Главная / Биология / Вазифахои асосии хаёти растанихо

Вазифахои асосии хаёти растанихо

Хамаи растанихо сохти хучайраги доранд ва онхо бо хамдигар алокаманданд. Аз ин чост, ки вайроншавии сохт ва фаъолияти хаётии як узв ба фаъолияти хаётии дигар узв бетаъсир намебошад.

botanikaШумо акнун ба бисёр хусусиятхои мухими дохили ва берунии растанихои гулдор ва ба вазифаю хосиятхои узвхо ва бофтахое, ки дар равандхои гуногуни фаъолияти хаётии онхо ширкат меварзанд, шинос шудед. Дар байни ин аломату хосиятхо, кадоме аз ин равандхоро ба сифати аломатхои фавкулодда мухим ва факат ба организмхои зинда хос номгуй кардан мумкин аст?

Аввало, растанихо гизо мегиранд, яъне онхо аз мухити беруна моддахои муайянро мечаббанд, онро хазм карда, ба моддахои ба чисмашон хосбуда табдил медиханд.

Дуюм, растанихо нафас мекашанд, яъне аз хаво (атмосфера) оксигенро (газ) кабул карда, ба берун гази карбонатро хорич мекунанд, чи тавре ки ин раванд дар одамон ва хайвонот мегузарад.

Сеюм, растанихо месабзанд, кад мекашанд, яъне ботадрич аз чихати андоза калон мешаванд, узвхои нав ба нав хосил мекунанд 96. Вай инкишоф меёбад: яъне, узв- хои нав ба нави хосилшуда он узвхоеро, ки пештар ба вучуд омада буданд, айнан дар як киёс такрор намекунанд. Бо гузашти синну сол (пиршави) шакли барг ва дигар аломатхо тагйир меёбад ва аз хама асосиаш он аст, ки дар растанихои гул- дор ба чуз узвхои нашви, инчунин узвхои афзоиши (репродуктиви) низ ташаккул меёбанд.

Чорум, растанихо афзо- иш мекунанд, яъне монанди дигар организмхои зинда насл мегузоранд.

Панчум, растанихо кобилияти ба таъсири шароитхои мухити бе- руна чавоб гардондан ва ба онхо худро мутобик карданро доро ме- бошанд. Масалан, дар шароити камоби онхо масомахояшонро мах- кам мекунанд, ё ин ки бо наздикшавии фасли зимистон баргхояшон- ро мепартоянд ва гайрахо, Баъзе растанихои дигар бошанд, ба ша- роигхои фавкулодда номусоиди биёбону даштхои беоб, минтакахои хунуки тундра, баландкуххо ва гайра мутобикат пайдо кардаанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …