Главная / Гуногун / Вазъи мустамликавии Хиндустон дар аввали асри XX

Вазъи мустамликавии Хиндустон дар аввали асри XX

Соли 1899 ноиби шох Кёрзон (1899 – 1905 ) таъйин карда мешавад. У дар Хиндустон сиёсати руирости нажодпарастиро пеш мебурд. Маъмурияти Кёрзон корчаллонхои англисро пуштибони карда, ба саноатчиёни хиндустони монеахо эчод мекард. Соли 1903 Кёрзон ба зери конуни махсусе имзо гузошт, ки он дар чустучу ва азхудкунии боигарихои минералии Хиндустон ба инхисори англиси имкониятхои калон фарохам овард. Кёрзон зиёиёни хиндуро бад медид. Дар замони хукмронии у хади акали андозситони аз даромади солона аз 500 рупия ба 100 рупия фароварда шуд, ки он пеш аз хама, ба бучаи зиёиён зарба зад. Солхои 1898 ва 1905 ду маротиба амали конуни сирри давлат васеъ карда шуд, ки он бар зидди зиёиён истифода шуд. Нисбати КМХ Кёрзон гуфтааст: “Дар назди ман вазифа истодааст, ки ба марги осоиштаи он мусоидат кунам”. Бо вучуди хамаи ин зулми Кёрзон рухияи зиддимустамликавии мардуми Хиндустонро зиёдтар кард. Баъди аз хабс озод шудан Тилак муборизаро бар зидди мустамликадорони англис давом дод. Бо шарофати у дар Махараштра фаъолияти каноти чапи харакати миллатдустон чоннок мешавад. Дар музофоту шахрхои дигари Хиндустон хам харакати миллию озодихохи аз нав авч мегирад.

1363023428_2

Маъмурияти англиси хост, ки ба харакати инкилобии Хиндустон зарба занад. Барои хамин ноиби шох Кёрзон соли 1905 Банголаро ду таксим кард – Банголаи Гарби (ба он Бихор ва Орсу хам дохил буданд) ва Банголаи Шарки (бо хамрохии Ассам). Банголагихо миллати нисбатан ташаккулёфтаи Хиндустон ба шумор мерафтанд. Кисми зиёди ахолии он мусулмонхо буд. Мувофики накшаи мустамликадорон таксимоти Бангола бояд ба пастшавии харакати миллию озодихохии Хиндустон оварда мерасонд. Лекин ин кор натичаи баръакс дод. Бар зидди таксимкунии музофот хамаи табакхои чомеаи Бангола бархостанд. Мохи июли соли 1905-дар Калкутта гирдихамоихои бузург ба амал омаданд. 15 октябри соли 1905 конун дар бораи таксимоти Бангола эълон карда шуд. Мардуми музофот он рузро рузи мотами милли эълон кард. Дар Калкутта иштирокчиёни намоиши бузурги халки суруди миллии “Банде матарам” (“Салом, Модар – Ватан!”)-ро хонда истода, ба суи дарёи Гаити барои хиндухо мукаддас мерафтанд, то ки дар сохили он барои аз нав муттахид кардани кишвар савганд хуранд.

Географияи харакати “свадеши” (истехсоли худи) дар Хиндустон руз то руз васеъ мешуд. Онро КМХ харчониба дастгири мекард. Ин буд, ки чаласаи навбатии дар охири соли 1905 баргузоргардидаи КМХ бойкоти молхои англисиро эълон намуд.

Соли 1906 чаласаи навбатии КМХ пешниход намуд, ки “сварачи”, яъне худидоракунии Хиндустон дар хайати Британияи Кабир эълон карда шавад. Ин вакт дар Конгресс дар масъалаи истиклолияти Хиндустон ягонагии гояви вучуд надошт. Бо хамин сабаб тобистони соли 1907 дар КМХ чудои ба амал омад. Сарфи назар аз ин дар Хиндустон харакати зиддианглиси руз то руз бештар ба назар мерасид. Маъмурияти мустамликави конуни матбуотро истифода бурда, Тилакро аз нав хабс кард. Мурофиаи сохтакоронаи додгохи мустамликави 13-22 июли соли 1908 баргузор гардида, намоиш ва гирдихамоихои оммавиро ба вучуд овард. 23 июл дар бомбаи корпартоии оммави огоз ёфт. Дар хама чо шиорхои сиёсии зиддианглиси ва суратхои Тилак дида мешуданд. Мустамликалорон ин дафъа кудрати пахш кардани намоишу гирдахамои ва корпартоихоро надоштанд.

Маъмурияти мустамликавии Британия дар Хиндустон мачбур шуд, ки акибнишини кунад. Он тирамохи соли 1909 дар бораи “Шурохои конунгузор” конун кабул кард. Дар як вакт назардошти меъёри кавмию мазхаби дар Хиндустон система интихоботии нав чори карда шуд. Ин система хиндухо мусулмонхоро дар мукобили хамдигар нигох медошт. Он талаботи Лигаи исломии соли 1907 ташкилёфта мувофик буд.

Соли 1911 ноиби навтаъйиншудаи шох Хардинг таксимоти Банголаро бекор кард ва пойтахти Хиндустонро аз Калкуттта инкилоби ба Дехлии нисбатаи ором кучонид.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солхои 60-70-ум дар коркарди гушт, ордкунии галла ва маъданистехсолкуни конвейер истифода бурда шуд. …