Главная / Гуногун / Вазъияти байналхалкии Чин (асри XIX)

Вазъияти байналхалкии Чин (асри XIX)

Фишори мамлакатхои бузурги Гарб ба Чин дар солхои 60-ум ва 70-ум низ давом меёфт. Хоричиён мехостанд, ки барои онхо хамаи дархои Чин боз бошанд, то ки молхои худро ба ин давлат, аз он чумла, ба музофотхои Сичуан, Юнъан ва Гуйчжоу озодона дароварда фурушанд. Хукумати императории Чин ба фишори хоричиён тоб наоварда, мачбур шуд, ки соли 1876 дар Чифу ба конвенсияе имзо гузорад. Он дар назар дошт, ки Чин барои хоричиён дар дарёи Янтсзи чор бандари асосии худро мекушояд.

1_imperatorskie_sadi

Содхои 70-ум фаронсавиён мавкеи худро дар чануби Ветнам, ки он Кохинхин ном гирифтааст, мустахкам намуда, баъд хукумати Ветнамро мачбур карданд, ки протекторати Фаронсаро кабул намояд. Дар солхои 80-ум бо сабаби даъвохои Фаронса ба Ветнам муносибатхои байни Фаронса ва Чин муташаннич мешаванд. Мохи августи соли 1884 эскадраи Фаронса ба гурухи киштихои Чин, ки дар Фучжоу чойгир буд, хучум намуда, 22-тои онро гарк мекунад. Бо хамин чаши Фаронсаю Чини солхои 1884- 1885 огоз ёфта, он 9 июни соли 1885 бо имзо шудани Созишномаи сулх дар Тянсзин байни Чин ва Фаронса ба охир мерасад. Мувофики он Чин протектората Фаронсаро бар Аннам эътироф мекунад. Аз рун Созишномаи тичорати точирони Фаронса хукук пайдо карданд, ки дар Юнъан озодона савдогари кунанд. Хамин тавр фаронсавихо барои ба дарунтари Чин cap даровардан дар Аннам такягох пайдо намуданд.

Аз лахзаи муносиб истифода бурда, Англия соли 1885 Бирмаро ба мустамликаи худ табдил дод. Баъди ин забткори мулкхои Англия ба сархадхои Чин хеле наздик шуданд.

Соли 1872 Чопон ба чазирахои Ликей, ки дар тобеияти якчояи Чопон ва Чин буданд, хучум кард ва соли 1879 онхоро ба даст даровард. Соли 1874 Чопон хост, ки чазираи дигари Чин- Тайванро низ забт кунад. барои хамин максад Чопон бар зидди Чин чанг кард, лекин аз натичахои он ИМА бахравар шуд. ИМА имконият пайдо кард, ки тичорати худро дар Тайван вусъат дихад. Дар солхои 90-ум ташаббуси давлатхои абаркудрат барои ба итоати худ даровардани Чин ба ихтиёри Чопон гузашт. Чанги Чопон бар зидди Чин аз вокеахои гарк шудани киштии чиноии “Гаошэн” 25 июли соли 1894 огоз ёфт Амалиётхои харби аввал дар каламрави Корея сурат гирифтанд. Дар мухорибаи Пхенян 16 сентябри соли 1894 артиши 20-хазорнафараи Чин шикаст хурда, ба тарафи дарёи Ялу акибнишини мекунал. Дар як вакт лашкари Чопон ба нимчазираи Ляодун фаромада, 6 ноябр Далянро ишгол кард. Баъд он 21 ноябр калъаи навсохти Люйшун (Порт-Артур)-ро ба даст даровард. Мохи сентябри соли 1894 Чолон флоти Чинро торумор кард.

Баъди таслим шудани Люйшун мохи ноябри соли 1894 хукумати Чин ба мамлакатхои бузург мурочиат кард, то ки онхо дар байни Чин ва Чопон миёнарав шаванд, вале ин кор натичаи дилхох надод. Биноан, хукумати Чин мачбур шуд, ки бо Чопон дар бораи сулх гуфтушунид кунад. Хамин тарик, 17 феврали соли 1895 дар Симоносеки шартномаи сулхи Чопон ва Чин ба имзо расид. Мувофики он Чин истиклолияти Кореяро эътироф намуд, чазираи Тайван ва нимчазираи Ляодунро ба Чопон гузашт карда, ба маблаги 200 млн лян товони чанг дод. Баъди эътирози Русия ва онро дастгири кардани Фаронса ва Германия Чопон аз нимчазираи Ляодун даст кашид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …