Главная / Илм / Вазни зиёдати хангоми хомиладори

Вазни зиёдати хангоми хомиладори

Муаммои вазни зиёдати хангоми хомиладори аксарияти модарони ояндаро ба ташвиш меорад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки дубора ба сари ин мавзуи мубрам баргардем ва хамаи тарсхои ба он вобастаро бартараф намоем.

Зиёд кардани калориянокии гизо

Хангоми хомиладори аксарият бо маслихати табибон ба гизои дуруст хурдан огоз мекунанд, ва хатто баъд аз таваллуди кудак низ тарзи бурдани хаёти солим, речаи руз ва низоми гизогириро риоя мекунанд. Ба онхо хатто муяссар мешавад, ки бо доштани килограммхои зиёд то хомиладор шудан, муътадилшавии вазн ва саломатии хубро пас аз таваллуди кудак ба даст оранд. Аммо инро на хама ба даст оварда метавонанд.

vazni-zani-homiladorБештар занхо пурсон мешаванд, ки тули нух мох чанд килограмм вазн гирифтан мумкин аст. Ба ин савол ягон чавоби аник дода намешавад. Хамааш аз вазни аввала то хомиладор шудан вобаста аст. Фикру андешахое хастанд, ки хангоми хомиладори ба чойи “ду нафар” бояд хурок хурд. Аслан дар муддати якум триместр ба организми модари оянда тули як шабонаруз танхо 100 килокалория зиёдтар (ин такрибан як истакон шир ё афшура), дар муддати дуюм ва сеюм триместр (хафтаи хомиладории 28-40) – 300 килокалория зиёдтар (банан ё йогурт) лозим аст.

Бино бар ин, иловашавии умумии вазн хангоми тамоми давраи хомиладори бояд: дар занхои вазнашон муътадил ва кам то хомиладори такрибан 9-15 кг; дар онхое, ки вазни зиёдати доранд 7-10 кг ва хангоми фарбехи на зиёда аз 5-6 килограммро ташкил дихад.

Хангоми токсикози триместри аввали хомиладори бештар тагйиротхо дар вазни зан дида мешавад. Дар авал ин гум шудани массаи-вазни бадан мебошад, ки пас аз якчанд мухлат организм кушиш мекунад пур кунад ва дар натича зан якбора якчанд килограмм вазн мегирад. Бино бар ин, табиб хангоми назорати хомиладор ба вазни аввала таваччух медихад, на ба он вазне, ки пас аз харобшавии вобаста ба токсикоз ба амал омадааст.

Тавсияхо барои хомиладорон

Беш аз хама занхо пурсон мешаванд, ки “Фарбехшави аз чи огоз мешавад?”. Албатта, онхо мехоханд донанд, ки чи тавр зиёдшавии вазни баданро пешгири кардан мумкин аст. Дар асл ин на он кадар душвор аст, агар якчанд тавсияхоеро, ки онхо имконият медиханд бе ягон кушиши махсус иловашавии вазни зиёдатиро пешгири кунанд, риоя намоянд.

Пеш аз хама, накши мухимро нахории хуб мебозад, ки аз он бисёри занхо бо сабаби токсикоз ё дигар сабабхо даст мекашад. Аммо хангоми хоби шабона модару кудак тули муддати дароз бе хурок буданд ва бояд ин сарфахои энергияро пур кард. Гайр аз ин, хангоми аз нахори даст кашидан, вакти хуроки нисфирузи бо сабаби хиссиёти баланди гуруснаги зиёдтар хурок хурда мешавад, ки ба тахшиншавии килограммхои зиёдати оварда мерасонад.

Модарони оянда бояд речаи муайяни руз ва накшаи пешаки тартибдодаи гизогириро риоя кунанд. Чуноне ки маълум аст, хангоми хомиладори якбора пайдошавии хиссиёти гуруснаги дида мешавад. Бино бар ин, пеш аз хона баромадан хатман хамрох ягон чиз барои хурдан, мисоли тармева, нон ё йогурти нушидани бояд гирифт.

Хеч вакт набояд гизохои фастфудро хурд, зеро дар аксари онхо чарбухои зараррасон мавчуд аст, ки аз организм бароварда намешаванду, баръакс дар он чамъ мешаванд. Ба суханони хешовандон даромада хиссаи иловагии хурокро хурдан лозим нест, зеро барои хомиладор на микдор, балки сифати гизои хурдашаванда мухим аст.

Хамчунин фаромуш набояд кард махсулотхои “зараррасон”-ро, ба мисоли хасибхои дудхурда, намакхурда, оби газноккардашуда, ширинихо, ки агар хатто дар руйхати хурокхо бошанд хам, танхо дар микдори кам. Афзалиятро бояд ба махсулотхои шири, сабзавот ва тармева, гушти обпаз ва ярма дод. Вакти шабона хурок хурдан тавсия дода намешавад. Аммо агар модари оянда хеле гурусна бошад, пас метавонад пеш аз хоб тармева ё твороги беравган хурад.

