз фарбехи ё беморихои бугумхо азият мекашанд, табибон алтернативаеро бо номи — тредмил кор карда баровардаанд. Аз руи мохият, ин рохрави мукаррари барои давидан мебошад. Темпи рохгарди ва муковимати тасмаи он тадричан зиёд  карда мешаванд ва ин

имкон медихад, ки хамон гуна кори чисмоние ки дар велотренажёр ичро мешуд, ба даст оварда шавад. Дар омади гап, тредмил аз он сабаб дар ИМА оммавияти (пахншавии) бештаре пайдо намуд, ки велотранежёрхо амрикоихои вазнинро бардошт карда наметавонистанд, ба гайр аз ин бештари онхо хеч вакт дар велосипед савори накардаанд.

Ба гайр аз одамони солхои дароз гирифтори бемории дил буда, ки барои онхо ин тахкикот мукаррари аст, санчиш бо сарбори (кори чисмони) ба шахсони зерини дигар низ тавсия дода мешавад:

— одамоне, ки давра ба давра (вакт-вакт) дар мавзеъи дилашон дард хис мекунанд, аммо хамзамон дар кардиограммаи онхо хеч гуна номувофикати аз меъёр дида намешавад;

— онхое, ки баръакс дарди дил надоранд, аммо электрокардиограмма норасоиии хунтаъминкунии мушакхои дилро нишон медихад;

— одамоне, ки дар хунашон дарачаи баланди холестерин доранд;

— онхое, ки аз сабаби кори пуршиддат дар онхо хавфи инкишофёбии бемории ишемии дил , хеле баланд аст (ронандахо, пилотхо, гаввосон ва гайра);

— пас аз 40 солаги – хамаи онхое ки ирсияти нохуби бемории дилу рагхо доранд (падар ё модарашон гирифтори бемории ишемии дил будаанд, инфарктро аз сар гузаронидаанд).

САВОЛХО ОИДИ ВЕЛОЭРГОМЕТРИЯ

Чи тавр барои велоэргометрия тайёр шудан лозим аст?

Як шабонаруз пештар истеъмоли баъзе дорухоро катъ кардан зарур аст (бета-блокаторхо, нитратхо — оиди катъкунии дорухо бояд духтури табобати муфассалтар накл кунад). То се соат пештар аз велоэргометрия набояд чизе хуред ё нушед. Набояд пас аз корхои вазнини чисмони ва ташвишхои эхсоссоти велоэргометрия ичро карда шавад. Бо худатон костюми варзишии куллай ва кроссовки биёред. Барои мардхое, ки дар руи синаашон кабати сермуй доранд, зарур меояд, ки он муйхоро тарошанд, вагарна тамоси (контакти) электродхо бо пуст коста мешавад.

Тахкик бо велоэргометрия чи тавр гузаронида мешавад?

Шумо педалхоро тоб медихед ё дар руи рохрави давидан (тредмил) кадамзани мекунед, тачхизот бетанаффус нишондихандахои асосиро сабт мекунад (набз, фишори артериали, электрокардиограмма, серии хун аз кислород). Пас аз якчанд дакика духтур дарачаи кори чисмониро зиёдтар мекунад (муковимати педалхо ё тасмаи рохрави давидан зиёдтар карда мешавад) ва холати умумииро зери назорат мегирад: хангоми пайдо шудани дард дар мавзеъи дил, нафастанги, баландшавии фишори хун шояд велоэргометрия боздошта шавад.

Натичахо чи тавр сабт (хуччат) карда мешаванд?

Аз руи натичахои велоэргометрия хулоса дода мешавад, аммо на ташхис ва на тавсия. Акнун рохи шумо бояд ба суи духтури табобаткунанда бошад. Фахмидани он мухим аст, ки ба ахборотнокии баланди велоэргометрия нигох накарда, факат кардиолог метавонад натичахои онро дуруст маънидод кунад ва тактикаи ояндаро низ муайян намояд.

Оё барои одамони солим низ санчиш бо сарбори (кори чисмони) зарур аст?

Бале, меарзад ки хамаи одамони аз сини 30 сола боло, ки ба машгулиятхои фитнес огоз намудаанд, аз велоэргометрия гузаранд. Аккалан барои он ки кори оптималии чисмониро барои худашон муайян кунанд ва албатта барои сари вакт дарёфт кардани патологияи тахминии ноаёни дил низ.

 Чи бехтар аст  — велоэргометр ё тредмил?

Хам инаш ва хам ваяш- факат олоте хастанд барои ба амал овардани кори чисмони. Дакикии натичаи онхо низ як хела аст. Яъне ки хангоми интихоб ба хуссусиятхои инфироди ва вазъи саломатии худашон эътибор медиханд. Маълум аст, ки барои он нафаре ки чарохати пой дорад, дар велотренажёр кор кардан мушкил аст ва барои вай тредмил бештар мувофик аст. Аммо масалан барои дар чи олот тахкик кардани велопойгачии касби аз афташ чойи бахс нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …