Главная / Гуногун / Вазъи иктисодии Чин (нимаи дуюми асри XIX )

Вазъи иктисодии Чин (нимаи дуюми асри XIX )

Дар огози нимаи дуюми асри XIX дар, Чин истехсолоти мошин пайдо шудан мегирад. Вале муносибатхои истехсолии он мисли пештара феодали буданд. Ин холат ба давраи сармоядори гузаштани ин давлатро мушкил мегардонид.

kitayskom_gorode

Пайдошавни корхонахои саноатии аввалин дар Чин ба солхои 60-ум – 80-уми асри XIX рост меояд. Онхоро намояндагони табакахои болоии чомеа, ки чонибдори принсипи “худмустахкамкуни”-и Чин буданд, месохтанд. Ин ашхос чонибдори рохи гарбии тараккиёти мамлакат ба шумор мерафтанд. Дар байни онхо Тзен Го-фан, Ди Хун-чжан, Чжан Чжи-дун, Тзо Тзун-Тан ва дигарон буданд. Корхонахои аввалини саноатии Чин асосан давлати буданд. Лекин аз солхои 80-ум cap карда сохтани корхонахои хусуси низ огоз ёфтанд. Ин корхонахоро дар аввал танхо точирони калон, амалдорони баландмакоми давлати ва заминдорони бой месохтанд. Лекин баъдтар корхонахои саноатии бо сармояи якчояи давлатию хусуси сохташуда низ пайдо мешаванд.

Бештари корхонахои нав ба кор даровардашуда заводхои мошинасози, коркарди охан, фабрикахои бофандаги ва абрешим буданд. Соли 1861 Тзен Го-фан дар Антенн ва солхои 1862 – 1865 Ли Хун-чжан бо ёрии англисхо дар Сучжоу ва Шанхай заводхои калонтарини силохбарори ва киштисозиро бунёд кард. Соли 1881 дар Чини Шимоли рохи охани аввалин хам ба кор медарояд. Соли 1891 аз тарафи генерал-губернатори Ханян Чжан Чжи-дун дар музофот комбинат маъданкоркуни сохта мешавад.

Дар баробари пешрафти сохибкории миллии Чин ракобати сармояи хоричи бо сармояи ин давлат ба амал меояд. Кариб хамаи шахрхои калони мамлакат сармоядорони хоричи фаъол мекарданд. Дар солхои 70-ум барои хоричиён 26 бандари Чин кушода буданд. Хоричиён дар ин бандархо озодона ба тичорату корчаллони машгул буданд. Соли 1865 Англия банки Гонконг – Шанхайро ташкил мекунад. Ин банк дар Чин воситаи мухими тачовузи иктисолии Англия мешавад. Соли 1885 дар Шанхай аллакай 15 корхонаи саноатии хоричиён мавчуд буд. Хукумати Чин саноати чавони худиро аз ракобат бо сармояи хоричи мухофизат карда наметавонист, чунки дасту пои он тавассути созишномахои асоратовар бо давлатхои абаркудрати хоричи баста шуда буданд. Дар Чин хачми тичорати европавиён сол то сол бемайлон боло мерафт. Чин охиста-охиста ба манбаи ашёи хоми сармояи хоричи табдил меёфт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …