Главная / Гуногун / Вазъи сиёсии Испания баъд аз инкилоби солхои 1868 – 1874

Вазъи сиёсии Испания баъд аз инкилоби солхои 1868 – 1874

Мохи декабри соли 1874 баъди табаддулоти харбии давлатй, ки ба инкилоби буржуазй хотима гузошт, чи тавре ки гуфтем, дар Испания мутлакият аз нав баркарор карда шуд. Сохти давлатии Испания аз тарафи Конститутсияе, ки соли 1876 кабул карда шуда буд, мукаррар карда шуд. Ин конститутсия бе ягон тагйироти чидди то соли 1931 кор кард.

Конститутсияи соли 1876 Испанияро мутлакияти конститугсионй ва Алфонси XII Бурбонро шохи конуни номид. Ба шох хокимияти ичроия дода шуд. У хак дошт вазиронро таъйин ва ё ба истеъфо гусел кунонад, кортесхоро даъват ва ё пароканда намояд. Дар баробари ин у вазифадор буд, ки дар зарфи Мохи баъди пароканда карда шудани кортесхо ба он интихоботи навро дойр гардонад. Шох конунхои кабулкардаи кортесхоро тасдик мекард ва ба артишу флот сарфармондехи оли буд.

Хокимияти конунгузор ба кортесхо тааллукдошт, ки он аз ду палатаи баробархукук – сенат ва палатам вакилон иборат буд. Дар сенат аъзои сулолаи хукмрон ва олимартабагони Испания чамъ омада буданд: онхое, ки дар як сол на камтар аз 60 хазор песет даромад доштанд, патриарх, архиепнскопхо, дорандагонн рутбахои баланди харбии артиш, сенаторхое, ки шох якумра таъйин мекард ва гайра. Дар моддаи 13 конститугсия ба хамаи шахрвандон озодии сухан, матбуот, ташкил намуданн созмонхо ва доир намудани мачлисхо кафолат дода мешуд. Лекин мувофики моддаи 17-и он хукумат метавонист хамин озодихои демократиро бекор кунад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …