Главная / Гуногун / Вазири гофил

Вазири гофил

Вазири гофилеро шунидам, ки хонаи раият хароб карди, то хизонаи султон обод кунад бехабар аз кавли хакимон, ки гуфтаанд: «хар ки худойро азза ва чалла биёзорад, то дили халке ба даст орад, худованди таоло хамон халкро бар у гуморад, то димор аз рузгораш барорад».

ВазирОташи сузон накунад бо сипанд,
Он чи кунад дуди дили дардманд.

Сари чумлаи хайвонот гуянд, ки шер аст ва камтарини чонварон хар ва ба иттифок хари борбар бех, ки шери мардумдар.

Мискин хар агарчи бетамиз аст,
Чун бор хамебарад, азиз аст.
Говону харони борбардор
Бех з-одамиёни мардумозор.

Боз омадем ба хикояти вазири гофил. Маликро тарафе аз замоими ахлоки у ба кароин маълум шуд, дар шиканчааш кашид ва ба анвои укубат бикушт.

Хосил нашавад ризои султон,
То хотири бандагон начуи.
Хохи, ки худой бар ту бахшад,
Бо халки худой кун накуи.

Овардаанд, ки яке аз ситамдидагон бар у бигузашт ва дар холи табохи у таамул карду гуфт:

На хар ки куввати бозую мансабе дорад,
Ба салтанат бихурад моли мардумон ба гизоф.
Тавон ба халк фуру бурдан устухони дурушт,
Вале шикам бидарад, чун бигирад андар ноф.

***
Намонад ситамгори бадрузгор,
Бимонад бар у лаънати пойдор.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …