Главная / Гуногун / Вазъи иктисоди ва сиёсии Мугулистон

Вазъи иктисоди ва сиёсии Мугулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX хукумати Чин дар Мугулистон баъзе дигаргунихои иктисодию сиёсиро ба амал овард, ки максади онхо дар ин чо мустахкам кардани хукмронии Теин буд. Масалан, соли 1878 Теинхо дар Мугулистон хамаи махдудиятхоро оид ба сармоядории тичоратию судхурии Чин бекор карданд. Акнун точирону корчаллонхои Чин дар Мугулистон озодона фаъолият доштанд. Солхои 60-уми асри XIX дар он чо 20 – 30 корхонаи калон ва миёнаи тичоратию судхури мавчуд буданд. Дар огози асри ХIХ бошад, шумораи онхо хеле зиёд шуд. Ба Мугулистон ИМА, Англия ва баъзе давлатхои дигар хам рох ёфтанд. Дар натича ширкатхои чиноии Мугулистон ба тобеияти ширкатхои ин давлатхо медаромаданд. Фаъолияти сармояи хоричи дар Мугулистон аз руи арзиши худ мубодилаи нобаробари ашёи хоми ин мамлакатро ба вучуд овард. Хоричиён аз ин чо молхоро бо нархи арзон мехариданд ва бо хамин ба иктисоди Мугулистон зарари калон мерасониданд. Дар баробари дар Мугулистон авч гирифтани муносибатхои пулию моли дар ин чо мавкеи истехсолоти натурали сол то сол тахт мешуд.

mongolia_during_the_manchu_rule

Шахрхои Мугулистон дар атрофи дайрхои калон, нуктахои тичорати ва дастгохи харбию амалдорони теини бунёд мешуданд. Дар огози асри XX дар Мугулистон 20 бошишгохи типи шахри, аз он чумла Урга, Кобдо ва Улятсутаи мавчуд буданд. Шахри аз хама калони Мугулистон Урга буд. Дар охирхои асри ХIХ аввали асри XX он ба маркази асосии тичоратии мамлакат табдил меёбад. Шахрхои Мугулистон бозорхои калон доштанд. Онхо ба растахои махсусгардонидашудаи фуруши чорво, гушт, беда, хезум, асбобхои мадани ва юрта таксим мешуданд. Чои аз хама серодами бозор растаи гуштфуруши ба хисоб мерафт.

Дар аввалхои асри XX дар Мугулистон зулми сулолаи манчури боз хам пурзуртар мешавад. Он хокимияти худро торафт мустахкам мекард. Посбонони сархадии Мугулистон бо аскарони манчури иваз карда шуданд. Ширкатхои тичоратию судхурии Чин ба ивази пардохти хокимони махаллии мугулии заминхои онхоро кашида гирифта, ба майдони кишту кор ва чарогох табдил медоданд. Амалдорони чинои чорво ва заминхоро бо зури кашида мегирифтанд.

Хукмронии зиёда аз 200-солаи империяи Теин ва горатгарии мамлакатхои империалисти Мугулистонро аз чихати иктисодию сиёси аз хад зиёд заиф гардониданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …