Главная / Маданият ва санъат / Вазъияти илму фарханг пас аз омадани Руссхо

Вазъияти илму фарханг пас аз омадани Руссхо

Хамрох кардани Осиёи Миёна ба Россия на танхо дар чодаи сиёсату иктисодиёт тагйирот ворид сохт, инчунин дар сохахои илм, таълим, фарханг ва чомеъшиноси низ чунбишхо ба вучуд омад.

Россия аз нигохи техника, саноат ва ихтироъкори нисбатан пешрафта буд, зеро дар он чо капитализм мархалахои баланди инкишофро аз сар мегузаронд. Дар чунин шароит ва бо чунин давлати нисбатан пешрафта хамрох кардани осиёи Миёна, ба хаёти илми, фарханги ва адабии тарафайн албатта, таъсири мутакобила ба назар мерасад. Зеро бе ашёи хом рушди саноат низ аз имкон хорич мебошад.

Албатта, пас аз хамрохкуни дар хаёти илми, фарханги ва адаби тагйиротхо рух додаанд. Вале ин холат ба тахсилоти мадрасави таъсир нарасонида бошад хам, умуман дар системаи маорифи мардуми асар кард. Дар баъзе шахрхои калони сернуфус мактабхои русии махалли ташкил карда шуда буд. То андозае забону адабиёти рус ва аврупои ба каламрави Осиёи Миёна (кисмати шимоли минтака) рох меёфт. Зухури чараёни маорифпарвари ва тачдиди назар ба фархангу маънавиёт, усули таълим, мактабу маориф, сохахои мухталифи афкори ичтимои, хаёти адаби хеле хуб ба мушохида мерасид.

rusho-osiyoi-miyona

Михим он аст, ки дар каламрави Осиёи Миёна матбуоти даври зухур карда ва хар хел рузномахову мачаллахо нашр мешуданд. Беш аз ин, дастгоххои китобчопкуни, нашриётхои хусуси фаъол мешуданд, ки барои рушди хаёти фарханги-адабии кишвар хеле пурфоида буданд. Бештар дар ин чараён накши мактабхои илми-фархангии Казон хеле калон аст. Бо ташаббуси хамин марказ мактабхои нави тарчумони ба миён меомаданд. Ба ин восита адабиёт ва фарханги миллии бостонии халки точик эхё мегардид, яъне аз нав чоп мешуд. Аз тарафи дигар, кутуби чопхои Россия, Кафкоз, Эрон ва гайра дар Осиёи Миёна тарчума ва нашр мешуданд.

Ба Россия хамрох кардани Осиёи Миёна як чихати дигари нисбатан пурарзиши бурунмарзи низ дошт, ки ин кишвар бо як катор кишвархои гарби равобит пайдо менамояд.

Вазъияти адабиёт дар нимаи дуюми асри XIX

Адабиёти нимаи дуюми асри XIX, хамчунон ки аз унвони мавзуъ низ пайдост, давоми мантики ва бевситаи таърихи куханбунёди адабиёти точик аст. Ин адабиёт тули чандин хазорсолахо, ки мархалахои камолот мепаймояд, аз бисёр бархурдхо, монеахо, мушкилихову нобасомонихо гузаштааст. Эчодкорони ин адабиёт дар хар давру замон хамчун мафкурабардорону мунавварфикрони халку миллати хеш чилва намудаанд. Онхо гохе дучори бисёр шикастурехтхо ва гохе ноили чумла пешравихо гардидаанд. Дар мачмуъ дар хама гуна давру замон, новобаста ба фишору таъкибхо холат ва рухияи халки худро ифода кардаанд.

Барои рушди ин адабиёт дар асрхои миёна, махсусан ду омили маркази: яке идеологияи хукмрони давр – идеологияи исломи ва дигаре сохтори сиёси-сохти феодали буд. Албатта, ин ду омил-яке омили идеологи ва дигаре иктисоди дар рушду тахаввули таърихи адабиёт накши муайян гузоштаанд.

Нуфузи идеологияи исломи голибан дар сохаи фархангу маориф басо бузург мебошад. Конунхои хукукии инсон ва чомеа дар асоси шариати исломи амал менамуд. Русуму ахлок ва низоми давлатдори низ дар хамин замина созмон дода мешуд. Бояд гуфт, ки адабиёт ойинаи таърихи хамон халкест, ки эчодкор ба он халк тааллук дорад. Ин на инъикосгари даврони муайянест, ки рузгори адиб дар он мегузарад. Аз ин нуктаи назар, адабиёт вокеият, хакикатро инъикос менамояд. Бинобар ин вобаста ба сиёсати давр ва сиёсатмадорон, яъне амирон, усули мамлакатдории онхо, дарбор ва мардум, муносибати сохибмансабон бо халк, химояи адолати ичтимои ва гайра дар хама давру замон муносибати адибон гуногун аст. Адибоне хам хастанд, ки дидаву дониста амири нолоику ноухдабароро ситоиш кардаанд ва зулму бедодхои уро дар либоси адолатхохиву мардумннавози ба калам медоданд. Баръакс, адибони дигар низ буданд, ки ба сиёсат ва чомеъа назари танкиди доштанд. Онхо дар осри худ нуксону норасоихоро гохе пардапушона ва гохе ошкоро баён мекарданд.

Дар ин давра ягона доираи адабии овозадору шукухманд доираи адабии Бухоро буд, ки бисёр конунмандии рушду тахаввули адабиётро муайян менамуд. Албатта, доирахои адабии дурдаст мисли Бадахшон, Хисор, Хатлон хам буданд, вале ба чуз Бухоро инхо чандон машхур нестанд. Албатта, Бухоро хамчун кадимтарин маркази фарханги то ба охир нуфузи худро нигох дошта тавонист. Дар нимаи дуюми асри XIX низ Бухоро яке аз машхуртарин марказхои адаби хидмати таърихии худро ба чо овард.

Маорифпарварон сараввал ба хамкасбони худ-адибони муосирашон таъсир расониданд. Ин буд, ки охангхои хакикатчуи, адолатхохи, башардусти, илмдусти, танкиди зулму золими, мазаммати истисморгарон, химояи факирон ва гайра дар ин ахд хеле баланд-баланд садо додаанд. Чунончи, Шохин дар танкиди тоифаи мардумозор мегуяд:

Аз ин кавм умеди ёри хатост,

Ки аз душман уммедвори хатост.

Аз ин фирка донишкашон даргузар,

Чу биншасти, аз хирка афти бадар.

Маро бину барзан ба ибрат духул,

Пасояндагонрост пешина пул,

Аз он ру зи гети шикоят задам.

Зи гети шикоят багоят задам.

Ки дастур бофад ба ояндагон,

Ба абнои гетист ояндагон.

Ба хамин тарик, Шохин дар газалу маснавихояш ахволи вазнини сахт, амир ва ситамгарони атрофи уро танкид менамояд:

Зи моли ятимон ситонанд боч,

Ба куттоъи тамго бубахшанд точ.

Ба золим бароти аморат диханд,

Ки номуси мардум ба горат диханд.

Шохин дар «Тухфаи дустон» таъкид менамояд, ки давлат бояд бунёди худро бар адлу адолат, аклу хиради солим, ба илму маърифат ва росткориву садокат, халкдусти гузорад. Агар чунин омилхо ба назар гирифта нашаванд, он гох чунин давлат умри дароз намебинад:

Хамин аст расми чахонхусравон,

Ки доноситоянду душманситон.

Хилофи амирони ин марзу бум,

Хуморо надонанд фарке зи бум.

Дарего, ки ин аблахон бехисанд,

Тавонгар ба зар, дар хунар муфлисанд.

Возех, ки шохиди сиёсати ду амир-Музаффар ва Абдулахад буд, мегуяд:

Рафт то хадду камоли нуксу нуксони камол,

Сохиби чахли мураккаб бошад он, к-у аълам аст.

Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд,

Филмасал гар курси хуршед аст в-ар Чоми Чам аст.

ва гайра.

Пас аз он ки Осиёи Миёна бо Россия хамрох карда мешавад, чунон ки маълум аст, дар ин каламрав дигаргунихои сиёси, иктисоди, фарханги андозае рух доданд. Хатто боиси тавлиди чараёни нави мафкурави – ичтимои гардид, ки ин чараён дар таърихи халки точик накши басо созандае бозидааст. Ин равияи маорифпарвари буд, ки дар афкори сиёсию ичтимои ва фархангию адабии Осиёи Миёна таъсири бунёди гузошт. Бунёдгузор ва таргиботчии барчастаи он нависанда, шоир, мутафаккир ва олими забардасти точик Ахмади Дониш буд. Нуфузи ин чараёни мафкурави хусусан ба адабиёт хеле зиёд буд. Аз ин ру, Ахмади Дониш аз шумори ахли калам хамакидахо-шогирдони тавоно пайдо намуд, ки хар кадом дар таърихи бархурхои мафкурави ва солимгардонии чамъият сахми арзанда гузоштаанд. Аз кабили адибони маорифпарвари точик, эчодкорон: Кори Рахматуллохи Возех, Абдулкодирхоча Савдо, Мухаммад Шамсуддин Шохин, Мухаммадсиддики Хайрат ва дигарон буданд, ки ин равияи тозазухурро чонибдори ва таргиб мекарданд.

Дар эчодиёти шоирони равияи пешкадам фош намудани нуксону норасоихои сиёсатмадорон, амирон, хокимони махалли, мансабдорону амалдорон, химояи адолати ичтимои, махкум намудани истисмору зулм, бекадрии инсон ва г. буд. Инчунин, онхо дар эчодиёти худ илму фарханг, мактабу маориф, таълиму тадрис то андозае озодии инсон ва монанди инхоро таргиб менамуданд.

Аслан маорифпарвари чараёни идеологи-мафкурави ва чунбиши фикрие буд, ки дар Аврупои Гарби тайи асрхои Х^П-ХУШ сараввал дар Англия ва баъдхо дар Франсия зухур карда буд. Дар Аврупо маорифпарвари бо зухури синфи нави буржуазия хамчун табакаи ичтимои марбут буд. Агар ин падида бо чунин шакл дар Англия зухур карда бошад, дар Франсия идеологияи маорифпарвари хамчун тахкимбахши инкилоби буржуази ба миён омад.

Дар мамлакатхои Шарк бошад ин чунбиши мафкурави ва бедории фикри алорагми бунёди пусидаи чомеаи феодали ва инчунин дифои адолати ичтимои руи кор омадааст.

Маорифпарварон мукобили зулму ноадолатихои ичтимои, иктисоди, хукуки ва гайра нафрати сузон доштанд. Ин яке аз хусусиятхои характерноки чараёни маорифпарвари ва сифати фаъолияти маорифпарварон мебошад.

Хусусияти дигари ин падидаи зехни, ки кисман ба маорифпарварони точик рост меояд, он аст, ки маорифпарварони рус дар осорашон тарзи зиндагии мардумони Аврупои Гарбиро таргиб кардаанд. Ин чанбаъ тибки идеологияи исломи дар осори адибони мо хеле чузъи, дучор меояду халос. Зеро Ахмади Дониш низ шахрсози, усули мамлакатдории Россияро дар киёс бо аморати Бухоро бехтар мехисобад. Вале дар масоили дигар: таргиби маорифу илм, озодии инсон, муносибатхои табакави, химояи адолат ва г. маорифпарварони мо низ хамфикри доранд.

Хусусияти сеюми чолиби чараёни мазкур он аст, ки онхо табакахои мехнатии ахоли, оммаи халк голибан дехкононро химоя ва чонибдори намудаанд. Инчунин, бахри бехбудии ахволи мамлакат ва оммаи мардум ва роххои халоси аз инкирозро мувофики чохонбинии хеш пешниход намудаанд.

Масалан, Ахмади Дониш дар осори адаби, фалсафи, сиёсии худ кафомондагию бесаводи, иртичопарасти, ноодили, золимпешаги ва нолоикии амирони мангитро хеле хуб фош мекунад. Дар асархои у фикрхои тагйир додани тартиботи давлатии аморати Бухоро, ислохи куллии тартиби мактабу маориф, таълими асримиёнагиро ба миён гузошта буд. Албатта, казоватхои ин мутафаккир ва часурии у ба хаёти маънавии чамъияти онрузаи Бухоро ва эчодиёти шоирони пешкадами муосири Ахмади Дониш бетаъсир намонд. Аз ин ру, эчодкорони муосири у акидахои ин мутафакирро вобаста ба чахонбинии худ таргиб намуда, чонибдори кардаанд. Яъне мавзуъхои танкиди нуксонхои чомеъа, кутахназариву нодонии зимомдорон, беадолатихову ноодилии амирон, паст будани сатхи рузгори мардум ва нигох доштани халк дар бенавоию кашшоки ва гайраро дар осори худ чой додаанд.

Пеш аз хама худи Ахмади Дониш дар асари беназири худ «Наводир-ул-вакоеъ», ба хусус дар бобхои «Фаромушхона», «Дар васоёи фарзандон ва баёни хакикати касбхову пешахо» ва гайра, ки хангоми сафархояш ба таври мукоисави ба мушохида гирифта буд, хеле барчаста тасвир кардааст. Хамфикрони Ахмади Дониш, шоирони тавоно, нависандагон Возех (дар асари худ «Савонех-ул-масоилик ва фаросих-ул- мамолик»), Шамсуддин Шохин (дар осори лирики: касида, газалхо, китьахо, маснавии «Тухфаи дустон» ва асари мансураш – «Бадоеъ-ус- саноеъ» ва дигарон таълимоти Донишро таквият додаанд.

Ахмади Дониш андешахои худро на танхо дар асархои адаби – бадеи, балки дар асархои дигари худ, ба хусус дар асари сиёсиаш – «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» аз низому конуни давлатхои фарангу (Аврупову) Русия ва киёси афзалияти онхо аз усули кишвардории Бухоро ба миён гузоштааст.

Албатта, маорифпарварии Аврупои Гарби ва Россияро бо маорифпарварии Осиёи Миёна як шуморидан зохирпарастии махз хохад буд. Маорифпарварии Осиёи Миёна дар киёс бо Россия ва Аврупо то андозае дигархелтар буд. Яьне ин чараён дар каламрави Осиёи Миёна бештар алорагми сиёсати аморат буд, ки оммаро дар хориву зори, бесаводиву чахолат нигох медошт.

Дигар ин ки маорифпарварони Осиёи Миёна гуногунтабака набуданд. Зеро табакахои дигари чамьияти онрузаи Бухороро мохияту мухтавои ин чараён хануз фаро нагирифта буд. Аз тарафи дигар, хануз дар нимаи дуюми асри XIX микдори маорифпарварон низ чандон зиёд набуданд. Барчастатарин намояндагони чараёни мазкур: Ахмади Дониш, Возех, Шохин ва чанд тан аз наздикону хамфикрони онхо мебошанд.

Ахмади Дониш ба мукобили сохтори мавчуда ва зимомдорон беибо эьтироз менамуд. Мо наметавонем хукму мухокимахои уро ормону орзу ном бидихем. Зеро у бо катьияти том ба натичахои мушаххас расида буд, ки мегуяд: «Ва ин фармонфармоён, ки холо мо «хазрати амир» ва «чаноби вазираш» мехонем, онхо монанди чорпоянд, балки аз онхо хам гумрохтаранд. Ба далели ахкоми шарьия хар соате чанд мартаба ба азли эшон зохир мегардад ва касеро инкиёди хукми эшон низ нахохад гардид». Чунин тарзи мухокимарони хоси Ахмади Дониш буда, пайравони у то ба ин поя нарасида буданд. Вале дар хар сурат, бартарии онхо дар хамин буд, ки онхо Ахмади Донишро фахмида буданд.

Афкору андеша ва акидахои Ахмади Дониш ба чараёни рушду инкишофи пешкадамони адабиёти он рузгор таьсири фаровони мусбат гузошт. Зумрае аз адибони пешкадами он замон дар тахти нуфузи хамон гояхо буданд ва аз ин нигох дар иртибот бо афкору акоиди Ахмади Дониш як навь консепсияи алохидаро химоя ва таргиб менамуданд. Ин хавза ва ин доираи мунавварфикронро метавон мактаб ё равияи чории маорифпарвари каламдод кард.

Дар афкор пешкадами сиёсиву ичтимоии нимаи дуюми асри XIX чараёни маорифпарвари барои бедории фикри милли, бахри худшиносии халку миллат ва истиклолхохи замина гардид.

Афкор ва акоиди маорифпарвари дар ин аср дар адабиёти бадеи ба воситаи жанрхои адаби баён мегардид. Мухим он аст, ки як зумра адибони тараккихоху пешкадам ба мохияти осори маорифпарварии Ахмади Дониш пурра сарфахм нарафтаанд. Аз ин чост, ки ин адибон дар осори худ акоиди Ахмади Донишро инкишоф надодаанд. Ин адибон ба монанди Музтариб, Исо-махдум, Ошик, Шаръи, Мирзо Абдулазими Соми ва дигарон мебошанд, ки онхо дар рушду инкишоф ва таргиби афкори маорифпарвари чандон сахм надоранд. Аниктараш, онхо маорифпарварии танхо асри худро як андоза хис кардаанду халос.

Хол он ки таъсири осори Ахмади Дониш дар каламрави Осиёи Миёна хеле хуб пахн гардида буд. Нуфузи акоиди Ахмади Дониш на танхо ба хаммиллатони у, балки ба халкхои дигари Осиёи Миёна низ бетаъсир намондааст. Аз чумла осори мутафаккири точик Ахмади Дониш ба эчодиёти муосирони дигари у Мухаммадхоча Мукими (1850- 1903), Зокирчон Фуркат (1858-1909), Хамза Хакимзода Ниёзи (1889-1929) ва дигарон таъсири фаровон гузоштааст.

Ин адибон низ аз осори Ахмади Дониш бахра бардошта, дар эчодиёти онхо химояи факирон, танкиди зулму золими, ноадолати, мазаммати худохиву худпарасти, берахми, авомфиреби, таргиби илму маориф, маърифату фарханг ва гайра хеле амику сахех ба мушохида мерасад.

Умуман, осори Ахмади Донишро эчодкорон Возех, Шохин, Асири, Савдо, Хайрат, Мирзо Сироч ва дигарон хеле хуб пазируфта буданд. Зеро онхо низ андешахои танкидии худро фошофош баён кардаанд. Масалан, Мирзо Сирочи Хаким дар асари худ «Тухафи ахли Бухоро» менависад: «Бубинед, ки илму сарват кори миллати Урупоро ба кучо расонида, беамаливу танбали кори мо, ахолии Осиёи Миёнаро ба чи пояи пасти кашонида. Зиндагии онон ба чи вусъат гузарон, мо мардум ба чи машаккату хори? Кахвахонахои сарибозории онон аз иморати аъёни мо хазор дарача бехтару поктар. Ай вой бар мо, вой бар мо!» ва гайра.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

modar

Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Мухаббати модар Писар, рав, кадри модар дон, ки доим Кашад ранчи писар бечора модар. Бирав, …