Баъзан хомиладорон кушиш мекунанд, ки вазни худро бо сахт пархез кунанд, рузхои пархези гузаронидан ва хатто гурусна нишастан дар назорат доранд. Ин корро кардан мумкин нест, зеро хангоми норасогии пайвастаи гизо зан ва кудаки у микдори лозимаи моддахои гизодихандаро, ки барои инкишофи кудак зарур аст, намегиранд. Гайр аз ин, пас аз гурусна нишастан зан ба речаи гизогирии худ бармегардад, аммо акнун организми у ба захира кардан дар намуди тахшинхои чарбу барои “гуруснагии” навбати огоз мекунад.

Фаъолияти чисмонии бомеъёр, махсусан рохгарди ва шинокуни дар хавзи шиновари, хеле таъсири калон дар мубориза бо зиёдшавии вазн доранд, ки агар дар холати нарасидани зарар ба саломати ичро карда шаванд.

Окибатхои илова шудани вазни зиёдати

Баъзехо ба микдори иловашудаи килограммхои иловаги дар вакти хомиладори таваччух намедиханд, аммо вазни зиёдати метавонад на танхо ба худи зан, балки ба кудаки ояндаи у низ зарар расонаду асосан раванди таваллудро мушкил гардонад.

Умуман вазни зиёдати хангоми хомиладори ба окибатхои гуногуни манфи оварданаш мумкин аст. Мисол, ба пайдошавии бемории бавосир (геморрой), ки худ ногувор аст, ки дар мархилаи хомиладори метавонад ба зан як катор мушкилотхоро ба вучуд орад. Хамчунин метавонад ба баландшавии фишор оварда расонад, ки ба саломатии модари оянда ва раванди хомиладори ба таври манфи таъсир мекунад.

Васеъшавии рагхои хунгард на танхо камбудии косметики мебошад, балки метавонад азобхои чисмонии эхсосшаванда дихад. Пайдошавии дард дар сутунмухра, хаста кардани хисси ногувори, ки хамаи ин ба холати рухи таъсир мерасорад. Тангнафаси ба нафаскашии дуруст, бо оксиген таъмин шудани хучайрахои хун монеаги хосил мекунад ва ба холати кудаки оянда манфи таъсир мерасонад. Инчунин вайроншавии мубодилаи моддахо, хусусан, инкишофи диабети канди хомиладорон ба вучуд омаданаш мумкин аст.

Гайр аз он, кудаки занхое, ки вазни зиёдати доранд, бештар калон таваллуд мешванд, ки ин раванди таваллудро мушкил мегардонад. Табибон-диетологон конуниятро кайд мекунанд: агар зан хангоми хомиладори вазни зиёдати ё аз фарбехи азоб кашида бошад, пас эхтимоли он, ки кудак низ чунин хусусиятхоро сохиб мегардад, баланд мешавад.

Махдудиятхои зарури пеш аз таваллуд

Чанде аз модарони оянда чунин мехисобанд, ки дар мархилаи ба кудак хурок додан онхо бояд аз бисёри махсулотхо даст кашанд, аз ин ру, то вакти таваллуд худро дар истеъмоли махсулотхои гуногун, хатто дар микдорхои зиёд, ки ба организм муфид нестанд, махдуд намекунанд. Аммо аз хотир набояд фаромуш кард, ки дар хафтахои охири хомиладори чунин харчи кувва ба мисли пештара дида намешавад. Бино бар ин, як мох пеш аз санаи тахминии таваллуд бехтар аст, агар ба истеъмоли гизои хубхазмшаванда огоз кардан тавсия дода мешавад. Охиста сафедахои чорворо (тухм, мохи, гушт) ба озукавории сабзавоти (сабзавоти дудкардашуда, махсулотхои шири ва галладонагихо) иваз кардан зарур аст.

Хуришхои сабзавоти бо равгани растани ё зайтун фоидаи калон доранд, ки холати бофтахо ва рагхоро аз хисоби дар равган мачуд будани витамини Е, бехтар мегардад. Тавсия дода мешавад, ки 3-4 хафта пеш аз таваллуд аз истеъмоли шоколад ва мевахои ситруси даст кашанд, зеро ин махсулотхо метавонанд дар кудак аллергия пайдо кунонанд.

Одатан модарони чавонро иловашавии вазни зиёдати, ки пас аз таваллуд бартараф намешавад, нигарон мекунад. Гайр аз вазни худи кудак, хамрох (плацента), моеъхо, микдори зиёдшавандаи хун, табиат инчунин захираи чарбуро, ки барои гизодихи ба кудак зарур аст, пешбини кардааст. Бино бар ин, ба мисли пештара шудани каду комат умедвор шуда намешавад.

Барои пурра баргардонидани андозахои пештара бе расонидани зарар ба саломати, ба зан боз хамон нух мох лозим аст. Бо вучуди ин, бо риоя кардани речаи мутавозуни гизогири ва фаъолияти чисмонии кифоя баъзан тезтар андозахои пештараро баргардонидан мумкин аст. Аммо дар ин хангом набояд ба ягон пархез ва гуруснаги даст зад, зеро ин усулхои нихои метавонад танхо зиёни худро хам ба модар ва хам ба кудаки у расонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …