Главная / Гуногун / Вазъияти Туркистон дар арафаи револютсия

Вазъияти Туркистон дар арафаи револютсия

Тараккиёти саноатии кишвари Туркистон. Сармояи банкхо

Дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ капитализм дар Россияи подшохи ба мархалаи оли, мархалаи империалистии тараккиёти худ кадам ниход.

Капитализми навбаромади Россия ба иктисодиёти кишвари Туркистон низ асар кард. Гарчанде хукумати подшохи Осиёи Миёнаро мисли пештара хамчун манбаи ашёи хоми империяи Россия ва чои фуруши маснуоти фабрику заводхои Россия монондани буд, ба хар хол равнаку ривочи саноат, алалхусус равнаки саноати истихрочи маъдан ва коркарди ашёи хом возех ба назар мерасад. Истифодаи конхо хеле чон гирифт. Аз пештара дида хеле бештар ангишт, нефт, металлхои ранга ва муми табии (озокерит) истихроч мешуд. Ба кор даромадани корхонахои коркарди нахусти ашёи хом, хамчунин истифодаи роххои охан талаб мекард, ки самараи конхои ангишт бештар шавад. Махсусан, конхои ангишти вилоятхои Самарканду Фаргона – Сулукта, Кизилкиик, Шуроб, Андичон ва г. ахамияти калон пайдо карданд. Дар уезди Хучанд панч кони ангишт амал дошт – конхои Н.А.Овсянников ва шариконаш, Е.М.Краузе, Петрова, ворисони савдогар Иванов ва кухкор Новиков[1]. Ба андозаи такмили усулхои ангишткани ва ба конхо кашидани роххои охан микдори истехсоли ангишт хам меафзуд. Масалан, аз кони ангишт соли 1905 700 пуд, соли 1907 бошад, 1 млн.-у 220 пуд ангишт истихроч шуд[2].

Дар ибтидои асри ХIХ истихрочи саноатии нефт ривоч ёфт. Бойтарин конхои нефт – конхои САНТО ва Чимиёни водии Фаргона ва кони чазираи Чалакони бахри Каспи буд. Дар дахсолаи аввали асри ХХ аз хама бештар аз кони нефти Чалакон нефт кашида шуд. Агар соли 1901 дар ин чо 600 хаз. пуд нефт истихроч шуда бошад, пас аз дах сол микдори он ба 15 млн. пуд расид[3]. Дигар сохахои саноати истихрочи маъдан аз конхои намаку озокерит, баъзе конхои хурди истихрочаш дастии тилло ва баъзе металлхои ранга иборат буд.

Иктисодиёти кишвари Туркистон мисли пештара сирф зироатпарвари ва сохаи мухими он пахтакори ва пахтатозакуни буд. Дар байни заводхо бешак заводхои пахта аз хама бештар буда, дар чои якум меистоданд. Дар хоки генерал-губернатори дар ибтидои асри ХХ 230 корхонаи пахта кор мекарданд, ки зиёда аз нисфи онхо дар водии Фаргона вокеъ буданд. Чои дувумро саноати равган мегирифт, ки дарачаи чихозоти он нихоят паст буд. Махалли асосии ин корхонахо хам дар Фаргона чой дошт.

Аз 34 заводи шаробкаши 28-тоаш дар вилояти Самарканд буд. Ду фоизи ин навъи махсулотро корхонахои уезди Хучанд медоданд. Дар иктисодиёти Осиёи Миёна заводхои чармгари ва рудатозакуни хам макоми намоён доштанд (хамаи онхо асосан аз они ширкати немисии «Дюршмидт» буданд).

Дар мархалаи монополистии инкишофи капитализми Россия дар боби истифодаи захирахои мулкхои мустамликавии он сармояи банкхо макоми махсус пайдо кард. Даврае, ки мавриди назар аст, даврае мебошад, ки чашми калонтарин банкхои Россия ба Туркистон духта шуд. Чунон ки пас аз борони бахорон занбуругхо якбора ба руй мезананд, ана хамин хел дар шахрхои Тошканд, Самарканд, Андичон, Хуканд, Бухорои Нав (Когон) ва дигар шахрхо Банки давлати он тараф истад, шуъбаю шуъбачахои мухталифи корхонахои гуногуни молия пайдо шудан гирифтанд.

Сармояи банкхо асосан худро ба саноати пахта мезад, вале аз дигар сохахои иктисодиёти Осиёи Миёна хам ру намегардонд. Масалан, «Русский для внешней торговли банк» («Банки русии тичорати хоричи») асосан ба савдои пусти карокули часпида гирифт, «Русско-Азовский банк» («Банки Русу Азов») сохтмони рохи охани Бухороро бо пул таъмин мекард ва дар аморати Бухоро калонтарин ичорагири замин буд; «Азовско-Донской банк» («Банки Азову Дон»), ки ба он аркони саноати газвори пахтагини Петербург сохибихтиёри мекарданд, тамоми хариди пахта ва коркарди нахусти онро ба даст гирифт; дар ин кор шарик ва дар айни хол, ракиби он «Сибирский-торговый банк» («Банки тичоратии Сибир») буд; дар ин гушаи дури империяи Россия «Московский учетно-ссудный банк» («Банки хисобию бунакдихандаи Москва») хам такопуи зиёде дошт.

Дар як худи шахри Бухоро дар солхои чанги якуми чахони 8 шуъбаи банкхо (1 шуъбаи банки давлати ва 7 шуъбаи банкхои хусуси) кор мекарданд; муомилоти шаштои онхо ба хисоби миёна соли 1915 20,3 млн. сум буд[4]. Дар ин чо барои амалиёти ширкатхои корчаллони харис шароити басо мусоид мухайё гардид. Ана, баъзе аз он ширкатхои пулчаллон: ширкати тичорату саноатии мануфактураи калони Ярослав, ширкатхои Андреев, Потеляховский, Москва, ширкати тичоратии бародарон Крафт, ширкати тичоратии бародарон Вадяевхо, ширкати тичоратии бародарон Шлоссберг, ширкати сахмдории газворхои пахтагини Познанский, ширкати тичорат бо Эрон ва Осиёи Миёна ва гайраву хоказо.

хамаи ин даррандагони капиталисти, ки ба «ширкат»-у «ширкатчахо»-и аз худ хурдтар такя доштанд, дехконон, пролетархо, нимпролетархо, косибонро берахмона талаву тороч мекарданд. Халкхои мазлуми Осиёи Миёна мисли дигар халкхои бисёр нохияхои империяи Россия хам аз равнаку ривочи муносибатхои капиталисти азоб мекашиданду хам ин муносибатхо ба дарачаи кофи равнаку ривоч надоштанд[5].

Дар кишвари Туркистон истехсолоти моли ривоч меёфт. Аммо ин протсесси прогрессиви дар шароите чараён дошт, ки дар хочагии кишлок муносибатхои токапиталистии истехсолот пурра хукмфармои мекарданд ва ин боиси хамин мешуд, ки мехнаткашон беш аз пеш толону тороч мешуданд, таксимоти ахоли ба синфхо ва ба дарачоти молумулкдори сурат мегирифт.

Яке аз офатхои мудхиши иктисодиёти Туркистон судхури буд, ки ба ривочи он банкхо хеле мусоидат мекарданд. Банкхо ба ширкатхои калони пахта ва дигар хочагихо пул карз медоданд. Дар болои ин пул чангу чанчолу мочарову хархашаи зиёде мешуд. Ин пул аз дасти як олам гумоштаву вакилу миёнраву чаллобу даллол гузашта, фоизи худро зиёд мекард. Кор ба дарачае мерасид, ки агар банк ба шарти 6-6,5 фоиз фоида карз дода бошад, пул то ба дасти истехсолкунандаи бевосита, то ба дасти дехкони пахтакор расидан фоизи худро дах маротиба зиёд мекард ва то ба 50-70 фоизи фоида мерасид.

Тарозудору пахтакашхо дар хариду фуруши пахта як навъ гумоштахои банкхо буданд. Тарозудор аз савдогари серпул ё банк бунаки калон гирифта ба тарзи кутара пахтаи зиёдеро мехарид. Одатан тарозудор ин бунакро байни пахтачаллобхои хурдтар – байни пахтакашхо таксим мекард ва онхо фоидаи карзро боз зиёдтар карда, сад фиребу найранг сохта, хам аз пуду хам аз тор зада, ба сари дехкони бечора балое мешуданд.

Ахволи мехнаткашон

хочати гап нест, ки хамаи ин дасисахо ба души мехнаткашон бори гарон мегардид ва онхоро ба гуломони якумраи як олам судхурон табдил медод. Микдори карзе, ки пахтакорон аз муассисахои карздихандаву молияви гирифтаанд, равшан далолат менамояд, ки онхо чи кадар ба карз гутидаанд – дар охирхои соли 1912 ин карз ба хадди бехад бузург–кариб ба 160 млн. сум расида буд[6]. Дехкононе, ки замини худро ба гарав монда, аз судхурон карз мегирифтанд, аксар вакт карзи худро дар мухлаташ дода наметавонистанду аз замини худ махрум мешуданд. Дехконони хонабардуш ё батрак ё чоряккор ё худ коргари одди мешуданд. Дар баробари ин шумораи заминдорони калон ва бойхо меафзуд.

хукумати подшохи харчониба мадад мерасонд, ки хочагии бойхо дар равнак бошад. Масалан, хочагие, ки то 0,5 десятина замин дошт, барои хар як десятина 8 суму 64 тин андоз медод. Дар айни хол, хочагихое, ки зиёда аз 6 десятина замин доштанд, барои хар як десятина 6 суму 96 тин андоз медоданд.

Бойхо замини дехконони ноилочмондаро харида мегирифтанд. Ба хамин тарик, гайр аз заминдории калони феодали заминдории нимфеодалию бои хам маъмул шуд. Масалан, соли 1908 дар уезди Хучанд якчанд бой садхо десятина замин доштанду 1369 хочагии дехконон умуман замин надоштанд, 1000 хочаги бошад, аз 1 то 0,25 таноб замин дошт. Дар кишлоки Кистакуз (хозира вилояти Ленинобод) 70 хочагии бою муллохо 3 хаз. га замин, 18 хаз. дехконон бошанд, аз 500 га. андак зиёд замин доштанд. Дар Хучанд, Уротеппа, Нов ва Конибодом нархи як десятина замин 4-8 хазор сум буд. Дехконони хонавайронгардида мардикори мекарданд ё хизматгори дари бойхову савдогарону судхурон мешуданд.

Пахтачаллобхову судхурон аз бесаводию нодонии дехконон истифода бурда, онхоро фиреб медоданду талаву тороч мекарданд. Масалан, ба дехкон 100 сум карз медоданду ба кимати 500 сум векселро имзо кунонда мегирифтанд. Хамаи ин тачзияи синфии дехкононро суръат медод. Мустамлика будани кишвар, сохти ичтимоию иктисодии аморат, дарачаи нихоят пасти саноат боиси он мегардид, ки дехконон пролетар не, балки паупер мешуданд. Пауперизм бенихоят вусъат меёфт. Дехконон аз як порча замини худ махрум шуда, барои аз гушнаги намурдан ба корхонахои саноати рафта кор мекарданд ва хамин тавр аввалин кадрхои пролетариати махалли ба вучуд меомад. Ин коргарон дар конхои мутлако бечихози ангишту маъдану намак ва гайра мехнат мекарданду шароити кори онхо, бемуболига, аз шароити чаханнам бадтар буд.

Дар арафаи соли 1905 дар Осиёи Миёна то 32 хазор нафар коргарон буданд, ки 77 фоизи онхоро коргарони миллатхои махалли ташкил медоданд. Дар вилояти Фаргона, ки саноаташ бештар таракки ёфта буд, то 40 фоизи корхонахои тамоми кишвар вокеъ гашта, дар онхо зиёда аз 8 хазор нафар коргарон кор мекарданд, дар вилояти Самарканд 2800 нафар коргарон буданд.

Аввалин кадрхои пролетариати махалли аз чумлаи дехконони бенавогашта ташкил меёфтанд, ки онхо дар чустучуи кор ба шахр равона мешуданд. Кисми асосии пролетархои аввалини точик мардикорон, коргарони мавсими ба хисоб мерафтанд ва онхо дар конхо, корхонахои вилояти Самарканд, заводхои пахтаи Фаргона, дар сохтмони рохи охан корхои вазнини зурталабро ба чо меоварданд. Дар рубои ва таронахои гариби, ки то ба замони мо омада расидаанд, аз рузи сиёхи мардикорони точик ва гарибмазор шудани онхо сухан меравад:

Дар гариби гашта-гашта, ранги зард овардаам,

Ранги зардамро ба пеши ахли дард овардаам.

Ранги зардамро бубину аз хазонам ёд кун!

Дар сари кабрам нишину як даме фарёд кун!

Дар айни замон аз дехот барои мардикори ба шахрхо баромада рафтани ахоли «ходисаи прогрессиви мебошад. Вай ахолиро аз чойхои дурафтода, пасмонда, таърих фаромушкарда берун меорад ва ба гирдоби хаёти хозираи чамъияти мекашад»[7]. Ин хулосаи В.И.Ленин, ки нисбат ба дехконони рус баровардааст, нисбат ба дехконони точик хам комилан татбикпазир аст.

Мардикорони точик аз диёри худ баромада, ба коргарони рус вомехурданд ва бо хамрохии онон тамоми азобу азияти истисмори капиталис­тиро аз сар мегузаронданд. Робита бо пролетариати рус дар чараёни ташаккули пролетариати точик роли калони револютсиони бозида буд.

Дар байни аввалин пролетархои точик баъзан ба мукобили золимон исёнхои номуташаккил сар мезаданд. Исёне, ки соли 1885 дар конхои ангишти Завронкиштут ба амал омада буд, ба ин мисол шуда метавонад. Коргарон назоратчиёнро дошта зада, тачхизотро вайрон карданд ва устои кону назоратчиёнро гирифта, ба Панчакент равона шуданд, ки барои муомилаи берахмона ба хукуматдорон шикоят кунанд. Дар исён 80 кас иштирок карда буд. Дар Панчакент се нафар аз исёнгаронро хабс мекунанд, шикоят беокибат мемонад, ошуби коргарон фуру нишонда мешавад.

Дар бораи дигар ошубхои коргарони кироя, ки алалхусус дар ибтидои асри ХХ тез-тез ба вукуъ меомаданд, маълумоти нокис боки мондааст. Ин ошубу шуришхои мехнаткашон алалхусус дар ибтидои асри ХХ нихоят вусъат ёфтанд, вале дар он давра онхо рохбарияти пролетари надоштанд ва дошта хам наметавонистанд. Бинобар ин, газаби халк танхо дар шакли шуру ошубхои чудогонаву стихияви зохир мегардид. Хамаи ин шуру ошубхоро хукумати подшохи ва хукуматдорони махаллии Туркистон берахмона пахш мекарданд.

[1] ЦГА Тадж. ССР, ф. 1, оп. 1., д. 1926, л. 9.

[2] Муфассалтар ниг.; Бобохонов М., 1975, с. 94–95.

[3] Гулишамбаров С.И., 1913, с. 73.

[4] Рябинский А., 1941, с. 4.

[5] Дар ин бора муфассалтар ниг.: Аминов А.М., 1959.

[6] Демидов А. П., 1926, с. 125.

[7] Ленин В. И., Асархо, ч. 3, с. 596.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …