Главная / Чамъият / Вазифаи Президент

Вазифаи Президент

Салохиятхои Президенти Чумхурии Точикистон
аз Конститутсияи Чумхурии Точикистон

ПРЕЗИДЕНТ
Моддаи 64

Президенти Чумхурии Точикистон сарвари давлат ва хокимияти ичроия (Хукумат) аст.

Президент хомии Конститутсия ва конунхо, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, кафили истиклолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти макомоти давлати ва хамкории онхо, риояи шартномахои байналмилалии Точикистон мебошад.

Моддаи 65

Президентро шахрвандони Точикистон ба тарзи умуми, мустаким, баробар ва овоздихии пинхони ба мухлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Чумхурии Точикистон пешниход шуда метавонад, ки танхо шахрвандии Чумхурии Точикистонро дошта бошад, синни у аз 30 кам набуда, дорои тахсилоти оли бошад, забони давлатиро донад ва дар худуди чумхури на камтар аз 10 соли охир истикомат дошта бошад.

Шахсе ба номзадии Президент ба кайд гирифта мешавад, ки хадди акал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниходи номзадии у имзо гузошта бошанд.

Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мухлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Махдудияти дар кисми чоруми хамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат татбик намегардад. Вазъи хукуки ва ваколатхои Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллатро конуни конститутсиони муайян мекунад.

Моддаи 66

Интихоботи Президент вакте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.

Номзаде Президент интихобшуда хисоб меёбад, ки ба тарафдории у бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.

Тартиби интихоби Президентро конуни конститутсиони муайян мекунад.

Моддаи 67

Президент пеш аз шуруъи вазифа дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон савганд ёд мекунад:

«Ман, хамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва конунхои чумхуриро химоя менамоям, таъмини хукук, озодихо ва шарафи шахрвандонро кафолат медихам, сарзамин, истиклолияти сиёсиву иктисоди ва фархангии Точикистонро хифз мекунам, ба халк содикона хидмат менамоям».

Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав катъ мегардад.

Моддаи 68

Президент наметавонад вазифаи дигарро ичро намояд, вакили макомоти намояндаги бошад, ба сохибкори машгул шавад.

Моддаи 69

Салохияти Президент:

1. Самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии чумхуриро муайян мекунад;

2. Точикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатхои байналмилали намояндаги мекунад;

3. Вазоратхо ва кумитахои давлатиро таъсис ва бархам медихад;

4. Сарвазир ва дигар аъзои хукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Хукуматро ба тасдики чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниход менамояд;

5. Раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдики Мачлиси дахлдори вакилони халк пешниход менамояд;

6. Санадхои макомоти хокимияти ичроияро хангоми мухолифати онхо ба Конститутсия ва конунхо бекор мекунад ва ё бозмедорад;

7. Раиси Бонки милли ва муовинони уро таъин ва озод мекунад ва фармонро барои тасдик ба Мачлиси намояндагон пешниход менамояд;

8. Номзадии раис, муовинон ва судяхои Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иктисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Мачлиси милли пешниход менамояд;

9. Бо ризоияти Мачлиси милли Прокурори генерали ва муовинони уро таъин ва озод мекунад;

10. Дастгохи ичроияи Президентро таъсис медихад;

11. Шурои амниятро таъсис ва рохбари мекунад;

12. Судяхои суди харби, судхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ва судхои иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанберо таъин ва озод мекунад;

13. Раъйпурси, интихоботи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон ва макомоти намояндагии махаллиро таъин мекунад;

14. Ба конунхо имзо мегузорад;

15. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниход менамояд;

16. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захирави мебошад;

17. Ба татбики сиёсати хоричи рохбари мекунад, шартномахои байналмилалиро имзо ва ба тасдики Мачлиси намояндагон пешниход менамояд;

18. Сарони намояндагихои дипломатиро дар давлатхои хоричи, намояндахои чумхуриро дар ташкилотхои байналмилали таъин ва озод мекунад;

19. Эътимодномахои сарони намояндагихои дипломатии давлатхои хоричиро кабул менамояд;

20. Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Точикистон мебошад; фармондехони кушунхои Куввахои Мусаллахи Точикистонро таъин ва озод мекунад;

21. Хангоми тахдиди хатари вокеи ба амнияти давлат холати чангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдики чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниход мекунад;

22. Барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Точикистон Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистонро берун аз худуди он бо ризоияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон истифода мебарад;

23. Дар саросари чумхури ва ё дар махалхои алохидаи он вазъияти фавкулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдики чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниход менамояд ва ба Созмони Милали Муттахид хабар медихад;

24. Масъалахои шахрвандиро хал мекунад;

25. Панохгохи сиёси медихад;

26. Масаълахои бахшиши чазоро хал мекунад;

27. Бо рутбахои олии харби, дипломати, рутбахо ва унвонхои махсус сарфароз мегардонад;

28. Шахрвандонро бо мукофотхои давлати, чоизахои давлати, нишонхо ва унвонхои ифтихории Точикистон сарфароз мегардонад;

29. Ваколатхои дигареро, ки Конститутсия ва конунхо муайян кардаанд, амали менамояд.

Моддаи 70

Президент дар доираи салохияти худ фармон мебарорад ва амр медихад, дар бораи вазъи кишвар ба чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон маълумот медихад, масъалахоеро, ки заруру мухим мешуморад, ба мухокимаи чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон пешниход менамояд.

Моддаи 71

Хангоми вафот, истеъфо ва гайри кобили амал донистани Президент вазифаи у то ба вазифааш шуруъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Мачлиси милли мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Мачлиси милли ба зиммаи муовини якуми у мегузарад.

Дар холатхои зикршуда дар мухлати се мох интихоботи Президент гузаронида мешавад.

Ваколатхои Президент дар холате, ки у дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медихад, бо тарафдории аксарияти аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки хар яке аз онхо дар алохидаги овоз медиханд, катъ карда мешавад.

Дар сурате, ки Президент бинобар бемори вазифахои худро ичро карда натавонад, хар ду Мачлис дар чаласаи якчояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз мухлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи овозхои шумораи умумии аъзо ва вакилони хар яке аз Мачлисхо карор кабул мекунанд.

Таъминоти ичтимои, хизматрасони ва мухофизати Президенти Чумхурии Точикистонро конуни конститутсиони танзим менамояд.

Моддаи 72

Президент хукуки дахлнопазири дорад.

Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи у содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсиони ва бо тарафдории аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки хар яке аз онхо дар алохидаги овоз медиханд, бекор карда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос Ох, ин хат хати як чононест, Ёфтам ногахаш аз байни …